Formula september
Авзалшоҳ Шодӣ: Бо як нигоҳ ошиқ шудам
2770

 

Даричаи ошноӣ
Афзалшоҳи Шодӣ 2 июни соли 1962 дар оилаи хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1979 пас аз хатми мактаби миёнаи № 6-и деҳаи Ғусар ба Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, факултаи мусиқӣ ва сурудро бо муваффақият хатм мекунад ва худи ҳамон сол ба Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба кор меояд. Пас аз як сол ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон мегузаронанд. Дар Филармония аввал дар гурӯҳе, ки ба он Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов роҳбар буд, кор карда, сипас ба ансамбли рубобчизанон, ки роҳбариашро Маҷнун Баротов ба уҳда дошт, мегузарад. Шогирди Артис­ти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов мебошад. Айни замон вазифаи пурмасъулияти Директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевро ба уҳда дорад. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Хиради миллат» дар соли 2014.

Зан аз нигоҳи Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ?

Зан олиҳаи ҳусну ҷамол аст. Бе зан зиндагӣ, ҳаёт вуҷуд надорад. Зан-ҳамсар, зан-модар, хоҳар аст. Зан чароғи равшанест, ки бе он зиндагӣ торику дилгир аст. 

Модар, модар, ягонаӣ баъди Худо,

Эй дасти мубораки ту аст дасти Худо.

Модар, модар зимоми оламро гир,

Аз дасти бадон, тамоми оламро гир.

Зан-модарро, ки офаридгор аст, мисли гул бояд эҳтиёт кард. Ман назди бузургии зан сари таъзим фуруд меорам.

– Кай бори аввал ошиқ шудед?

Моҳи ноябри соли 1984, ҳамон рӯзе, ки ҳамроҳи тағои профессорам Алӣ Раҳмонов, устодон Лоиқи бузургвору Ҷӯрабек Муродов дар хонаи нависанда устод Сорбон меҳмон шудем. Бо як дидани духтари устод, Муҳтарам дар дилам оташи ишқу муҳаббат шуъла зад. Ин оташи гарми муҳаббат дере нагузашта ду дилро пайванд кард.

– Аз ҳамсаратон сирри пинҳоние доред?

– Аз зан сирро пинҳон карда намешавад. Зани оқилу доно ва босавод дарҳол аз рафтору гуфторат сирри дилатро мефаҳмад.

– Кадом хӯрокҳои ҳамсаратонро бештар меписандед?

– Ҳама хӯрокҳои пухтаи ҳамсарам ба ман маъқул аст, вале оши палав ва ширбиринҷи шоҳонаашро бо маҳорати махсус мепазад.

Хислати беҳтарини ҳамсаратон?

Оромтабиат, бо сабру таҳаммул буданашро. Меҳмони хонаи мо соати муайян надоранд, соати сеи шабу ними шаб меоянд. Ягон бор нашудааст, ки ҳамсарам аз омадани меҳмон гила карда бошанд. Ҳамеша бо чеҳраи кушода меҳмонро меҳмондорӣ мекунад, ки бароям хушоянд аст.

Ягон хислати бади ҳамсаратонро мушоҳида кардаед?

Дар давоми зиндагии 30-солаам ягон хислати бадашро надидаам.

Туҳфаи беҳтарин ба ҳамсар?

Чеҳраи кушода, лаби пурханда ва садбарги тару тоза.

Дар «Соли оила» ба оиладорони ҷавон барои мустаҳкамии оила чӣ тавсия медодед?

Мардҳо бояд нигоҳбони оила бошанд, то ин ки он парокандаву ҷудо нашавад. Пеш аз ҳама, дар оила якдигарфаҳмӣ ва сабру таҳаммул лозим аст. Барои ин занону духтарон бояд соҳибмаълумоту соҳибкасб ва бомаърифат буданашон лозим. Агар ҳар як зан ин чизро доро бошад, оила мустаҳкам гашта, фарзандони оқилу солим ба камол мерасанд. Фарзандони чунин оила такягоҳи падару модар ва ояндасози давлату миллат хоҳанд шуд.

 Муҳтарам Ҳамроева: Афзалшоҳ дар хона ошпази моҳр аст

Даричаи ошноӣ:
Муҳтарам Ҳамроева 2 марти соли 1963 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи нависанда Сорбон ба дунё омадааст. Соли 1980 пас аз хатми мактаби миёнаи №53-и пойтахт ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) дохил шуда, соли 1985 факултаи шарқшиносии донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муаллимаи забони ҳиндӣ хатм кардааст. Солҳои 1985-1994 ба ҳайси муаллимаи забони ҳиндӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс медод. Аз солҳои 1994 то 1999 дар мактаби миёнаи №94-и пойтахт ба хонандагон хати форсиро меомӯхт. Оиладор, соҳиби чор фарзанд: Шервон, Рахшон, Султон, Барно ва се набера: Райҳона, Достон ва Лола.

– Мард аз нигоҳи шумо бояд чӣ гуна бошад?

Мардро шоҳсутуни хонадон мегӯянд. Шоҳсутуни хонадон бошад, бояд оиларо нигаҳбон ва аз ҳар ҷиҳат таъмин намояд. Зану фарзандҳояшро хӯронад, пӯшонад ва дар тарбияи онҳо саҳмгузор бошад. Дар Қуръони карим ҳам дар бораи зан бисёр хуб оварда шудааст, ки ба зан, модар, офаридгор фишор овардан аз рӯи ақлу инсоф нест. Чӣ тавре ки пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с) ба ҳамсарашон боре ҳам ҳатто нигоҳи бад – қаҳролуд ё ғазаболуд накардаанд, занро бояд эҳтиёт кард, зеро офарандаи фарзанд-одам дар олам аст. Нисбати зан-модар бо иззату эҳтиром будан хислати беҳтарини инсонист.

Афзалшоҳ гуфтанд, ки бо як нигоҳ ба Шумо ошиқ шудаанд. Шумо чӣ?

Агар гӯям, ки ошиқ нашуда хонадор шудаму баъд ошиқ шудам, бовар мекунед?

Инаш аҷиб?

– Падарам шикорро дӯст медоранд. Ҳар вақт, ки аз шикор бармегаштанд, хонаамон пур аз меҳмонон – шоиру нависандагон ва ҳунармандон мешуд. Дар яке аз чунин меҳмондориҳо, ки он бештар ба шаби шеъру суруд монанд буд, Ҷӯрабек Муродов ва шоири номдор Лоиқ Шералӣ меҳмони кошонаамон гаштанд. Ҳамроҳашон як ҷавони резапайкар буд. Ман, ки он вақт дар курси чоруми донишгоҳ мехондам, барои меҳмонон оши палав пухтам. Аз афташ,ошам бисёр бомазза омадааст, ки меҳмонон таърифкунон хӯрданд. Баъд падарам маро ҷеғ зада ба меҳмонон муаррифӣ карданд ва шӯхикунон гуфтанд, ки муаллиф ана ҳамин духтарам аст. Афзалшоҳ, ки ҳамроҳи устодон дар он маҳфил иштирок дошт, бо як дидан ба ман ошиқ шудаанд. Баъд устодон Лоиқу Ҷӯрабек ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Падару модарам бо ризогии ман ноябри соли 1994 моро тӯй карданд. Худоро шукр, ҳоло оилаи ободу хушбахт дорам. Шавҳари азизу меҳрубон ва чор фарзанду се набераи дилбандам бароям як ҷаҳон хушбахтианд.

Кадом хислатҳои шавҳаратонро меписандед?

Дилсофу бекина будан ва кӯдакдӯстдорияшро. Ҳангоми сафарҳои эҷодияшон рӯзе нест, ки се-чор маротиба занг зада, аз ҳолу аҳвол ва хониши кӯдакон пурсон нашаванд.

Кадом хислати шавҳаратон ба Шумо маъқул нест?

Асабонӣ шавад, мисли алав дар мегиранду боз дар як лаҳза хомӯш мешаванд.

Шавҳари ҳунармандатон кадом хӯрокро хуб мепазанд?

Хаёл мекунам, ки ҳеҷ кас мисли Афзалшоҳ дамлама пухта наметавонад.

Шумо ҳамчун омӯзгор метавонед бо донишу истеъдоди худ дар як вақт хонандагонро бо чанд забонҳо: тоҷикиву русӣ, ҳиндиву форсӣ, урдугӣ ва англисӣ таълим диҳед, чаро хонанишиниро авлотар донистед?

Ман худ дар оилаи эҷодкор ба воя расидаам. Заҳмати эҷодкоронро хуб медонам. Эҷодкорон одамони бисёр нозук мешаванд ва ҳамеша банди эҷоданд. Хостам барои шавҳари эҷодкорам тамоми шароитҳоро муҳайё созам. Ба хотири шавҳари азизу фарзандони дилбандам, ки ба онҳо аз хурдӣ таълим медиҳам, аз баҳри кор гузаштам.

Шунидем, ки ҳунари зардӯзӣ ҳам доред?

Бале, модарам Зуҳрохон зардӯзи моҳир ҳастанд ва ба мо шаш духтаронашон дар баробари маълумоти олӣ гирифтан ин касбро омӯзонданд. Тамоми либосҳои зардӯзии Афзалшоҳро, ки дар саҳна ба бар мекунад, ҳамроҳи духтаронам Рахшонҷону Барноҷон худамон медӯзем.

Дар ҷашни 30-солагии тӯйи арӯсиятон шавҳаратон ба шумо чӣ туҳфа карданд?

Тамоми ҳастӣ, буду шуди худ ва як бағал гули дӯстдоштаи садбаргҳои сурхро, ки бароям беҳтарин туҳфа аст, тақдим карданд. Шеъреро, ки ҳангоми ба ман ошиқ шудан мехонданду баъдтар ба оҳанг дароварда гуфтанд, ки ин сурудро танҳо ба ту азизи дилам бахшидаам.

Дарё маҷӯ, дарё манам,

Дунё маҷӯ, дунё манам.

Ёри дили танҳои ту,

Танҳо манам, танҳо манам.

 «Оила», 23, 10.06.2015

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД