Formula novemver 2024
Умеда Парсаева суруди аввалинашро сароид
11001


Умеда Парсаева, ситораи инстаграм ва соҳибкори шинохтаи тоҷик дирӯз суруди аввалини худро дар саҳифаи шахсиаш пахш кард.
Матни суруди “Мадам” бо қалами Орзу Исоев тааллуқ дошта, Сафармуҳаммад онро ба оҳанг даровардааст.
Умеда Парсаева дар инстаграм 1, 2 миллион обуначӣ дошта, мағозаи либосаи “ ШАРМ” низ ба ҳамин зебосанам тааллуқ дорад. Тамоми молҳои мағозаи Умеда Парсаева аз брендҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, нархи баланд доранд ва бештар афроди сарватманд ва машҳур аз “Шарм” барои худ либосҳои мӯди охиринро харидорӣ менамоянд.
Парсаева дар саҳифаи инстаграмаш худро ҳамчун сармоягузор муарифӣ намуда, ҳамарӯза аз зиндагии худ ба обуначиёнаш маълумот медиҳад ва аксҳои тоза ба тозаашро нашр менамояд.
Дар бораи Умеда Парсаева, сомонаи “Оила ТЧ” дар ютубканали худ https://www.youtube.com/watch?v=nHWSZFj9ZYE маводеро таҳия намуда буд, ки аз зиндагии ин бонуи машҳур қисса мекунад.
Умеда Парсаева худро ҳамчун бизнес-леди муаррифӣ намуда, яке аз блогердухтарони машҳур ба шумор меравад, вале бо ин ҳама шӯҳрат ва дороиву зебоӣ ин паричеҳра то ҳол муҷаррад аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД