35 years of independency
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026
704

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои мустаҳкам кардани муносибатҳо бо дӯстону наздикон рӯзи мусоид аст. Бо суханони таъсирбахш метавонед дигаронро ба фикри худ розӣ кунед, аммо эҳтиёт бошед, ки ҳарфи сахт наздиконро наранҷонад. Дар кор имконият пайдо мекунед, ки маҳорати худро нишон дода, барои пешрафти касбӣ қадаме гузоред. Агар муҷаррад бошед, эҳтимоли шиносоии ошиқона зиёд аст. Бегоҳ барои баррасии масъалаҳои молиявӣ ва хариди судманд вақти хуб аст. Вале корҳои зиёдро ба дӯш нагиред, то нерӯятон кам нашавад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз шахсеро, ки ба ӯ майл доред, зуд-зуд мебинед, аммо шояд барои мулоқоти самимӣ фурсат пайдо нашавад. Наздикон аз шумо таваҷҷуҳ, ёрӣ ва дастгирӣ мехоҳанд. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб, бештар ба қувваи худ такя кунед ва аз дигарон интизориҳои зиёд надошта бошед. Имрӯз метавонед хариди калон анҷом диҳед ё дар зиндагӣ тағйироти ҷиддӣ ворид кунед. Нақшаҳои моҳи ояндаро низ тартиб диҳед. Агар пуштатон дард кунад, ба саломатии худ диққат диҳед. Ҳангоми интихоби маҳсулоти косметикӣ эҳтиёткор бошед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз бо дӯстон ва ҳамкорон дар муҳити ғайрирасмӣ вохӯред ва доираи шиносҳоятонро васеъ кунед. Эҳтимол аст, ки бо шахси муҳим шинос шавед. Дар оила аз сабаби рашк нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада метавонанд. Барои ором шудан ба корҳои маъмулии хона машғул шавед. Нерӯ ва завқи кориатон меафзояд, бинобар ин метавонед нақшаҳои худро амалӣ созед. Агар ба ёрии молиявӣ ниёз дошта бошед, бо роҳбари коргоҳатон суҳбат кунед. Пулро оқилона истифода баред ва аз хариди саросемавор худдорӣ намоед. Барои беҳтар хоб рафтан бештар дар ҳавои тоза сайр кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз муносибатҳои ошиқонаатон метавонанд боз ҳам гармтар шаванд. Аммо шубҳа ва гумони беасос метавонад ба муносибати шумо бо шахси дӯстдоштаатон таъсири манфӣ расонад. Ӯро бо тӯҳфаи хурд, хӯроки дӯстдошта ё истироҳати гуворо хурсанд кунед. Агар ба кори эҷодӣ машғул бошед, эҳтимол каме дилсард шавед. Аз худ зиёд талаб накунед, зеро завқу илҳом дубора бармегардад. То нисфирӯзӣ метавонед корҳои муҳимро анҷом диҳед ва ба ҳисси ботинии худ такя кунед. Агар вазн гирифтан нахоҳед, истеъмоли нӯшокиҳои ширин ва ғизои зудтайёрро кам кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Агар муносибатҳоятон боз ба мушкилоти пешина рӯ ба рӯ шуда бошанд, имрӯз имконият доред, ки хатогиҳоро ислоҳ кунед. Дар муносибатҳои шахсӣ аз роҳҳои санҷидашуда истифода баред ва барои тағйироти нолозим шитоб накунед. Эҳтимол хабари хуш шунавед ё бо шахси бароятон азиз вохӯред. Ҳарчанд мушкилиҳои хурд метавонанд табъатонро хира кунанд, зуд роҳи ҳалли онҳоро меёбед. Дар масъалаҳои корӣ, муошират ва бастани шартномаҳо пешравӣ эҳтимол дорад. Агар қарздор бошед, кӯшиш кунед қарзатонро баргардонед. Дар охири рӯз ба саломатии худ аҳаммият диҳед ва аз фишори равонӣ дурӣ ҷӯед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Якрангӣ метавонад муносибатҳои шуморо дилгиркунанда гардонад. Барои нав кардани эҳсосот якҷо сайругашт кунед, ба сафар бароед ё ба корҳои дӯстдоштаатон машғул шавед. Агар солҳои зиёд оиладор бошед, вақти он расидааст, ки ба муносибатҳоятон гармӣ бахшед. Масалан, метавонед ҳамсаратонро ба тарабхона даъват кунед. Дар кор барои омӯхтани донишҳои нав ва табодули таҷриба бо ҳамкорони ботаҷриба рӯзи хуб аст. Иттилои навро зудтар аз худ мекунед. Дар тиҷорат аз қадамҳои хатарнок худдорӣ намоед, зеро вазъи молиявиро душвортар карда метавонанд. Барои пешгирӣ аз мушкилоти ҳозима аз хӯроки зудтайёр даст кашед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз эҳсоси муҳаббат метавонад қалбатонро пур аз шодӣ кунад. Муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта мустаҳкамтар мешаванд ва ин ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Рӯзро дар ҳалқаи наздикон ва дӯстони самимӣ гузаронед. Дар муносибат бо одамони ношинос эҳтиёткор бошед. Эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки дар пешрафти касбиатон нақши муҳим мебозад. Ин имкониятро аз даст надиҳед. Агар мехоҳед вазъи молиявиятонро беҳтар кунед, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои нав ҷиддӣ кӯшиш намоед. Ҳамзамон, нерӯ ва вақти худро дуруст тақсим кунед. Агар хаста шавед, барои истироҳат фурсат ҷудо намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳсосоти шумо метавонад хеле тезу шадид шавад. Аз ин рӯ, эҳтимол аст, ки ба ҳодисаҳои ночиз аз ҳад зиёд вокуниш нишон диҳед. Кӯшиш кунед оромиро нигоҳ доред. Шояд барои ҳал кардани мушкилоти дӯстон ё хешовандон вақти зиёд сарф кунед, аммо тамоми ташвишҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред. Дар ҷойи кор имконият пайдо мекунед, ки қобилиятҳои касбии худро нишон диҳед ва сазовори эътирофи роҳбару ҳамкорон гардед. Бо вуҷуди ин, имрӯз дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва барои исботи фикри худ баҳси зиёдатӣ накунед. Барои барқарор кардани нерӯ истироҳат кунед ё ба машғулияти дӯстдоштаатон вақт ҷудо намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз хуб мешавад, ки ҳамсарон ва дӯстдорон ба ҳамдигар ёдрас кунанд, ки чаро якҷо ҳастанд ва чӣ онҳоро ба ҳам мепайвандад. Ин кор метавонад муносибатҳоро боз ҳам самимӣ гардонад. Бо шахси наздикатон аз таҳти дил суҳбат кунед, зеро кӯшишҳои шумо натиҷаи хуб медиҳанд. Дар кор ба маслиҳати ҳамкорони ботаҷриба гӯш диҳед, ҳатто агар хислати онҳо ба шумо писанд набошад. Имрӯз барои анҷом додани муомилоти тиҷоратӣ ва бастани шартномаҳо рӯзи мусоид аст. Бо нақшаи дуруст метавонед ба ҳадафҳоятон наздик шавед. Ҳамчунин, эҳсосоти худро идора кунед ва нагузоред, ки асабоният ба саломатиятон таъсир расонад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар муддати зиёд кӯшиш доред, ки таваҷҷуҳи шахси писандидаатонро ба худ ҷалб кунед, каме оромтар бошед. Бо гузашти вақт вазъият равшан мешавад. Имрӯз шояд ба саёҳату саргузаштҳои нав шавқ пайдо кунед ва эҳсосоти гуногунро аз сар гузаронед. Нерӯи зиёд хоҳед дошт ва фикрҳои ҷолибе дар бораи рушди кори худ ба саратон меоянд. Рӯз барои оғоз кардани корҳои нав, амалӣ намудани нақшаҳо ва баргузор кардани ҷаласаҳо мусоид аст. Эҳтимол хабари ғайричашмдошт шуморо водор кунад, ки нақшаҳоятонро аз нав баррасӣ намоед. Ҳатто агар корҳо мувофиқи хоҳишатон пеш нараванд, рӯҳафтода нашавед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Агар дар ҷустуҷӯи ҳамсафари зиндагӣ бошед, имконияти шиносоии навро аз даст надиҳед. Ҳатто вохӯрии одӣ метавонад оғози муносибати хуб гардад. Ҳангоми қабули қарорҳо фикри ҳамсаратонро низ ба назар гиред ва фаромӯш накунед, ки зиндагии оилавӣ ҳамдигарфаҳмиро талаб мекунад. Имрӯз дар кор хеле чолок мешавед ва вазифаҳоро хуб иҷро мекунед. Бо вуҷуди ин, нисбат ба ҳамкорон меҳрубонтар бошед, зеро на ҳама метавонанд бо суръати шумо кор кунанд. Пулатонро ба корҳои шубҳанок ё лоиҳаҳои ношинос сарф накунед. Агар пойҳоятон зуд-зуд варам кунанд, ба мутахассис муроҷиат намоед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз эҳтимол дорад, ки бо даъвати дӯстон ба маҳфиле равед ва дар он ҷо бо шахси ҷолиб шинос шавед. Шояд вақти он расидааст, ки ба намуди зоҳирии худ каме таровату ҷаззобияти бештар бахшед. Нерӯи шумо ба натиҷаи кори хуб мусоидат мекунад ва барои муваффақ шудан дар чанд самт ёрӣ мерасонад. Агар имрӯз имконият пайдо кунед, ки меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносии худро нишон диҳед, аз он истифода баред. Аммо вазифаҳои нолозими дигаронро ба дӯш нагиред ва вохӯриҳои ғайризаруриро кам кунед. Ба масъалаҳои молиявӣ аз ҳад зиёд машғул нашавед. Имрӯз аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД