Муҳаммадрафии Кароматулло дар баробари сарояндагӣ боз чандин ҳунарҳои дигар дорад. Бовар намекунед? Пас ба суҳбати мо бо ин ситораи санъати тоҷик мутаваҷҷеҳ бошед!
-Муҳаммадрафӣ, аксаран дар маъракаҳои хоса мардон ош мепазанд, чунки дасташон бомаза аст. Шумо ҳам дегу кафгир ба даст гирифта повурӣ мекунед?
-Шунидан кай бувад монанди дидан гуфтаанд, як бор меҳмон шавед, мазаи оши пухтаи Муҳаммадрафии Кароматуллоро чашида, худатон баҳо медиҳед, ки ман чӣ гуна ошпаз ҳастам.
-Бонувони хонадонатон меҳмонӣ раванд, худатон мустақилона, бе кӯмаки ягон кас чӣ пухта метавонед?
-Ширбиринҷ, шакароб, оши палов, сихкабоб…
-Эҳа, ҳоҷати ба тарабхона рафтан набудааст! Мард ошпазӣ моҳир бошад, ҳар хел хӯрокро назараш намегирад. Ба янга мушкил будагист...
-Хушбахтона янгаатон беҳунар нест, вагарна дар ҳақиқат азоб мекашид.
-Наход ягон бор хӯроки пухтаи ҳамсаратон шӯр ё бенамак наомада бошад...
-Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, то имрӯз ягон маротиба таоми шӯр, бенамак ё сӯхтагиро дар пешам нагузоштааст. Аслан, дар хонаи мо ягон зани беҳунар нест. Модарам, хоҳарам Нозия, ҳамсарам, хулоса, ҳама занҳои хонадони мо кадбонуи моҳиранд ва бисёр хӯрокҳои лазиз мепазанд.
-Ба хонаатон меҳмон ояд, чӣ гуна истиқбол мегиред?
-Меҳмонро тоҷи сар мекунам, зеро меҳмон ояд, файзу баракат ба он хонадон меборад.
-Ошпази моҳир ҳастам гуфтед, метавонед барои исботи суханонатон тарзи тайёр кардани ошро нақл кунед?
-Оши одӣ не, тарзи пухтани оши самарқандиро мефаҳмонам, то ки мухлисонам ҳам гоҳи пухтани он мрао ба ёд оранд. Барои пухтани ин ош зарур аст:
Маҳсулоти лозима
2 намуд равған: зард ва зағир
1 кг гўшти реза
3 дона пиёз
2 кг сабзӣ
нахўди пешакӣ таршуда
200 г мавизи сиёҳ
1 кг биринҷ
зира ва намак
Тарзи таҳия
Ду намуд равғанро омехта намуда, гӯштро дар он бирён мекунем, баъдан пиёзро зирбонда, сабзиро низ меандозем. Ҳама маҳсулотро нағзакак сурх карда, ба дег об мерезем ва нахудро меандозем. Зирбак, ки хеле ҷӯшид, мавизи сиёҳ, зира ва биринҷро меандозем. Об бояд биринҷро пӯшонад. Пас аз хушк шудани оби биринҷ ошро 15-20 дақиқа дам мепартоем. Вақти кашидани ош аввал биринҷ, баъдан сабзӣ ва гӯштро қабат ба қабат мебардорем. Иштиҳои том!