Arzon march 2024
Вохӯрии кундошҳо
3178

 

Маҳваш кӯдаконашро хобонида ба айвон гузашту тирезаҳоро кушода ба берун чашм дӯхт.

Дар тамоми хонаҳо чароғҳо фурӯзон буду зиндагӣ ҷӯш мезад. Аз дидани чароғҳои фурӯзон ашк дар дидагони Маҳваш ҳалқа зада, худ ба худ андешид:

-Ҳамаи занҳои хушбахт ин лаҳза бо шавҳару фарзандонашон нишаста хандаву шӯхӣ мекунанд. Ман бошам бо фарзандонам ҳар шом дар танҳоӣ дастархон мекушояму хӯроки бомазаи тайёркардаам аз гулӯям намегузарад. Орзу мекунам, ки шавҳарам назди фарзандон бошанду бо онҳо ҳазлу шӯхӣ кунад вале…

Эҳ Собир, Собир! Охир чаро маро бадбахту дар нимароҳи зиндагӣ сарсон намудӣ!?

Маҳваш тирезаро пӯшиду ба назди ҷевони либосҳо омад. Аллакай либосҳояшро ҷамъ карда буд, вале дилаш ба фиғон омада дард мекард. Албоми суратҳои арӯсиашонро гирифту ба чашм молид. Арӯсу домод дар аксҳо чунон хушбахт буданд, ки…

Маҳваш бо Собир дар зодрӯзи дугонааш шинос шуда буд. Бо як дидан ба якдигар ошиқи шайдо шуданд. Собир дар бораи худ нақл карда гуфт, ки як сол пештар аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Ишқаш самимӣ менамуд ба қавле Маҳвашро рӯи даст бардошта мегашт. Модару апаашро пас аз муддате ба хостгорӣ фиристод. Модару аппааш тавре ҳарф заданд ки волидони Маҳваш ба самимияти ишқи Собир бовар карданд. Тӯй дар тарабхонаи бошукӯҳе баргузор гардид. Маҳваш худро хушбахт эҳсос мекард, то он рӯзе ки ба хонааш зане занг зад. Маҳваш гӯшакро бардошта аз зани ношинос, ки Собирро суроғ дошт, пурсид:

-Шумо кистеду ба Собир чӣ кор доред?

-Ман зани Собир.

Маҳвашро гӯё барқ зад.

-Ман нафаҳмидам?-бо андешаи он ки касе ба вай ҳазл карданист,-гуфт Маҳваш.

-Мефаҳми-да… ман занаш мешавам.. Мо шаш духтар дорем бо зарда хитоб кард зан.

-Чӣ…-гӯё ин дам алангае афрӯхта гардид дар дили Маҳваш. Ӯ боисрор аз зан талаб кард, ки ба фалон нишонӣ биёед то онҳо бо ҳам мулоқот карда ҳақиқатро рӯйи об бароранд. Бо ҳазор фикру андеша ва ҷалби аз оташи рашк сӯзон Маҳваш ба ҷои таъиншуда омада, зани тахминан 40-45-солаи ситорагармеро дид.

-Шумо Маҳваш? Пурсид зан, ки нафрат аз чашмонаш меборид.

-Бале. Шумо…,-Маҳвашро забонаш намегашт, ки зани Собир гӯяд. Онҳо хомӯшона ба хонаи Маҳваш омаданд. Маҳваш ба олами ғазабу нафрат ғӯтавар, намедонист суханро аз чӣ оғоз кунад.

-Шумо медонистед, ки мо панҷ сол боз бо Собир зану шавҳарем?-пурсид аз кундошаш худро бо азоб ба даст гирифта.

-Не, намедонистам,-сар ҷумбонд зани Собир.

Охир Собир ҳамеша шабҳо дар ин ҷосту назди шумо намеравад. Магар пайхас накардед, ки вай зан дорад.

-Собир ҳамеша мегуфт, ки кораш шабона асту наметавонад ба хона биёяд,-шарҳ дод зан.

-Аз ин бармеояд, ки рӯзона ӯ ҳамеша ба назди шумо мерафтааст? –саволомез ба кундошаш нигарист Маҳваш.

-Ҳа, рӯзона дар соатҳои бекориаш Собир дар хона аст, -тасдиқ кард палонҷаш.

Маҳваш дигар чизеро донистан намехост. Оташи рашку алам вуҷудашро фаро гирифта буд. Вай рақами мобилии Собирро гирифта гуфт:

-Гуш кун, Собир. Зуд ба хона биё, фишори хунам баланд шудааст. Ба беморхона рафтан лозим. Собир баъди 15 дақиқа расида омад. Ӯ, ки чунин ранг гирифтани воқеаро интизор набуд, хандон аз дар даромада гуфт:

-Ҷони ман, ба ту чӣ шуд?

Аммо дар хона зани аввалаашро диду дар ҷояш шах шуда монд. Дар ҳоле, ки аз ғазаб меларзид, сӯйи занаш теғ кашида нигаристу хитоб кард:

-Ҳа ҳайвон, дар ин ҷо чӣ гум кардаӣ?

-Туро,-сар ба зер афканда оромона посух дод зан. Маҳваш, ки рафтори Собиру занашро оромона назора мекард, ба шавҳараш рӯ оварда гуфт:

-Собир, маро оромона гӯш кун, дигар ҳоҷат ба баён нест. Ана занат, боз шаш духтар доштаӣ. Назди зану фарзандонат рав. Бачаҳоямро ман худам, бе кӯмаки ту ҳам тарбия кардаву ба воя расонида метавонам. Ҷавоби маро деҳ!

Собир ба Маҳваш гунаҳкорона нигариста сипас ба зан бонг зад: -пеш даро! Бо ту ман дар хона гап мезанам.

-Аввал ҷавоби маро деҳ,-исрор кард Маҳваш, вале Собир хомӯшона занашро пеш-пеш карда аз дар баромаду ҳангоми рафтан гуфт:

-Ман туро дӯст медорам, Маҳваш маро барои дурӯғҳоям бубахш. Ман зуд гашта меоям.

-Биёву рӯзата бин!-хитоб кард Маҳваш ва дарро шараққосзанон пӯшид.

****

Маҳваш ҳеҷ ба худ омада наметавонист. Хиёнати ёри азизаш ранҷураш карда буду намедонист аз ин гирдоб чӣ гуна раҳоӣ ёбад. Охир ӯ шавҳарашро дӯст медорад, боз се фарзанд дорад аз Собири бевафо. Оҳ агар медонистам, ки Собир бо зану кӯдаконаш зиндагӣ дорад, ҳеҷ гоҳ занаш намешудам. Эҳ қисмати номард…

Маҳваш мекӯшид андешаҳояшро ҷамъ карда вазъиятро таҳлил намояду сариштаи муаммои рӯзгорашро пайдо кунад.

-Беҳтараш аз Собир ҷудо мешавам, чунки марди фиребгару номард оянда надорад. Охир Собир дар назди хешу таборони ман қасам хӯрда гуфт, ки аз занам ҷудо шудааст. Ин номард номи се талоқро ба забон оварда, боз зиндагиашро бо занаш идома додаст. Аҷиб… Чаро ман дер аз замири дурӯғини Собир бохабар шудам? – меандешид Маҳваш ва ашк бари рухсораҳояшро мешуст. Собир занашро ба хонааш бурда ба хона зуд баргашта омаду пеши пойи Маҳваш ба зону афтода зорӣ кард, ки аз гуноҳаш гузарад. Аммо Маҳваш дигар ӯро шунидан намехост. Маҳваш дурӯғи номардонаи Собирро бахшида наметавонист.

-Ман занамро дӯст намедорам, хотири фарзандонам маҷбур бо вай зиндагӣ мекунам, - худро сафед мекард Собир.

-Ту, ки дӯст надорӣ, пас 6 фарзанд аз ҳаво ба дунё омаданд? – дод зад Маҳваш.

-Фарзанд бе ишқ ҳам таваллуд мешавад. Ман ҳеҷ гоҳ ҷавоби туро намедиҳаму писаронамро ятим намекунам. Беҳтараш бо ҷангу ҷанҷоли беҳуда асабҳои ҳардуямонро хароб накун,-гуфт Собир бо қатъият.

-Туро дидан намехоҳам. Ҷавобамро деҳ!-якравӣ кард Маҳваш.

-Маҳваш, ҷонакам сабр кун, вақту соаташ меояду ман аз занам ҷудо мешавам. Ҳозир хотири духтараконам ман бояд бо вай зиндагӣ кунам. Ту медонӣ, ки ман туро дӯст медорам, - Маҳвашро ба оғӯш кашида ором кардан хост Собир.

-Байни ману ту дигар ягон хел муносибат бурда наметавонад. Фаҳмидӣ?-Собирро тела дода, бо зарда гуфт Маҳваш.

-Ман ҳеҷ гоҳ аз ту ҷудо намешавам. Ман бе писаронам зиндагӣ карда наметавонам. Ин ҳукми охири ман аст,-гӯён Собир дарро зада баромада рафт.

Маҳваш дид, ки бо гапи хуб Собир ӯро намефаҳмад, дигар суханашро ҳайф накарда аз пайи амалӣ кардани нақшаҳояш шуд. Зиндагии оилавии онҳо заҳрогин гашта дигар аз фазои хонаашон садои ханда шунида намешуд. Маҳваш дигар Собирро дидан намехост. Собир ӯро меҳрубониву навозиш мекард, вале Маҳваш ба ин навозишҳо эътиное намекард. Тавре рафтор мекард, ки гӯё Собир барояш вуҷуд надошта бошад. Аз ин рафтори Маҳваш қаҳру ғазаби Собир меомаду мисли одами ақлгумкарда дод мезад. Маҳваш кӯшиш кард, ки рӯйи хотири фарзандонаш бо Собир созиш диҳад, вале нашуд, ки нашуд. Маҳваш Собирро барои хиёнату дуруғгӯиаш бахшида натавонист.

Рӯз ба рӯз ҳисси бадбиниаш зиёд мешуд. Тағои Маҳваш дар Русия фирмаи тиҷоратӣ дошт. Маҳваш ба тағояш занг зада, гапро пазонду аз пайи харидани чипта шуд. Вақте чиптаро ба даст гирифт, дилаш якбора гӯё таркид.

Пагоҳ соати 12 ба Русия мепарад. Аз рӯйи нақшаи аввал бо худ писари калониашро мебараду баъдан падару модараш писарчаҳои хурдиашро мефиристанд. Маҳваш чиптаҳо дар даст хун мегирист. Дилаш хуншор буд. Бо ёди шавҳари бевафояш, вале дигар илоҷе надошт, зеро бо дузанагии Собир созиш карда наметавонист. Мехост, дар вақти сафари хидматии Собир аз шавҳараш, аз ишқи бебарораш фирор кунаду ба зиндагии оилавиашон хотима гузорад.

…Ман савоби зану духтарони Собирро мегирам. Бояд ин корро кунам, вагарна оянда бадбахт хоҳам шуд, -худро тасаллӣ медод Маҳваш ва меандешид:

Писаронам калон шаванд, мефаҳманд, ки ман аз падарашон ҷудо шуда кори дуруст кардам. Эҳ Собир, чаро ту маро фиреб кардӣ?

Пас ту маро дӯст намедоштаӣ. Аз ту меравам, чунки дили яктопарастии ман туро бо дигаре тақсим карда наметавонад. Ана, барои ҳамин бо писари калонӣ ба назди тағоям меравам. Ҳасану Ҳусайнро бошад додарам баъди як моҳ ба наздам меорад. Қисмат ҳамин будааст…

Маҳваш то фарорасии субҳ худ ба худ гап мезаду мегирист.

-Оҳ, бахт, ту ин қадар ширин будӣ, месӯзаму хокистар мешавам, вале тақдир чунин будааст. Ин аҷуза ману туро аз ҳам ҷудо мекунад. Алвидоъ Собир!-гӯён Маҳваш акси арӯсиашонро бо қайчӣ аз ҳам ҷудо кард.

Тайёра парвоз кард, Маҳваш беихтиёр зери лаб такрор мекард: Дӯстат медорам, Собир!..»

Шаҳлои Наҷмиддин

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
зарина 2019-06-20, 20:34
кош хамаи занхои дуюм мисли ту рафтор мекардан....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
зарина 2019-06-20, 20:34
кош хамаи занхои дуюм мисли ту рафтор мекардан....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД