Sebiston new 2024 october
Ғизол шавҳари тоҷик мекунад? (ВИДЕО)
5815

 

Ғизол Иноят –ин ном имрӯз дар арсаи ҷаҳон машҳур гаштааст. Ғизолро ҳамагон ҳамчун афғондухтари муқими Канада мешиносанд. Ғизол пас аз сурудани дуэти “Ҷони ман” дар ҳамовозӣ бо ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин дар Тоҷикистон шуҳрати зиёде пайдо карда, азизи дили хурду калон гашт. Ҳар боре, ки Ғизол ба Тоҷикистон омада консерт медиҳад, ману шавҳарам ҳатман чиптаи консерти ӯро харида, ба тамошо меравем. Қомати зебои Ғизол, садои дилнишин ва оҳангҳои ҷазобаш дили шунавандаро тасхир менамояд. Соли гузашта шунида будам, ки ин афғондухтари мисли фаришта зебо ва сухандону ҳунарманд ба продюсераш ба шавҳар баромада, соҳиби як писар гаштааст, вале баъд гапашон гурехта ҷудо шудаанд. Дирӯз шунидам, ки Ғизол арӯсӣ як миллионери тоҷик будааст ва ба қарибӣ шавҳари тоҷик карда, барои ҳамеша ба Тоҷикистон мекӯчад. Донистан мехоҳам, ки кадоме аз ин овозаҳо асос доранд?

Малика, мухлиси Ғизол

Посух

Азбаски Ғизол имрӯзҳо дар Канада умр ба сар мебарад, мо ба сомонаи шахсии ӯ ворид шуда, дар бораи зиндагии шахсиаш маълумот ҷустем. Ғизол Ҳидоят дар баробари сарояндагӣ ҳамчунин ровӣ ва гӯяндаи барномаи машҳури “ Як ба як дар мубориза”-и телевизиони Маҳшад мебошад, ки филиали ТВ-Маҳшади Афғонистон дар Канада аст. Дар бораи зиндагии шахсии Ғизол дар сомона ягон маълумоти дақиқ пайдо карда натавонистем, аммо байни ӯ ва Садриддини Наҷмиддин ба ҷуз дӯстиву ҳамкорӣ, дигар чизе нест. Ғизол аз зумраи он ҳунармандонест, ки бидуни савту наво як лаҳза ором нишаста наметавонад. Дар яке аз мусоҳибаҳояш ин зебосанам қайд кардааст, ки даҳ суруди тозаэҷоди худро дар зеботарин кишвари дунё- Тоҷикистон наворбардорӣ намудааст.


Улуғбек Раҳматуллоев чаро аз зиндагии шахсияш ҳарф назад? Магар ӯ аз ҳамсараш ҷудо шудааст?  Байни ӯ ва сарояндаи машҳури ватанаш Шаҳзода чӣ робита аст?


 

Ғизол сарояндаи машҳури компанияи Қиёминтертеймен ба ҳисоб рафта, бо Садриддин Наҷмиддин, Андӣ Мададиён, Муин ва Гугушу Мансур ҳамкории зич дорад. Ин зебосанам санъати Афғонистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардорад. Овозаи арӯси як миллионери тоҷик будан ва шавҳари тоҷик кардани Ғизол Ҳидоят асос надорад.

alt
 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД