Arzon march 2024
Насиҳати падар ва шарти шавҳар Розҳои ниҳони Хосияти Зарафшонӣ  
2211

 

Хосияти Зарафшонӣ яке аз чеҳраҳои шинохта ва тобноки санъати тоҷик мебошад. Ин бону бо овози марғуладор ва ҷаззоби худ солиёни зиёдест, ки рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад ва дар қалби мухлисон ҷой гирифтааст.

Хосиятбону дар баробари сурудҳои марғуб шогирдони зиёдеро ҳам тарбия карда ба камол расонидаанд, ки имрӯз обрӯи санъати тоҷикро баланд мебардоранд. Чандест, ки Хосиятбону дар чорабиниҳо ширкат намеварзад, дар телевизион низ бисёр камнамо аст. Бо дархости мухлисон эшонро ба мусоҳиба даъват кардем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем...

Тӯйҳои “флешкартагӣ”

-Муаллима, мехоҳам суҳбатамонро аз суоли хонандагон оғоз кунем. Ба чӣ корҳо машғулед?

-Банда, айни замон роҳбари ансамбли занони рубобнавоз – “Чаман” дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳастам. Чун, дар ин ансамбл роҳбари навам, бештари вақтам бо корҳои ташкилӣ ва эҷодии ансамбл мегузарад. Мо ният дорем, ки соли равон дар арафаи Рӯзи Модар барномаи консертӣ таҳия намоем. Аз лиҳози кадрӣ ансамбл ҳанӯз қаноатбахш нест, аммо мо кӯшиш дорем, ки барои тамошобинон барномаи мукаммале таҳия кунем. Корҳои эҷодии худамро низ идома дода истодаам. Чанд рӯз пеш аз Ӯзбекистон баргаштам.

-Дар Ӯзбекистон консерт доштед?

-Не, ӯзбекистониҳо моро ба тӯй даъват карда буданд. Ростӣ, ман фикр мекардам, ки онҳо моро кайҳо фаромӯш карданд, аммо баъди боз шудани роҳҳо маълум шуд, ки моро дар ёд доранд. Аллакай чандин маротиба маро ба маъракаҳояшон даъват карданд. Шукр, мухлисони ман ҳанӯз ҳам дар Ӯзбекистон зиёданд.

-Яъне, шумо тӯйгардӣ ҳам мекунед?

-Тӯй василаи асосии рӯзгузаронии санъаткор аст. Ба ман тӯй илҳом мебахшад. Ман мисли баъзе «санъаткорон» ба тӯй хунукназарона муносибат намекунам. Як мисол меорам. Ба қарибӣ дар шаҳри Хуҷанд будем. Соҳиби маърака хоҳиш кард, ки як-ду суруд хонам. Чун ба минбар рафтам, сарояндаи тӯй, ки яке аз ситораҳои шинохта аст, пурсид: «Муаллима, флешкартаатон ку?». Пурсидам, ки флешкарта барои чӣ? «Барои фонограмма» гуфт ҳайрон шуда. Гуфтам, ки ман ин хел чиз надорам, зинда месароям ва ба навозандаи синтезатор ишора кардам, ки фалон нотаро гирад, вале «ин синтезатор кор намекунад» гуфтанд. Ин «ситора»-и асри нав бо синтезатори вайрон, бо як флешкарта ба тӯй рафтааст. Ин мисоли ягона нест. Бо ҳамин сабаб сатҳи маърифати мардум, сатҳи дарки мусиқӣ ва санъати асил рӯз то рӯз коста шуда истодааст.

-Баъд чӣ кор кардед бо синтезатори вайрона?

-Фармудам, аз меҳмонхона, ки дар наздикии тӯйхона буд, навозанда ва асбобҳои моро оранд. Вақте бо овози зинда сароиданро сар кардем, мардум ба шавқу шӯр омада, бедор шуданд.  

Насиҳати падар

-Барои зан дар саҳна роҳи худро пайдо кардан душвор аст, бахусус дар ҷомеаи мо. Ин ба шумо чӣ тавр муяссар шуд?

-Ман ҳанӯз аз кӯдакӣ дар дил нияти муаллима шуданро мепарваридам, аммо ҳамчун ҳаваскор дар кружоку чорабиниҳо баромад мекардам. Ҳамин тавр, саҳна, қарсаки тамошобин маро «бемор» кард ва дар пеши худ мақсад гузоштам, ки санъаткор мешавам. Дар солҳои охири таҳсил хешу табор монеъ шуданд ва ҳатто падарам ҳам ба гапи онҳо рафта, маро аз роҳам гардониданӣ шуданд. Ман ду поямро дар як мӯза монда, дар охир розигии падарамро гирифтам. Он кас гуфтанд: «Майлаш, мебарам, аммо кӯшиш кун, ки аз пушти ту ягон ҳарфи зишт нашунавам. Сари маро хам накун» ва ҳамин насиҳати эшон то ҳол дар гӯши ман садо медиҳад.

Шарти шавҳар

-То ҷое медонам, дар зиндагӣ барои шумо лаҳзае пеш омад, ки бояд интихоб мекардед: санъат ё шавҳар…

-Бале, ман санъатро интихоб карда, аз баҳри шавҳар баромадам. Вақте ман донишкадаро хатм мекардам, онҳо ба хостгорӣ омада, мегӯянд, ки «Хосият тарки саҳна кунад, мо ӯро келин мекунем». Ман рад кардам, вале шавҳаршавандаам ба падару модараш мегӯяд, ки «ё Хосият ё ҳеҷ кас». Дар ин миён падарам аз дунё гузаштанд. Онҳо одам фиристоданд, ки мо ба Хосият иҷозат медиҳем, ки овозхонӣ кунад, фақат ба тӯй розӣ шавад. Ба қавлашон бовар карда, розӣ шудам ва мо зиндагиро оғоз кардем. Як муддат аз тӯямон гузашту хусурам маро ҷеғ зада, гуфт, ки дигар ба саҳна набароям. Ман арз кардам, ки ваъдаи шумо дигар буд, аммо ӯ пофишорӣ мекард, ки аз раъям гардам. Ман гуфтам: «Ман гапи падарамро ба замин гузошта, санъатро интихоб кардам, бинобар ин, гапи касеро гӯш намекунам ва саҳнаро тарк нахоҳам кард.» Ҳамин тавр, як сол ҳам зиндагӣ накарда, аз шавҳарам ҷудо шудам.

-Аз ин пайванд фарзанддор шудед?

-Бале, аммо кӯдак 17-рӯза шуда, аз дунё гузашт. Дар даврони ҳомиладорӣ ман ҳамеша асабӣ ва зери тазйиқ будам, ин ба кӯдак таъсир расонида будааст. Худо касеро бенасиб намемонад. Шукр, ки баъди чанд сол шавҳари ҳозираамро вохӯрдам. Хушбахтона, ин кас, хатмкардаи Донишкадаи тиббӣ, марди фарҳангӣ ва адабиёту санъатдӯст буда, ҳамеша маро дастгирӣ карданду мекунанд. Шукри Худо соҳиби фарзанду набера ҳам шудем… На ҳама шавҳар зани санъаткорро таҳаммул карда метавонад. Чанд рӯз пеш, қабл аз консерт як солистам омада гуфт, ки ман ба саҳна намебароям, зеро шавҳарам намегузорад. Ман гуфтам, ки агар ба саҳна набароӣ, мо туро кор кардан намегузорем, ту бояд ба як хулоса биёӣ. Душвор аст, миёни саҳна ва шавҳаре, ки туро дарк намекунад, тақсим шудан…

Фарзанди рэпсаро

-Фарзандонатон аз пайи модар рафтанд?

-Ман се фарзанд дорам, як духтару ду писар. Писари калониам Манучеҳрҷон аз аввал ба санъат шавқ дошт. Дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекард, баъд аз синфи панҷум ба литсейи тоҷикӣ-туркӣ дохил шуд. Ҳамроҳи ман чанд маротиба ба тӯйҳо ҳам рафта буд. Он замон хеле корамон душвор буд, ҳар рӯз барномаи консертӣ ё тӯй доштем. Ба ноҳияҳо рафта, тӯйҳоро гузаронида, шабона ба Душанбе бармегаштем ва хоб нарафта, субҳ дар ҷойи корамон ҳозир мешудем, ки гап нашунавем. Манучеҳр вақте литсейро хатм кард, ман хостам, ки ба Консерваторияи миллӣ дохил шавад ва дар паҳлуи ман бошад, аммо рад кард. «Оча, нони санъатро хӯрдан душвор аст. Ман азобҳои шуморо дида, аз раъям гаштам, архитектор мешавам»,-гуфт. Розӣ шудам, аммо вай шарт гузошт, ки барои таҳсил ба Олмон меравад. Ман зид баромада, базӯр писарамро розӣ кунонидам, ки ба Академияи муҳандисии Маскав дохил шавад. Академияро хеле хуб хатм кард ва имрӯз дар Маскав архитектор шуда кор мекунад. Соҳиби оила ва фарзанд аст. Духтарам ҳам мактаби мусиқӣ ва литсейи президентиро хатм карда, ба Донишгоҳи славянӣ дохил шуд. Вай барои таҳсил дар магистратура ба Ҳиндустон рафта, бахташро он ҷо ёфт. Имрӯз ман домоди ҳинду дорам. Писари хурдиам дар ибтидо рэпер шуд, чанд суруд ҳам сабт кард, аммо ман садди роҳаш шудам. Ҳозир дар Донишгоҳи техникӣ дар шуъбаи дизайнерӣ-рассомӣ таҳсил мекунад.



Дирӯз шунидам, ки Ғизол арӯсӣ як миллионери тоҷик будааст ва ба қарибӣ шавҳари тоҷик карда, барои ҳамеша ба Тоҷикистон мекӯчад. Донистан мехоҳам, ки кадоме аз ин овозаҳо асос доранд?

 


 

-Чаро шумо зидди рэп ҳастед?

-Рэп санъати мо нест.

-Имрӯзҳо даҳҳо санъаткорони синну соли гуногун худро шогирди шумо медонанд. Каме мулоҳиза кунем, мебинем, ки мактаби эҷодии Хосияти Зарафшонӣ ба вуҷуд омадааст. Муносибати шогирдонатон бо шумо чӣ гуна аст?

-Ман шукр мекунам, ки имрӯз ба ғайр аз шогирдони бевоситаи худам, бисёр нафароне, ки ҳатто намешиносамашон, ба ман устод гуфта муроҷиат мекунанд, ҳурмат менамоянд. Ман худам шогирди устод Ҷӯрабек Муродов ҳастам ва бо ин ифтихор мекунам, ки анъанаи устоду шогирдӣ идома ёфта истодааст.

-Чанд сол қабл дар як консертатон ҷавонеро муаррифӣ карда будед, ки архиви шуморо ташкил кардааст. Ин ҷавон кист?

-Он ҷавон аз Хуҷанд, номаш Ҳусейнҷон аст. Вай аз хурдӣ мухлиси ман будааст ва ба ман тақлид карда, месарояд. Овози хуб ҳам дорад. Қариб тамоми сабтҳо ва афишаҳои консертҳои маро ҷамъоварӣ кардааст. Мақолаҳои беҳисоби нашрияҳоро, ки дар бораи ман нашр шудаанд, дар даст дорад, аммо ман дар бораи ӯ чизе намедонистам. Соли 2010 дар як маърака модараш ба наздам омада, дар бораи ӯ ба ман хабар дод. Мо баъдан шинос шудем ва соли 2011 бори аввал ӯро дидам. Вай ба консерти 50-солагии ман бо армуғон омада буд: Дар қолин акси маро дӯхта, дар зераш навишта буд: “Хосияти хуҷандӣ”. То имрӯз ӯ яке аз дӯстони ман аст. Он чизҳое, ки дар ман нест, ӯ дорад.

Тракторчӣ

- Ҳоло ҳам мошин меронед?

-Бале. Ман аз кӯдакӣ ба мошин шавқу ҳаваси зиёде доштам. Дар даврони мактабхонӣ трактор мерондам ва ҳатто шаҳодатномаи тракторчигӣ дорам. Соли 1983 ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтам ва аз ҳамон сол мошин дорам.

-Мухлисонатон дар ояндаи наздик аз шумо чӣ дастовез интизор шаванд?

-Худо хоҳад, моҳи март ҳамроҳи ансамбли «Чаман» бахшида ба Рӯзи Модар як консерт пешниҳод мекунем. Ва баъдан ба сафари ҳунарӣ ба вилояти Суғд мебароем.  Боқӣ ба иродаи тақдир ва тақдирнавис…

Мусоҳиб ОДИЛ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД