Arzon march 2024
Асп ва барги дарахт дар хоб одамро сарватманд мекунад!
11457

Куршапарак
Куршапарак дар хоб таҷассумгари зани ҷодугар аст.

Лиму
Лиму дар хоб таҷассумгари фарди боимон ва қуръонхон аст, ҳамзамон агар лиму зард бошад, нишонаи беморӣ аст. Лимуи сабз дар хоб аз лимуи зард беҳтар аст. Аксаран лиму дар хоб ба маънои сарзаниш меояд. Дарахти лиму дар хоб нафаре аст, ки ба одамон некӣ мекунад. Ҳамзамон лиму башоратдиҳандаи ҳодисаҳои ҳузноваре аст, ки зиндагии инсонро талх месозад.

Рубоҳ
Рубоҳ дар хоб душмани ҳиллагару макоре аст ва хилофи нафаре амал мекунад, ки ҳамроҳаш ҳамкорӣ дорад. Овози рубоҳ дар хоб нишонаи макру ҳилла аз ҷониби нафари фиребгар ё қаллоб аст. Нафаре, ки дар хобаш рубоҳро ба даст мегирад, дар баҳс ғолиб меояд. Шахсе дар хобаш рубоҳро сила намояд, ӯро ҷин метарсонад. Бо рубоҳ бозӣ кардан ба муҳаббати зебову тарафайн расидан аст.

Барги дарахт
Барги дарахт дар хоб либос аст. Боз мегӯянд, ки дар хоб дидани баргҳои сабз нишонаи хушнудӣ асту баргҳои зард рамзи бадбахтиву қашоқӣ.

Табларза
Дар хоб худро дар ҳоли табларза дидан, аз қарз халос шудан аст, зеро дар ҳадис гуфта мешавад, ки табларза гуноҳҳои инсонро пок месозад. Баъзан табларза дар хоб ба маънои амалӣ гаштани қавлу ваъда аст. Баъзе олимони таъбиргари хоб бар онанд, ки табларза дар хоб ягон нишонаи нек надошта, рамзи марг аст. Боз мегӯянд, ки агар нафаре дар хобаш табларзаи сахтро эҳсос намояд, барои гуноҳ содир накардан истодагарӣ мекунад.

Чеҳра
Дар хоб чеҳраи худро зебо дидан нишонаи зиндагии осоишта, муждаи нек ва хурсандӣ аст. Марде, ки чеҳраи худро сиёҳ хоб мебинад, агар занаш ҳомила бошад, духтар ба дунё меорад. Нафаре, ки дар хоб рухсораҳои худро овезон мебинад, аз одамон садақа мепурсад ва танҳо бо гадоӣ рӯз ба сар мебарад. Чеҳраи худро кабудгашта хоб дидан маънои онро дорад, ки ин нафар ҷинояткор аст. Сиёҳшавии рӯй ҳамчунин ба он ишора мекунад, ки ин шахс дуруғгӯ аст ё ба дин навовариҳоеро илова мекунад, ки хилофи суннатҳои пайғамбар аст. Ранги зарди рӯй дар хоб ба ошиқшавӣ ё беморӣ ишора мекунад. Чеҳраи шукуфону сафед дар хоб нишонаи ҳолати хуби инсон аст. Чеҳраи сафед дар хоб нишонаи ростқавлӣ, ҳақгӯӣ ва имони мустаҳкам аст. Чеҳраи сиёҳгаштаву пур аз чанг нишонаи марги инсон аст. Агар нафаре худро ҷасур меҳисобида бошаду дар хоб чеҳрааш сиёҳ гардад, дар зиндагӣ тарсу будани худро нишон медиҳад. Чеҳраи сурх дар хоб шодиву нишот ва тасаллият аст.

Пешонӣ
Пешонӣ дар хоб аз мавқеи баланди инсон дар ҷамъият ва иҷро гаштани амру фармонҳои ӯро далолат медиҳад. Дар пешонӣ ягон камбудӣ хоб дидан, аз ҷумлаи шикасти устухон ё чизи дигар нишонаи кам шудани нуфузи эъттибори инсон аст. Нафаре, ки дар хоб пешонии худро аз оҳан, мисс ё санг хоб мебинад, нафрати одамонро пайдо месозад. Пешонии зебову ҳамвори шахси муҷаррад аз издивоҷ бо духтари зебо шаҳодат медиҳад.

Дурӯғ
Дурӯғ дар хоб нишонаи бебарорӣ ва бадахлоқӣ аст.

Шикастан
Чизеро дар хоб шикастан нишонаи ташвишу нохушиҳо аст.

Гули нилуфар
Нафаре, ки гули нилуфарро хоб мебинад, мавқеяш баланд гашта, тақводору донишманд мегардад. Нилуфар дар хоб нишонаи ба орзуву мақсадҳои худ расидан аст.

Асп
Шахсе, ки дар хобаш думи аспро дароз хоб мебинад, пайравону шогирдони зиёде пайдо мекунад. Рафту думи асп дар хоб кутоҳ бошад, пас пайравони ин нафар камтар мешаванд. Нафаре, ки дар хобаш дар асп нишаста намоз мехонад, агар асп қанот дошта бошад, ин маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дар ин дунёву он дунё шаъну эътибор ба даст меорад. Агар нафаре дар хоб асп харидорӣ намояд, некӣ ба даст оварда, миёни душманонаш ғолиб мегардад. Рафту дар хоб ба асп нишинад, ба бузургиву азамат ва боигариву давлат мерасад. Дар хоб дидани он ки галлаи аспон ба деҳа ё шаҳр ворид мегарданд, маънои онро дорад, ки ба ин шаҳр борони баҳорӣ меборад. Агар тамоми аспҳо дар хоб зин дошта бошанд, пас ин мавзеъ ба шодиҳои зиёд ноил мегардад.

Шиҳакашии асп
Шунидани шиҳакашии асп дар хоб рамзи обрӯву эътибор ва намунаи шахси олиҳиммат аст. Дар хоб бо садои асп суханеро шунидан маънои ҳақиқат доштани он гуфтаҳоро дорад, зеро ҳайвонот ҳеҷ гоҳ фиреб намекунанд. Байтали ало дар хоб нишонаи бо зани зебову сарватманд шинос шуданро дорад. Аспи бур ё сиёҳ дар хоб рамзи шиносоӣ бо зани хеле мазҳабӣ ва порсо аст. Аспи сафед дар хоб нишонаи хушнудӣ ва нерӯи ҳаётӣ аст. Агар дар хоб аспи ношиносе ба замин ё манзили шумо ворид гардад, омадани аҷнабиро интизор шавед.

Байтали дар чангу хок ғелзадаро хоб дидан нишонаи боигарӣ ва барор аст. Мардеро, ки дар хобаш асп мегазад, занаш хиёнат мекунад.

Марги асп дар хоб нишонаи марги завҷа аст. Ба аспи саворӣ дар хоб нишастан нишонаи ба роҳи дур баромадан аст. Дар аспи бе зин нишастан дар хоб ба гуноҳи азим даст задан аст. Бо асп дар хоб паридан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба ҷои беҳтари зист мекӯчад. Агар марде дар хобаш аспи гурехтаистодаро қапида натавонад, занкалон мешавад.

Кӯлмак
Кӯлмак дар хоб нишонаи он аст, ки шахси чунин хобдида дар бедорӣ дучори туҳмату дурӯягӣ мешавад.

Пиёз
Нафаре, ки пиёз хоб мебинаду онро истеъмол намекунад, нишонаи не каст, агар пиёзро истеъмол кунад, хуб нест. Тоза кардани пиёз маънои онро дорад, ки нафаре ба шумо хушомад мезанад.

Камон-ғӯлак
Хоб дидани камонғӯлак бо тори камон нишонаи бузургиву иқтидор аст. Агар мард дар хоб камонғӯлакро дар даруни тирдон хоб бинад, занаш писар ба дунё меорад. Нафаре, ки дар хобаш камонғӯлакро шикаста мебинад, рӯзе шуҳрату бузургияш ба сари ӯ бадбахтӣ ва имтиҳони сахт меоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД