shoh palace
Арӯси пинҳонӣ ва боз 101-сирри Муҳаммад Нозим
3342

 Даричаи ошноӣ:

Номи асосӣ: Муҳаммад Нозим

Соли таваллуд: 1-уми январи 1984

Зодгоҳаш: Панҷоб

Дарозии қад: 178

Мучалаш: ҷадӣ

Маълумоташ: олӣ

Касбаш: актёр ва модел

Динаш: ислом

Вазъи иҷтимоӣ: муҷаррад

Машғулияти дӯстдоштааш: аспсаворӣ ва бозии крикет

 Пайроҳаи ҳунар
Муҳаммад Нозимро дар кишвари мо хурду калон ҳамчун Раҳим Модӣ аз силсилафилми «Хушдомани золим» мешиносанд ва ҳар ҳафта бесаброна баромадани қисмҳои нав ба нави ин сериалро интизорӣ мекашанд. Муҳаммад Нозим 1-уми январи соли 1984 дар шаҳри Панҷоби Ҳиндустон дар хонадони марди мусулмон ба дунё омадааст. Оилаи онҳо калон ва Муҳаммад дар байни ҳашт фарзанд писари панҷум аст. Ин ҷавони ситорагарм таҳсили ибтидоиро дар литсейи Чандигарх гирифта, баъдан нозукиҳои ҳунари актёриро дар коллеҷи санъат омӯхтааст. Аз ҳамон замони донишҷӯйи коллеҷ буданаш симои зебои Муҳаммад Нозим мавриди таваҷҷуҳи мӯдсозон қарор гирифта буд ва аксҳои ин ҷавони хушгил дар таблоидҳои рекламавии ширкатҳои гуногун тез-тез пайдо мешуданд. Дар баробари ин, Муҳаммад дар саҳнаи театр ва филмҳои кӯтоҳмуддати мазҳакавӣ нақш мебозид. Албатта, барои як ҷавони донишҷӯ дар як вақт ҳам таҳсили илм намудану ҳам модел будан душворӣ мекард, вале сабуриро пеша намуда, барои расидан ба қуллаи мақсуд мардона роҳ мепаймуд.

Ситораи телевизион
Пас аз тамошои як филми мазҳакавиаш як ширкати бузурги телевизионӣ Муҳаммад Нозимро ба ҳамкорӣ даъват намуда, барандагии шоу-барномаи рақсиро ба вай пешниҳод намуд. Ҷавон аз ин даъвати ногаҳонии ҳайати телевизион ба ҳайрат афтода бошад ҳам, қарор дод, ки ҳарчи бодо бод, як маротиба ҳунари худро дар ин самт низ санҷида мебинад. Ҳамин тавр ба қавле бозӣ-бозӣ ба кор сар карда дар як муддати кӯтоҳ вай ба ситораи №1-и телевизион табдил ёфт. Акнун ҳар рӯз миллионҳо нафар дар назди экрани телевизор нишаста саршавии барномаи Муҳаммад Нозимро интизорӣ мекашиданд ва барояш даста-даста номаҳои саршори меҳру ихлос менавиштанд.

Роҳ ба сӯйи шуҳрат
Симои ҷаззоби Муҳаммад Нозимро коргардонҳои машҳури киностудияи Болливуд, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар андешаи ба навор гирифтани филми наве бо унвони «Saath nibhana saathiya» буданд, тамошо карда, дарёфтанд, ки пайдо шудани чунин ҷавони зебо дар навори синамо миллионҳо доллар даромад оварда метавонад ва ӯро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Муҳаммад баъди аз мазмуни сенария огоҳӣ пайдо намудан ба хулосае омад, ки корро дар телевизион тарк намуда, пурра ба синамо мегузарад. Дар майдони наворгирӣ бо беҳтарин актёрони кишвараш аз қабили Ҷия Манек, Раши Капур, Пуҷа Ҳасабнис рӯ ба рӯ гашта, Муҳаммад дарёфт, ки масъулияти бузургеро бар дӯш гирифтааст ва бояд тамоми ҳастиашро ба ин филм бубахшад, то дар назди чунин ситораҳои синамо шарманда нашавад.

“Хушдомани золим”
Иродаи матин, навҷӯию заҳматписандӣ ва талошҳои пайвастаи Муҳаммад Нозим барои офаридани характер ва симои барҷастаи қаҳрамонаш билохира Раҳим Модиро тавлид намуд. Оилаи Модӣ яке аз хонаводаҳои сарватманду машҳури Ҳиндустон ба шумор меравад. Ин хонадони бонуфуз анъана, расму русум ва қонунҳои хос дорад. Аҳли ин хонадон ба тиҷорати калон машғуланд. Давлату сарвати зиёд аҳли ин оилаи бузургро ҳарис ва ба ҳамдигар душман гардонидааст. Падари Раҳим мардест оромтабиат ва нармгуфтору нармрафтор, вале модараш Комила баръакс зани бовиқор ва басо сахтгир буда, намегузорад, ки касе аз аҳли оила аз хати кашидааш берун раванд. Раҳим Модӣ тоҷири ҷавону муваффақ буда, фикру зикраш танҳо банди кор мебошад. Вай ҳеҷ гоҳ беҳуда намехандад, сухани беҷо ва нозарур намегӯяд. Раҳим духтари замонавиеро дӯст медорад, вале модараш ба издивоҷи онҳо зид баромада келини табъи дили худашро меҷӯяд ва дере нагузашта Гопи ном духтараки бесаводеро меёбад. Раҳим ба хотири модараш ба Гопии тарсончак, содадил ва комилан бе хату савод хонадор мешавад ва бо ҳамин зиндагии орому осудаи ин ҷавони муваффақу дунёдида маҷрои нав мегирад...

Аз нафрат то ба ишқ
Раҳим Гопиро дӯст намедорад, зеро ин духтар аз арӯси орзуҳои ӯ куллан фарқ дорад. Раҳим, ки худ ҷавони донишманд аст, аз аввал ба духтарҳои бе савод нафрат дошт, вале тақдир бо ӯ бозӣ карда бо чунин зан ҳамхонааш месозад. Содадилӣ ва аз ҳад зиёд зудбовару тарсончак будани Гопи нафрати Раҳимро меорад, вале ба хотири модараш вай аз ин арӯси хаппак ҷудо шуда наметавонад. Гопи сағерадухтар буда, дар хонаи тағояш бо мушту лагади янга ба воя расидааст. Раҳиму писари амакаш Ҷигар дар як рӯз хонадор мешаванд. Арӯси Љигар-Раҷни духтари тағои Гопи бошад ҳам, нисбати вай дар дилаш рашку ҳасуди зиёде дорад ва ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар пеши роҳи Гопи чоҳ кофта, ӯро дар назари хушдоман ва шавҳараш бад кунад, вале Гопии содадил ба ҳилаҳои хешдухтараш сарфаҳм намеравад. Ҳодисаҳои филм бисёр тезутунд ва пур аз таззодҳои зиндагӣ ҳастанд. Раҳим дар оғоз ба арӯси бесаводаш нафрат дорад, вале оҳиста-оҳиста покии дили Гопиро дарк намуда, аз баҳри маъшуқаҳояш мегузарад. Нафрати ин ҷавони сарватманд дар поёни филм ба муҳаббати самимӣ табдил меёбад ва Раҳими хирадманд аз арӯси бесаводаш як зани донишманд ва маликаи ҳақиқӣ месозад.

Муҳаммад образи Раҳимро чунон таъсирбахш офаридааст, ки кас беихтиёр ба ин ҷавони бохираду ҳақиқатпараст дил мебандад.

Авҷи парвоз
Филми “Хушдомани золим” натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар ними дунё машҳур гашта, дар фестивали байналмилалии синамо, ки дар он зиёда аз 50 давлат иштирок доштанд, сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаи тиллоӣ гашт. Акнун машҳуртарин рӯзномаю маҷаллаҳои олам дар бораи ин ду қаҳрамон саҳифа-саҳифа мавод менавиштанд ва аксҳои зебои Муҳаммад ва Ҷияро дар саҳифаи аввал чоп мекарданд, яке Раҳимро беҳтарин нақши мардона мехонду дигаре Гопиро маликаи орзуҳои ҳар як марди олам меномид. Сериал бо теъдоди 20 миллион нусха ба фурӯш рафта, номҳои Гопӣ ва Раҳимро вирди забони мардуми аксари кишварҳои олам гардонд. Муҳаммад Нозим ва Ҷия дигар дар кӯчаҳо оромона сайругашт карда наметавонистанд, зеро баробари дидани ин ду актёри машҳур села-села мухлисони сериали “Хушдомани золим” аз думболашон медавиданд, то Раҳим ва Гопиро як боракак аз наздик бубинанд ва ё садояшонро шунаванд.

Домоди орзуҳои як миллион арӯс
Муҳаммад Нозим варзишро дӯст медорад, як лаҳза вақти холӣ ёбад, зуд ба майдончаи варзиш мешитобад, то ҷонаш каме осояд. Крикетбозӣ ва аспсавориву гӯштингирӣ машғулиятҳои дилписанде ҳастанд, ки ӯро аз гирудори синамо ва дигар ташвишҳои зиндагӣ раҳо мекунанд. Духтарони зиёде ошиқи зораш ҳастанд ва ба сӯяш бо чашми умед нигариста, барояш даста-даста номаҳои пур аз сӯзу гудоз менависанд, вале ӯро парвои ин ҳама меҳру муҳаббатҳо нест. Муҳаммад танҳо ба синамо ошиқ аст ва ба сӯхтану гудохтани духтарони ошиқ заррае аҳмият намедиҳад. Журналистони зирак ҳамеша аз пасаш мисли соя мегарданд, то асрори ишқбозӣ ва маҳбубаҳои ин ҷавони зебои шуҳратмандро фош созанд, вале чизе пайдо карда наметавонанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Муҳаммад бо духтаре аз ширкати тиҷоратии падараш ишқварзӣ мекунад, аммо касе то имрӯз арӯси ӯро надидааст. Муҳаммад дар мусоҳибаҳояш ба хабарнигорон таъкид мекунад, ки алҳол дар фикри оиладоршавӣ нест, зеро ду бародари муҷарради аз худаш калонтар дорад, вале то куҷо ба ин гапаш устувор мемонад, инро вақт нишон медиҳад...

Рустам Азимӣ  

  

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД