shoh palace
Вохӯрии Арон Афшор бо Шабнами Сурайё ва Меҳрнигори Рустам
10245

Ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм як акси ҳамроҳи сарояндаи эронӣ Арон Афшор гирифтаашро нашр кардааст, ки дар зершарҳи он навишта шудааст:


“Аронҷон, дӯсти азизам аз диданат хеле зиёд шод шудам. Азизами ёдет наре.”
Акс дар маҷмӯаи “Диёри Душанбе” гирифта шудааст.


Дар шарҳҳои зери ин акс дар муддати 50 дақиқа даҳҳо нафар истифодабарандагони интернет ибрози андеша намуданд. Онҳо дӯстии Шабнамро бо сарояндаи эронӣ Арон хуш пазируфта, хоҳиш кардаанд, ки ҳарду дар якҷоягӣ дуэт сароянд.


Дар аксе, ки Шабнами Сурайё нашр кардааст, Меҳрнигори Рустам низ дида мешавад. Маълум мешавад, ки ин се ҳунарманди машҳур дар якҷоягӣ мулоқот намудаанд.


Аз шарҳҳои зери акс аён аст, ки сабки хониши Арон ба мухлисони Шабнам Сурайё хуш омадааст, зеро бисёриҳо ҳардуи онҳоро кумири худ ҳисобидаанд.
Бояд зикр кард, ки дар инстаграми шахсии Арон Афшор то ҳол дар бораи сафараш ба Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД