Даричаи ошноӣ
Ному насаб: Улуғбек Раҳматуллоев.
Санаи таваллуд: 29-уми январи 1982.
Мучал: Далв.
Макони таваллуд: Тошканд, Ӯзбекистон.
Касб: Сароянда ва актёр.
Вазъи оилавӣ: Оиладор, падари ду фарзанд.
Ситораи хурдакак
Улуғбек Раҳматуллоев сарояндаи машҳури эстрадаи ӯзбек ва Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон бо шарофати сурдҳои “Яблоко любви” , “Дона-дона”, “Скучаю”, “Душа больна” на танҳо дар ватанаш, балки берун аз марзҳои он низ кайҳо шинохта гаштааст. Ин ҷавони ҳунарманд дар қисмати таърихии шаҳри Тошканд, дар оилаи одамони бофарҳанг ба дунё омадааст. Улуғбек фарзанди сеюми хонаводаашон буда, ду бародар ва ду хоҳар дорад. Шавқу ҳавас ба мусиқӣ дар дили ин ҷавон аз овони кӯдакӣ пайдо шуда буд. Ҳанӯз замони дар боғчаи бачагона буданаш Улуғбеки хурдакак гули сари сабади маҳфилҳо буд. Вай дар тамоми ҷашну маросимҳои боғча сурудхонӣ мекард ва ҳатто аз ҳамгурӯҳони хурдакакаш як дастаи мусқӣ ташкил карда буд, аммо...
Авбоши гузаро
Овони мактабхонӣ ин бачаи рагу пайвандаш аз гили ҳунар сиришташуда якбора ба авбоши таппа тайёр табдил ёфт. Вай бо шӯхӣ ва якравиаш ҷони муаллимонро чунон ба лабашон меовард, ки доду фиғонашон ба фалак мепечид. Рӯзе набуд, ки директор ва муаллимон падару модари Улуғбекро ба мактаб даъват карда, аз рафтори авбошонаи писарашон шиква накунанд. Волидони бечорааш маҷбур шуданд, ки дар тӯли 10 соли таҳсил чанд мактабро иваз намоянд, вале таълимгоҳ натавонист ин бачаи шуху қайсарро ба риштаи одамгарӣ дарорад. Улуғбек ба ғайр аз дарсҳои мусиқӣ дигар дар ягон дарс иштирок намекард. Кораш мудом дарсгурезӣ ва дискотека ба дискотека гаштан буду халос. Падару модараш аз он дар ҳарос буданд, ки писарашон бо чунин рафтораш онҳоро билохира дар назди дӯсту душман шарманда карда, наркоман ё дузду роҳзан мешавад, вале...
Вохӯрии тақдирсоз
Муаллимон танҳо ба хотири аз ин балои ҷон халос шудан ба Улуғбек баҳо гузошта, ӯро аз синф ба синф мегузаронданд, то ки зудтар пою қадамашро аз мактаб рӯфта, халос шаванд. Ҳамин тавр, вай мактабро хатм намуда ба бахши шарқшиносии яке аз донишгоҳҳои номдори Тошкент ҳуҷҷат супурд. Маҳз дар ҳамин даргоҳи хирад вохӯрии тақдирсози ин ҷавони ҳунарманд бо композитор Фаррух Бадалбоев ба вуқӯъ омад. Фаррух аз нигоҳи аввал дар симои Улуғбек ситораи ояндаро дида, то метавонист ба ӯ ёрӣ расонд. Ин композитори ботаҷриба ӯро солҳои зиёд устодӣ кард. Улуғбек маҳз бо кӯмаки устодаш Фаррух Бадалов соли 2002 суруди аввалинашро бо номи “Bu aiam” дар студияи професионалии “Tarona Rekords” сабт намуд....
Зина ба зина
Дере нагузашта ин ҷавони ташнаи ҳунар суруди “ Ёрим” ро, ки устодаш маҳз барои вай навишта буд, сабт намуд ва маҳз ҳамин суруд Улуғбекро дар сар то сари Ӯзбекистон шинохтаву маҳбуб гардонд. Бо шарофати устод ва роҳнамои ҳирфаӣ ин сарояндаи навкор дар як муддати хеле кӯтоҳ ба як ҳунарманди муваффақ мубаддал гашт...
Беҳтар аз бародар
Соли 2002 дар қасри “Алпомиш” тақдир Улуғбекро бо шахсияти дигари барҷастаи олами санъати ӯзбек, сарояндаи машҳур Санҷар Раҳимов рӯ ба рӯ кард. Санҷар ва Улуғбекро аз ҳамон лаҳза то ба имрӯз риштаи дӯстӣ дошта, мисли ду бародар бо ҳам муносибат мекунанд ва ҳатто аз акаю додар низ меҳрубонтар ҳастанд. Санҷар дӯсти ҷавонашро бо сармуҳаррири радиостансияи машҳури Zamin FM Ойбек Алиев шинос кард ва тавассути ин шиносоӣ Улуғбек тавонист бо студияи сабти овози “Panterra” шартнома бандад. Соли 2006 бо кӯмаки ҳамин студия аввалин албоми Улуғбек зери унвони “Не люби” манзури тамошобин ва шунавандагони сершумор гашт, ки аз 14 суруд иборат буд...
Ситораи синамо
Ҳамзамон сарояндаи ҷавон маҳорати актёрии хешро низ санҷиданӣ шуда, дар кинофилмҳои “Nahotki sen” ва “Voy bod sumanak” нақш офарид. Мардум ба ҳунари актёри ин овозхони шинохта низ баҳои баланд доданд. Зиёд будани шумораи мухлисонаш боиси он гашт, ки ҳатто киностудияҳои давлатӣ Улуғбекро ба ҳамкорӣ даъват намоянд. Ҳамин тавр, ин ҷавони сар то по ҳунар дар филмҳои машҳури “ Тоҳир ва Зуҳро 2”, мелодрамаи ”Ақл ва қалб» нақшҳои бисёр ҷолиб бозида, ҳамзамон дар филми машҳури аниматсионии “Мадагаскар 2” ба яке аз қаҳрамонҳои асосӣ-шер овоз дод ва шумораи ҳаводоронаш ба маротиб афзуда, ба чандин миллион расид. Имрӯз Улуғбек Раҳматуллоевро ҳамчун ҳунарпешаи муваффақ на танҳо дар паҳнои Ӯзбекистон, балки дар сар то сари ҷаҳон мухлисони синамо хеле хуб мешносанд ва дӯст медоранд. Вай дар тамоми фестивалҳои байналмиллалии кино ба ҳайси актёр ва сарояндаи машҳур ширкат варзида, бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ суруд мехонад...
Ғулғулаи шуҳрат
Соли 2007 Улуғбек Раҳматуллоев ҳамроҳии дӯсташ Санҷар Раҳимов дар толори бузурги консертии “Халқлар дустлигӣ” бо барномаи муштарак зери унвони “ Yaginarimga” баромад карда, шуҳрату муваффақияти беандозаро соҳиб гаштанд. Пас аз ин Улуғбек ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони эстрадаи ӯзбек дохил шуд. Моҳи августи ҳамон сол вай соҳиби ҷоизаи бонуфузи давлатии “Nihol” гашт. Пеш аз ин сол бошад, ҳунарманди ҷавону боистеъдодро бо ҷоизаи “ M&TVA 2007” қадрдонӣ намуданд. Ногуфта намонад, ки клипи “I Lоvе you” ба Улуғбек дертар бори дувум ин ҷоизаро овард.
Ин сарояндаи муваффақ соли 2008 албоми дуюмашро бо унвони “Ты ушла” ва соли 2010 албоми сеюми таронаҳояшро бо номи “Бабочка” манзури мухлисони таронаҳои эстрадӣ гардонд, ки аз 23 суруд иборат буд. Суруди “Она” аз албоми мазкур тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар Ютуб 2,2 миллион бинанда пайдо кунад, ки чунин муваффақиятро на ҳар ҳунарманд орзу карда метавонад...
Марди серхаридоре, ки оилаи мустаҳкам дорад
Чун ҳар марди асили шарқӣ Улуғбек дар бораи ҳаёти шахсиаш бисёр ҳарф заданро дӯст намедорад. Табиист, ки бо чунин шуҳрату маҳбубият ин ҷавони ҳунарманд талабгорони зиёде дорад. Ҳазорон-ҳазор арӯс дар ҳасрати дидор ва орзуи васли Улуғбек ҳастанд, вале танҳо ба як хонуми зебою вафодор муяссар гашт, ки дили ин ҷавонмарди машҳурро ба даст оварад. 24-майи соли 2010 Улуғбек бо ӯзбекдухтари нозанине оила бунёд намуд, аммо то имрӯз ному насаби ҳамсарашро пинҳон медорад. Онҳо аллакай соҳиби 2 фарзанди дӯстрӯяк гашта бошанд ҳам, то кунун Улуғбек Раҳматуллоев дар суҳбатҳояш оиди ҳамсараш маълумот додан намехоҳад. Танҳо аз аксҳои оилавие, ки ин сарояндаи машҳур дар саҳифаи инстаграмаш мегузорад, хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҷуфти зебо бо дӯстрӯякони хеш бениҳоят хушбахт буда, зиндагии пурнишоти саршор аз меҳру вафоро ба сар мебаранд...
Шаҳло Ниёзова