arzon replenishment
ХОМШӮРБОИ ГӮСФАНДИИ ХУҶАСТАИ МИРЗОВАЛӢ
3914

 

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки бонувони санъаткор ҳаёти шоҳона ба сар мебаранд ва ба ғайр аз худашонро орову торо додан, консерт ба консерту тӯй ба тӯй гаштан дигар ягон кор надоранд.

Дар асл чунин нест, зеро ситораҳои санъат низ мисли мову шумо инсонҳои оддии заминӣ буда, зиндагии худро доранд.

Мехоҳед донед, ки Ҳуҷастаи Мирзовалӣ ҳамчун зан чӣ ҳунарҳо дорад? Пас ба сӯҳбати мо бо ин нозанин мутаваҷҷеҳ бошед!

-Дугонаҳоятон шуморо таъриф карда, мегӯянд, ки Хуҷаста бисёр духтари бо дасту панҷа аст. Кадом хӯрокҳоро пухта метавонед?

-Оши палав, самбӯса, оши бурида,кабоб, гандумкӯча,хомшӯрбо...

-Мо фикр мекардем, ки ситораҳо фақат сихкабоб ва гӯштбирён мехӯранд...

-Магар ситораҳо одам нестанд?! Мо ҳам инсонҳои заминӣ ҳастем ва дар хона ҳамон хӯрокҳеро мехӯрем, ки дигарон истеъмол мекунанд. Хомшӯрбо хӯроки сабук, бомазза ва бисёр муфид аст, аз ҳамин сабаб ман пухтану хӯрдани хомшӯрбо, махсусан хомшӯрбои бо гӯшти гӯсфанд пухташударо дӯст медорам.

-Ин тавр бошад, сирри хомшӯрбои гӯсфандиатонро кушоед, то мухлисонатон низ аз ин баҳра баранд.
-Бо ҷону дил!
Барои пухтани хомшӯрбо чунин маҳсулотҳо лозиманд:
- 500г гушти гӯсфанд (тӯш, қабурға ва каме равғанаш)
- 5-дона пиёз 
- 500г картошка
- 400г сабзӣ
- 4-то помидор резашуда,
- намак ва адвиёт мувофиқи табъ
- ним бандча кашнич
- барги ғор
- 2-дона қаламфур
- 1-қошуқча мурҷ
- камтар зира ва намак

Тарзи таҳия:

Гӯшти гӯсфанд (тӯш, қабурға ва каме равғанаш)-ро ба дег андохта ҷӯшонед. Кафки шӯрборо нагиред, чунки баъди андохтани пиёз худ аз худ нест мешавад. Ба шӯрбо пиёз ва сабзии бутун ва помидори резашударо андохта, каме намак пошед ва мувофиқи табъи худ адвиёт-приправа илова намоед, то хушмазза шавад. Баъди 20-30 дақиқа ҷӯшидани хомшӯрбо ба он картошкаҳоро майда накарда андозед ва оташро паст карда, мнед майда-майда ҷӯшидан гирад. Пас аз он ки картошка пухт, деги таомро аз болои оташ мегиред. Гуфтагӣ барин, 3-4 дақиқа пеш аз пухтани хомшӯрбо ба гашничи резакардаатонро андозед.Вақти кашидани таъом аввал картошка, сабзӣ ва гӯшти шомшӯрборо ба коса бардоред ва сипас обашро ба рӯяш рехта, каме зира пошед.
Бо иштиҳои том!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД