-Ба меҳмонии «Оила» хуш омадед!
-Саломат бошед!
-Замони пешин гулдухтарон зардӯзию гулдӯзӣ мекарданд. Шумо ҳам чунин ҳунарҳо доштед?
-Росташро гӯям, ман ба кору бори занона чандон шавқу ҳавсала надоштам. Пас аз ба шавҳар баромаданам маҷбур шудам, ки дегу кафлезро ба даст бигирам.
-Мардуми ҳар минтақа хӯрокҳои хоси худро доранд. Хӯроки беҳтарини мардуми Файзобод чист?
-Мардуми Файзобод ҳунарманданд, аз қурутобу фатирмаска сар карда, то мантую оши палов ҳамаашро пухта метавонанд.
-Худи Шумо дар пухтани кадом хӯрокҳои миллӣ устоед?
-Қурутобро бисёр бомазза тайёр мекунам.
-Хўрокҳое, ки пештар дар ҳама маъракаҳои мардум дида мешуд, имрӯз аз он таомҳо қариб, ки ному нишон намондааст. Сабабаш мӯд шудани таомҳои аврупоӣ бошад?
-Дар шаҳр ин чиз ба назар мерасад, лекин дар деҳот таомҳои миллӣ аз байн нарафтаанд. Ҷойи хурокҳои моро ягон хӯроки дигар гирифта наметавонад.
-Шавҳаратон дар корҳои рӯзгор кӯмак мерасонанд?
-Замони хурдии бачаҳоямон ман банди кор бошам, он кас барои кӯдакон ягон чиз мепухтанд, ҳозир ҳоҷати сари дегу табақ рафтанашон нест. Аслан шавҳарам ошпази хубанд, таомҳои лазиз мепазанд.
-Апаи Муҳаррама, барои хонандагон ва мухлисони савту навоятон кадом ретсептро пешниҳод мекунед?
-Биёед, ҳамроҳ «Кабоби дегӯ» мепазем.
Маҳсулоти лозима:
250г гӯшти гӯсфанд
25г равғани думба
30г сиркои май
пиёз, кабутӣ
намак, мурч
Тарзи таҳия:
Гӯшти равғанини гӯсфандро 25-30 граммӣ реза карда, намаку мурч ва сиркои май (винный уксус) пошида, дар љои сард 2 соат нигоњ медорем. Ба деги тасфон равғани резаи думбаро бо гӯшти гӯсфанд андохта дар оташи паст 15-20 дақиқа мезирбонем.
Меҳмони навбатии ошхонаи «Оила» бонуи хушзавқу хушсадо, кадбонуи пурҳунар Нигора Холова ҳастанд.
(Даҳони дегро маҳкам пӯшонед) Кабоби тайёрро ба табақ бардошта, кабутӣ ва каме сирко мепошем.
Иштиҳои том!
Суҳбаторо: Нодира