Дархостҳои муштариёни сомона моро водор менамоянд, ки машҳуртарин одамони дунёро тариқи Интернет кофта ёбем. Севинчро низ бо кӯмаки ҳамин шабаки наҷотбахш ёфта дар бораи ҳунари кадбонугиаш пурсон шудем. Инак, фишурдаи суҳбатамонро бо ин ситораи эстрадаи узбек пешкашатон месозем.
-Салом Севинч, мухлисони Тоҷикистониятон ҳамеша аз ҳолу аҳволи шумо пурсон мешаванд. Имрӯз чи рӯзу рӯзгоре доред?
-Салом. Аз зиндагӣ шиква надорам. Шодам, ки мардуми Тоҷикистон ба ҳунари ман таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳолу аҳволи маро мепурсанд. Моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи мухлисони Тоҷикистониам муборак бошад!
-Барои аксари мухлисонатон, барои мо журналистон ҳам аҷиб аст, ки Севинч ба ошхона сар мехалонад ё не…
-Ростӣ, на ҳамеша дар ошхона ҳастам, вале булёни дӯстдоштаамро худам мепазам.
-Аксари одамони машҳур аз тарабхонаҳо хӯрок фармоиш медиҳанд. Ғизои шуморо ҳам ба хонаатон меоранд?
-Дар дигар айём меоранд, вале дар моҳи рамазон мо танҳо хӯроки хонагӣ мехӯрем.
-Хуш, бонуи зебо, бигӯед, ки чиҳо пухта метавонед?
-«Тушбера», «Суп», «Солянка»-ро дӯст медорам ва дар пухтанашон аллакай усто шудаам.
-Шумо ҳам мисли ситораҳои Голливуд парҳез мекунед?
-Бале, шириниро хеле кам мехӯрам.
-Дар охир барои мухлисони Тоҷикистониятон ретсепти кадом хӯриш, хӯрок ё шириниро пешкаш менамоед?
-Агар иҷозат диҳед, хӯриши «Дил» омода мекунам.
-Марҳамат!
Маҳсулоти лозима:
100 г мурғи дудхӯрда (копчённая)
Анор
Майонез
Лаблабӯи обпаз
Картошкаи обпаз
70г панир
70г олуқоқи сиёҳ
Тарзи таҳия
Аз картон шакли дилро сохта дар байни табақ мегузорем ва дар дарунаш маҳсулотро рӯи ҳам бо чунин тарз тунук мекунем. Аввал картошкаро тунук карда майонез мемолем. Аз болояш мурғи резаро тунук карда боз майонез мерезем. Ними лаблабӯро аз турбтарош гузаронида тунук мекунему майонез мемолем. Олуқоқи резаро тунук карда, боз майонез мемолем, панир мепошему боз майонез мемолем, баъдан лаблабуро тунук карда бори охир майонез мемолем ва аз болояш донаки анорро мепошем. Хӯриш бо ҳамин тайёр мешавад. Иштиҳои том!