arzon replenishment
Манижа шавҳарашро ба Нигина фурӯхту...
24.06.2019
Дилошуб
5126

 

Сиёҳбахт
Нигина ду бор шавҳар карда бошад ҳам, рӯйи бахтро надид. Шавҳари якумаш девона баромад ва ҳамагӣ баъди як ҳафтаи хонадорӣ Нигинаи арӯсак бо тахту бораш ба хонаи падараш баргашта, қариб як сол аз шикасти бахт ба худ наомад. Баъдтар падару модараш ӯро ба як хеши занмурдаашон ба шавҳар доданд, вале ин дафъа низ бахташ омада накард. Баъди соҳиби ду духтарча шудан шавҳараш думболи як зани аз худаш 10 сол калонро гирифту Нигинаи берӯзиро талоқ дод. Бародаронаш аллакай хонадор ва соҳиби фарзанд гашта буданду зиндагӣ барои Нигинаи сиёҳбахт дар манзили падарӣ тоқатфарсо гашта буд. Янгаҳояш ҳамеша кӯдакони ӯро “сағераҳои бесоҳиб” гӯён, мезаданд, мепучиданд, озор медоданд. Падару модараш низ акнун саргарми набераҳои писариашон буданд ва ду фарзанди Нигинаро нонхӯри зиёдатӣ ҳисобида, ба кӯдакони бечора рӯйи хуш намедоданд. Дили Нигина барои кӯдаконаш пора-пора шавад ҳам, ҷуръати садо баланд кардан надошт, зеро ӯву фарзандонаш дар ин хона дастнигар буданд...

Рӯ ба муҳоҷират

Ҳоли зори Нигинаю бачаҳояшро дида, Муҳаббат ном ҳамсояашон, ки чанд сол боз ба Русия рафта меомад, пешниҳод намуд, ки ҳамроҳи ӯ ба шаҳри Петербург равад ва кор карда, пул ҷамъ кунаду хона харад. Нигина дарҳол ин пешниҳоди ҳамсоязанро пазируфт ва чалаю гӯшворҳои тиллоияшро фурӯхта, чиптаи ҳавопаймо хариду ҳамроҳи Муҳаббат ба Русия парвоз кард.

Душвор буд барои як зани ҳеҷ гоҳ аз хона набаромадаи тоҷик дар мулки бегона сарҳисоби зиндагиро ёфтан, вале бо кӯмаки Муҳаббат Нигина оҳиста-оҳиста шеваи корро омӯхт. Аввалҳо вай самбӯсаи варақӣ пухта ба бозор мебаровард, баъд бо маслиҳати як дугонааш хонаи сеҳуҷрагиеро ба иҷора гирифт.

-Якбора пули яксолаи иҷораро деҳ, то ки соҳибхона дилпур шавад, баъд бемалол чанд иҷоранишини дигар ёфта, дар ин хона ҷой мекунию аз ҳисоби онҳо каттагӣ карда мегардӣ,-маслиҳат дод ба ӯ дугонааш Бунафша, ки чандин сол дар Русия кор карда, аллакай “гург” шуда буд.

Нигина ба гуфти дугонааш амал намуда, пули яксолаи иҷораи сеҳуҷрагиро дод ва калидҳоро аз дасти соҳибхона гирифт. Бо кӯмаки Бунафша онҳо ба зудӣ 12 тоҷики дигарро дар ин манзил ҷой карданд. Муҳоҷирон дар ҳар як ҳуҷра 4 нафарӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳар кадомашон ба Нигина моҳе 5 ҳазор рубли русӣ медоданд. Дар як сеҳуҷрагӣ зистани 14 нафар бисёр душвор ва аз бисёрии одам ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Нигинаю Бунафша худашон дар ошхона хоб мерафтанд ва баъзан барои ба ҳоҷатхона ё ҳамом даромадан соатҳо навбат мепоиданд, вале ба хотири пули муфт ба ҳамааш тоқат мекарданд. Нигина як қисми пулро барои хӯрду хӯроки фарзандонаш мефиристод ва маблағи боқимондаро ҷамъ мекард, то ба Ватан баргашта, хоначае харад, вале....

Дар доми ишқ

Ҳамин тавр, аз байн се сол гузашт ва ба иҷорахонаи Нигина Саид ном муҳоҷир иҷоранишин шуда омад. Ин марди дар занбозӣ беустухон ба зудӣ дили ин ҷавонзани пулдорро ба даст оварда, Нигинаро ба никоҳ кардан розӣ кунонд. Акнун Нигина ҳамроҳи шавҳараш дар ошхона хоб мерафту дугонааш Бунафша дар балкон шабҳоро саҳар мекард. Саид на пули иҷораро медод ва на ба хона як дона нон меовард, вай баръакс пулҳои Нигинаро хӯрда, аз ҳисоби ӯ ба худ мошин харид, то ки таксӣ зада, пул кор кунад. Маблағи аз ҳисоби таксӣ ба даст овардаашро Саид чӣ кор мекард, Нигина намедонист.

-Дугона, ба фикрам ҳамин мардак зан дорад ва пулҳоятро хӯрда, баъд туро “кидат”мекунад,-гуфт рӯзе андешамандона дугонааш Бунафша.

Ин гап ба Нигина, ки ошиқи зори Саид гашта буд, сахт расид ва абрӯ чин карда бо ситеза ҷавоб дод:

-Саид ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад, чунки вай маро дӯст медорад. Ту худат, ки шӯ надорӣ, ба ман ҳасад мебарӣ...

- Худо кунад, ки чунин бошад, вале ман ба ин мардак боварӣ надорам. Хафа нашав дугонаҷон, вале чашмони шавҳарат ҳамеша бозӣ мекунанд, афту андомаш ҳам ба “машенник”-ҳои мардумфиреб монанд аст,-Бунафша инро гуфту омин карда аз сари дастурхон бархост...

Балои ногаҳонӣ

Аз ин гуфтугӯи дугонаҳо як ҳафта нагузашта, Саид омирона ба Нигина фармуд:

-Як хонаро холӣ карда, тоза карда мон, ин бегоҳ зану писарчаи ман меоянд.

-Зану писарат меоянд?! Чаро пештар нагуфтӣ, ки ту зану фарзанд дорӣ?

-Ман вазифадор нестам, ки ба ту ҳисобот диҳам. Гапро дароз накарда зудтар хонаро холӣ кун, набошад талоқатро медиҳам,-таҳдид кард Саид.

Аз даст додани Саид барои Нигинаи ба доми ишқ афтида аз марг ҳам бадтар буд, аз ҳамин хотир ба тақдир тан дода, оби чашмонашро поккунон пурсид:

-Иҷоранишинҳоро чӣ кор мекунем?

-Онҳоро ду нафарӣ ба ду хонаи дигар тақсим кун,-роҳ нишон дод Саид.

-Охир онҳо пул медиҳанд, норозигӣ карданашон мумкин аст.

-Пулашон сарашонро хӯрад, хоҳанд ҳамин, нахоҳанд баромада раванд,-Саид инро гуфту калиди мошинашро бозикунон баромада рафт...

Палонҷҳо

Ҳамин тавр ҳамсари қонунии Саид ба Русия омад ва ҳамагӣ баъди ду рӯз фаҳмид, ки шавҳараш дар ин љо зани дуввум доштаст. Дили Нигина ба ларза омада, аз тарс намедонист дар куҷо пинҳон шавад, вале ғайричашмдошт зани якуми шавҳараш ба рӯйи ӯ хандида гуфт:

-Медонам, ки ту Саидро аз ҷонат ҳам зиёдтар дӯст медорӣ, агар хоҳӣ, ман аз баҳри шавҳарам мегузарам ва ӯро ба ту бахшида, писарчаамро гирифта меравам…

Нигина ба гӯшҳои худаш бовар накарда пурсид:

-Ту аз баҳри шавҳари қонуниат гузашта, баромада меравӣ?!

-Бале, меравам, вале ба як шарт!

-Чӣ шарт?

-Ту бар ивази шавҳарам ба ман панҷ ҳазор доллари амрикоӣ медиҳӣ. Медонам, ки пул дорӣ, агар Саидро дар ҳақиқат дӯст дорӣ…

«Аҷабо, ин занаки сода шавҳарашро ин қадар осону арзон ба ман фурӯхтанист» аз дил гузаронд Нигина, бехабар аз он ки палонҷаш дар сар нақшаи дигар дорад…

(Идомаи қиссаро пагоҳ соати 22.00 интзор бошед

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД