Arzon march 2024
СИРРИ ЗАН, КИ ФОШ ШУД…(Видео)
5623

 

Даричаи ошноӣ:

Хосияти Зарафшонӣ 1октябри соли 1960 дар деҳаи Гузари Боди ноҳияи Айнӣ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1982 шуъбаи суруду мусиқии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд: Хуршеда, Некрӯз, Фаррухрӯз ва як набера. Дорандаи ордени «Шараф», Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

 

Хосиятбону, марди идеалӣ аз нигоҳи шумо кист?

– Марде, ки ба маънои томаш мард бошад. Хонаро, оиларо таъмин кунад. Нисбати ҳамсару фарзандонаш меҳрубону ғамхору дилсӯз бошад.

– Мегӯянд, ки рашки мард нишонаи дӯстдории ӯст. Шумо ба ин андеша розӣҳастед?

– Бад мебинам, вақте ки мард баҳудаю беҳуда рашк карда ба сари зан даст мебардорад. Баъдан чунин рафтори мард дарди сари худаш мешавад. Худо накарда, ягон ҷои зан шиканад, мард маҷбур мешавад, ки ӯро ба беморхона барад. Дар ин сурат ҳам аз ҷиҳати моддӣ оила зарари калон мебинад ва рафтори ҷоҳилонаи падар ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад.

Шавҳари Шумо ягон бор аз рашк ба саратон даст бардоштааст?

Шукри Худо, ки шавҳарам тамоми хислатҳои неки инсониро дорад ва ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад.

Шумо ба ғайр аз ҳунарманду эҷодкор будан боз модари се фарзанд ҳастед. Сафарҳои ҳунарии зиёду тарбияи фарзандон бароятон душворӣ намекард?

– Албатта, барои ман барин ҳунарманд, ки дар як моҳ бис­ту панҷ рӯз дар сафар будам, тарбияи фарзандон кори осон набуд. Ҳангоми нав ба кор омаданам ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр ҳамкорони собиқадорамон нақл мекарданд, ки ҳар гоҳ аз сафар бармегарданд, фарзандонашон онҳоро намешиносанду ба ҷои додо гуфтан амак ё хола мегӯянд. Инро шунида, мо,ҷавонон механдидем. Ана, ҳамин чиз баъдтар ба сари худамон омад. Шукри модари бузургворам Бибиқимат, ки ҳамроҳам буданду ёрӣ расонданд. Саҳми бибиашон дар тарбияи фарзандони ман бузург аст. Афсӯс, ки модарҷонам барвақт аз олам гузаштанд. Аҷал имкон надод, ки фарзандонам дар хизматашон бошанд.

Аз шавҳаратон сирри пинҳонӣ доред?

Ягон сирри пинҳонӣ надорам. Сирри пинҳонӣ як рӯз не, як рӯз фош мешаваду эътиқоди мард ё зан аз ҳамдигар кам мегардад ва байнашон нобоварӣ ба вуҷуд омада, оила вайрон мешавад.

Аз ин мебарояд, ки Шумо ба шавҳаратон боварӣ доред?

Агар боварӣ намедоштам, магар 30-сол боз зиндагӣ мекардам?

Кадом хӯрокро шавҳаратон хуб мепазад?

Оши палавро.

Шумо ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳо ҳастед. Шавҳаратон ба ҳаёти эҷодии шумо чӣ гуна муносибат мекунанд?

Шавҳарам, бо вуҷуди дигар будани касбашон, бисёр шахси фарҳангӣҳастанд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд. Ҳофизу Бедилро азёд медонанд. Дар таҳлили шеър бо он кас баробар шудан душвор аст. Ҳар як шеъреро, ки ман барои ба оҳанг даровардан интихоб мекунам, ҳатман аз назари шавҳарам мегузаронам. Матну мазмун хубу олӣ бошад, барои оҳанг бастан ба ман иҷозат медиҳанд. Дар интихоби шеъру суруд ба ман падари фарзандонам кӯмак мерасонад ва мухлиси аввалини ман аст.

МУҲАББАТИ АВВАЛИНУ ОХИРИНАМ ХОСИЯТИ ЗАРАФШОНИСТ!

Даричаи ошноӣ:

Абдулҳақ Нурулҳақзода 10 январи соли 1961 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.И. Синоро бо ихтисоси дандонпизишк хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва як набера-Аминаҷон.

– Зани беҳтарин аз нигоҳи шумо кист?

– Зан бояд қабл аз ҳама рисолати модариашро хуб адо карда тавонад. Модари меҳрубону мушфиқ бошад. Зани содиқу бовафоро на танҳо ман, балки тамоми мардон эҳтиром мекунанд. Вақте ки шавҳар аз кор хаставу монда бармегардад, зан бояд ӯро бо чеҳраи кушодаву табассум пешвоз гирад. Аз чунин пешвози ҳамсар хастагии мард дар як лаҳза мебарояд. Вақте ки дар оила якдигарфаҳмӣҳаст, зиндагӣ хушу гуворо мегузарад.

– Бо зани ҳунарманд, ба қавле артист зиндагӣ кардан душвор нест?

– Пеш аз он ки ман бо бонуи ҳунарманд хонадор шавам, муддати 5-сол ӯро омӯхтам. Дар ин муддат тамоми хислату рафтори Хосиятро фаҳмидам. Маъқул шуд. Ман, ки дил­бохтаи санъатам, ҳамсарамро ҳамчун санъаткор низ дӯст медорам.

Хислатҳои беҳтарини Хосиятбону аз назари шумо?

Вафодорӣ, хоксорӣ, покӣ, ростқавлӣ. Хосият зани мардсифат аст, кореро, ки оғоз намуд, албатта, онро ба анҷом мерасонад. Ҳеҷ гоҳ кори имрӯзро ба пагоҳ намегузорад.

Кадом хислати ҳамсаратон писанди шумо нест?Сирре доред, ки то имрӯз ба занатон нагуфта бошед?

Ягон сирри пинҳонӣ надорам.

Кадом хӯроки мепухтаи бонуи ҳунармандатонро бештар дӯст медоред?

Ҳамсарам, ба ҳунармандиаш нигоҳ накарда, аз уҳдаи пухтани тамоми намуди хӯрокҳо баромада метавонад. Таомҳои болаззат мепазад. Ба ман бештар хӯроки субҳонаи «Нонпотак»-и Хосият, ки аз орду равған ва гӯшти гӯсфанд тайёр мекунад, бисёртар маъқул аст.

Пештар, ҳангоми дар ҳаёт будани модарарӯсам он кас ин хӯрокро хело хуб мепухтанд, тез-тез хоҳиш мекардам, ки барои ман «нонпотак» пазанд. Ҳоло бошад, ин хӯроки лазизро бароям ҳамсарам Хосиятбону тайёр мекунад.

Муҳаббати аввалаатон?

Муҳаббати аввалу охирам модари фарзандони азизам Хосиятбону аст.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД