Меҳмони навбатии мо сарояндаи ҷавону хушсалиқаи хуҷандӣ Боирҷон Қодиров аст. Имрӯз мо дар боби ҳунари сарояндагӣ не, оиди маҳорати ошпазии ин ҷавони ҳунарманд суҳбат менамоем.
-Боирҷон, роҳи дуру дарозро тай намуда, меҳмони мо шуданатон боиси таҳсину офарин аст. Хуш омадед!
- Ташаккур. Сарбаланд бошед. Ҳеҷ гумон намекардам, ки рӯзе меҳмони нашрияи бонуфузе ба мисли «Оила» мешавам.
-Шумо хеле ҷавон ҳастед ва дили пур аз шӯру шар доред. Ҷавонон бештар ба дискотека мераванд, дар тарабхонаҳо дам мегиранд ва боз ҳазорон машғулиятҳои шавқовари дигар доранд. Магар барои ба ошхона сар халондан вақт мемонад?
-Ҳар як инсон, новобаста аз касбу кор ва мақому мартабааш бояд аз уҳдаи пухтани таом барояд. Ҳунари пазандагӣ надошта бошӣ, мудом дар кӯча хӯрок хӯрда, оқибат ба дарди меъда гирифтор мешавӣ. (механдад)
-Наход дар хонаатон ягон каси барои шумо хӯрок мепухта набошад?
-Ман дар оила фарзанди ягона ва эркаю азизи волидонам ҳастам, вале ба ғамхории модарҷонам нигоҳ накарда, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки барои худам таоме омода намоям.
-Фарзанди ягона, ки бошед, гули чизро мехӯрдагистед?
-Не, ман хислати аз ин ё он таом рӯй гардондан надорам, ҳарчӣ пешам гузоранд, мехӯрам.
-Ба ҳар сурат хӯроки дӯстдошта доштагистед?
-Албатта дорам. Ош ва шашлики хуҷандӣ.
-Хӯроки дӯстдоштаатонро бо дасти худ омада карда метавонед?
-Метавонам, вале модарҷонам ошро бисёр бомаза мепазанд.
-Сарояндаҳо барои ширинтар шудани овозашон асал, тухм, қаймоқ барин чизҳоро мехӯранд...?
-Садои ман худодод аст. Ҳеҷ гоҳ барои ширинтар шудани овозам кӯшиш накардаам.
-Парҳез ҳам намекунед?
- Қариб ҳар рӯз тӯю маърака дорем, аз ҳамин хотир аз хӯрдани чизҳое, ки миҷозашон сард аст, худдорӣ мекунам, то овозам нагирад.
-Медонед, ки хӯроки дӯстдоштаи мардуми Исфара чист?
- Ростӣ, аҳамият надодаам, чунки дар тӯйҳо бештар ош мепазанд.
-Шумо ҳам мисли сарояндаҳои душанбегӣ ресторан ба ресторан мегардед?
-Тӯй бошад, ҳамчун сароянда меравам, вале ҳамту барои дамгирӣ не. Аниқтараш вақти ба тарабхона рафтан надорам.
-Дар охир ба мухлисонатон чӣ туҳфа мекунед?
-Тарзи пухтани оши як ба яки хуҷандиро мефаҳмонам.
-Марҳамат, ошхонаи мо дар ихтиёратон!
-Барои пухтани оши як ба як зарур аст.
Маҳсулот:
Равған 0. 5литр,
Гӯшт 500 гр
Биринҷ 500 гр.
Пиёз 4 дона
Нахуд як истакон,
мурчу зира, мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Аввалан гӯштро майда реза карда дар равған мезирбонему баъд ба дег пиёз меандозем. Пас аз сурх шудани пиёз сабзиро андохта, дегро мекобем. Биринҷу нахӯдро баъди зирбондани сабзӣ ба дег андохта, ду- се бор мекобем ва сипас об мерезем. Об бояд биринҷро пӯшонад. Мурчу зираро баъди хушк шудани оби биринҷ пошида, ошро дам мепартоем. 30 дақиқа пас оши як ба як тайёр мешавад. Иштиҳои том!
Суҳбаторо: Рустам