Arzon march 2024
Нозияи Кароматулло: Дар бораи шавҳарам мегӯям, вале (ВИДЕО)
12516

 Меҳмони навбатии ошхонаи ОИЛА бонуи зебоест, ки ҳазорон-ҳазор одамон шефтаи садои дилнишинаш ҳастанд ва кайҳо боз орзуи дидорашро доранд.

Нозия баъди ба шавҳар баромаданаш хеле камнамо гаштааст, вале ба мо муяссар гашт, ки бо ин нозанини кампайдо сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ анҷом диҳем.

-Салом Нозиябону! Саломатии шумо аз аҳли хонадонатон хуб аст?

-Шукри худо, ҳамагӣ сиҳату саломатем, вале ростӣ шуморо нашинохтам.

-Рустам Азимӣ ҳастам, хабарнигори Оила.

-Ростӣ, вақтҳои охир ман бо журналистон хеле кам сӯҳбат мекунам, вале омодаам ба саволҳои шумо ҷавоб диҳам, чунки бо “Оила” чандин сол боз пайвандем. Дар тарғиби банда “Оила” нақши босазо дошт.

-Маъмулан субҳи ҳар як инсон аз субҳонаи болаззат сар мешавад, аз ҳамин хотир мехостем донем, ки кадбону хонадони шумо кист?

- Албатта ман, дигар кӣ ҳам мешуд?

-Магар Нозияи Кароматулло барин зани зебою машҳур дар сари дегу табақ ҷунбуҷул мекунад?

-Зан нигаҳдорандаи оташи хонадон аст, бинобар ин, новобаста аз касбу кор ва шуҳрату мақомаш да ҷомеа бояд барои тарбияву нигоҳубини фарзандонаш, хизмати шавҳар ва дигар корҳои хона вақт ёбад. Рисолати бузургтарини зан дар зиндагӣ таъмини маишати ҳамсар ва фарзандонаш аст.

-Хуб мегуфтед, ки бештар чӣ мепазед?

-Кӯшиш мекунам хӯрокҳое пазам, ки натанҳо бомаза, балки ҳамчунин барои саломатӣ муфид бошанд. Бештар аз меваю сабзавоти тару тоза хӯришҳои бозаллати сервитамин тайёр мекунам.

-Торт ҳам пухта метавонед?

-Метавонам, вале ба тортпазӣ чандон ҳавсала надорам, чунки ширинии аз ҳад бисёр ба саломатӣ зарар дорад, ғайр аз ин, одамро фарбеҳ мекунад.


Шабҳоро дар “мусорка” ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ рӯз мекунем. Модарам мегӯяд, ки агар роҳпулӣ пайдо кунем, дигар як лаҳза ҳам дар Русия намонда, ба Тоҷикистон бармегардем, вале ку одами ғамхоре, ки дасти мо, ятимони бе падарро бигирад?! 


 

-Кадом хӯрокҳо дар рӯйи дастурхони Нозия тез-тез пайдо мешаванд?

-Шашлик, манту, оши палав, моҳибирён, қурутоб, ҳамчунин хӯрокҳои гуногуни аврупоӣ ...

-Аз нигоҳи Шумо мардҳо беҳтар оши палав мепазанд ё занҳо?

-Ин ба ҳунари ҳар як инсон вобаста аст.

-Мақсади ман аз ин савол тамоман чизи дигар буд. Аксари занҳои сароянда шавҳарашонро таъриф мекунанд, ки дар ошпазӣ ҳамто надорад...

-Шояд шавҳарони ҳунарманд дошта бошанд.

-Магар шавҳари Нозия ҳунари ошпазӣ надорад?

-Шавҳари ман вақти ошпазӣ надорад.

-Дар бораи оилаатон камтар маълумот медодед?

-Шукри худо, соҳиби хонаву дари обод ва ду фарзанди гул барин зебо ҳастам.

-Шавҳаратон кӣ ва чикора аст?

-Дар ин бора шояд бигӯям, вале ҳозир не, каме дертар.

-Вақтҳои охир бештар таронаҳои ғамангез сурудатон боиси пайдо шудани ҳар хел гапу гапчаҳо дар байни мардум гаштааст.

-Сурудҳои ман ба зиндагии шахсиам ягон алоқамандӣ надоранд. Ба он хотир аз хиёнату бевафоӣ месароям, ки ба ошиқон дарси ибрат гардад ва нисбати шахси дӯстдоштаашон бевафоӣ накунанд, чунки хиёнат қотили ишқ аст.

-Ин тавр бошад, бигӯед, ки шавҳаратон кадом хӯрокро дӯст медорад ва барояш бештар чӣ мепазед?

-Моҳиро дӯст медорад. Ман як тарзи пухтани як хӯроки шоҳонаро аз моҳӣ бароятон нақл мекунам. Метавонед онро дар “Оила” нашр намоед, шояд баъзе мухлисонам мазаашро чашидан хоҳанд.

-Марҳамат, гӯшу ҳушамон ба Шумо!

-Барои пухтани ин хӯроки шоҳона ҳамагӣ 4-дона моҳии тозакардашуда,

1-дона лимӯ, 4-қошуқ орд, 8-қошуқ равғани растанӣ, 4-қошуқ равғани зард,

2 бех пиёз,1-бандча шибит,2-дона картошка ва намаку хушбӯйкунандаҳо лозиманду халос. Моҳиро шуста хушк меунед ва ба рӯяш шарбати лимӯ пошида ба ду тарафаш намак ва забуда мемолед. Равғани растанї ва ду қошуқ равғани зардро дар тоба метасфонед. Сароғоз зарду тарафи моҳиро як дақиқагї бирён карда дар рӯйи лаълии дар болояш фолга тунук карда шуда мегузорем. Моҳиро дар фолга нағзакак печонда, дар тафдон мегузорем. Гуфтагӣ барин, лимӯро пора-пора крада ба болои моҳӣ гузоштан лозим аст, то ки хуштамъ шавад. Моҳиро дар тафдони қаблан тасфондашуда 15-20 дақиқа пухта, ба лаълӣ бигерд. Метавонед пиёз ва шибити резакардаро ба болояш пошида, баъд моҳиро ба дастурхон гузоред. Ногуфта намонад, ки агар қисми боқимондаи равғани зардро маҳлул карда, пиёзро дар он бирён кунед ҳамроҳи картошка ҳамчун гарнир дар қабати моҳӣ гузоред, олиҷаноб мешавад. Ана ҳамин хел аз моҳӣ як хӯроки шоҳона тайёр мешавад. Иштиҳои том!

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД