arzon replenishment
Клипи Абдурозиқ бо Моргенштерн ютуб ва интернетро «тарконд»
12336

Санаи 10-уми декабр дар ютуб канали расмии Моргенштерн наворе пахш шуд, ки дар он Абдурозиқ дида мешавад. Ин клипро дар 7 соат беш аз 1 млн нафар тамошо кардаанд. Клип “Домой(Ба хона)” ном дшта, дар бораи сафари Моргенштерн ба Дубай нақл мекунад.
Мӯҳтавои клип аз он иборат аст, ки Моргенштерн барои дамгирӣ ба Дубай меравад ва дар онҷо бо Абдурозиқ вохӯрда, истироҳатро якҷоя мегузаронанд.
Ногуфта намонад, ки Моргенштерн баъд аз Ҳабиб Нурмагомедов-размовари собиқи UFC машҳуртарин чеҳра дар Русия ба шумор меравад.
Абдурозиқ бошад, чанде пеш робитаашро бо продюссери аввалинаш Беҳрӯз Набиев бо тахаллуси “Барон” қатъ намуда, дар Арабистони Саудӣ фаъолияташро бо дигар продюссерон шурӯъ намуд.
Қатъ шудани робитаи Барону Абдурозиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД