Манижа кайҳо ба шавҳарфурӯшӣ одат карда буд. Ваю шавҳараш Саид, ки дар дилёбӣ ва макру ҳила устухон надошт, занҳои содаро ба дом афканда, аз ҳисоби онҳо пули калон кор мекарданд.
Пеш аз Нигина Саид бо маслиҳати занаш Гуля ном ҷавонзани ӯзбекро ба никоҳи худ дароварда буд ва чанд ҳазор долларашро хӯрда, оқибат ӯро “кидат” кард. Манижа аввал розигӣ дод, ки шавҳараш бо Гуля зиндагӣ кунад. Муддати ду сол зану шавҳар бо ҳар баҳона аз ин ҷавонзани сода пул ситонида, зиндагиашонро хеле обод намуданд, баъд Манижа бо маслиҳати шавҳараш исён бардошт, ки талоқи зани дуюматро медиҳӣ, набошад дигар рӯйи фарзандатро намебинӣ. Саид гӯё байни обу оташ монда, ба хотири фарзандаш аз Гуля ҷудо шуд, вале дар асл ҷангу ҷанҷол ва рашку итоби Манижа мазҳакае беш набуд. Пулҳои ҷавонзан тамом шуда буданд ва дигар аз Гуля ба Манижаю Саид ягон фоида намерасид, аз ҳамин сабаб зану шавҳар номи ӯро аз китоби зиндагиашон хат зада, дар ҷустуҷӯйи сайди нав афтиданд....
Эълон гунаҳкор
Шавҳарфурӯшии Манижа қиссаи аҷибе дошт. Вай чанд сол пеш ҳамроҳи шавҳараш ба Русия омада буд ва як рӯз иҷорахонаашонро тоза карда истода, газетаҳои русии соҳибхонаро ҷо ба ҷо кунон, тасодуфан чашмаш ба як эълони аҷиб афтид: “Меняю мужа на норковую шубу” навишта шуда буд дар эълон. Шӯхӣ ё ҳаққонӣ будани он эълонро Манижа намедонад, вале баробари хондани он дар сари вай идеяи аҷибе пайдо шуд ва худ ба худ зери лаб пичиррос зада гуфт: “Шавҳари ман ҳам ҷавони зебо аст, ӯро бар ивази маблағи муайян ба занҳои бой бахшида, аз ин ҳисоб пул кор кардан мумкин аст...”
Бегоҳ Манижа идеяашро ба шавҳараш гуфт. Саиди занбоз дарҳол розӣ шуд, зеро аз ин савдо ба осонӣ ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид.
Вай кофта-кофта занњои сарватмандро меёфт ва бо меҳрубонӣ дилашонро ба даст оварда, никоҳ карда мегирифту баъди чанд муддат ҳамсарашро аз Тоҷикистон даъват мекард. Манижа аввал гӯё каме рашк мекард, баъд аз зани дуюми шавҳараш пул ситонида ба Ватан бармегашт. Аз байн 5-6 моҳ, ки гузашт, Саид бо ягон баҳона ба назди зану фарзанди худаш мерафт ва зани дуюми фиребхӯрдаро фаромӯш мекард.
Савдои бахт
Нигина пешниҳоди палонҷашро бо хушнудӣ қабул кард ва аз пули барои хонахарӣ ҷамъкардааш ба ӯ панҷ ҳазор доллар дод. Манижа пулро гирифта бо табъи болида гуфт:
-Акнун шавҳар шавҳари ту аст, ман дигар ба ҳафт пушти Саид кор надорам!
-Боз пушаймон шуда аз фикрат нагардӣ?-Нобоварона пурсид Нигина.
-Ман зан бошам ҳам, гапам яктост, гуфтам, ки аз баҳраш мегузарам, мегузарам! –палонҷашро дилпур намуд Манижа ва писарчаашро гирифта баромада рафт...
Найрангҳои марди занҷаллоб
Манижа пули муфтро гирифту чипта харида ба Ватан парвоз кард. Нигинаи сода гумон дошт, ки бо ҳамин аз зани якуми шавҳараш халос шуд ва минбаъд хушбахтона зиндагӣ хоҳад кард, вале дере нагузашта Саид бо баҳонаи он ки апааш сахт бемор шудааст, азми бозгашт намуд. Нигина барои шавҳараш чипта харид ва бо туҳфаҳои бисёр ӯро ба назди хешу табораш гусел кард. Ҳангоми гусел Саид ваъда дода буд, ки даҳ рӯз пас бармегардад, вале як моҳ гузашту аз ӯ дарк нашуд. Нигина мисли мурғи посӯхта чӣ кор карданашро намедонист ва ҳар рӯз ба Саид занг зада хоҳиш мекард, ки зудтар баргардад, вале марди маккор ҳар дафъа баҳона пеш меовард, ки тамоми пулҳояшро ба табобати апааш сарф кардаасту маблағе надорад, ки чипта харида ба Русия парвоз кунад. Нигина ду бор ба ӯ пули билет фиристод, аммо Саид, ки аслан нияти баргаштан надошт “аҳволи апаам якбора бад шуд, маҷбур шудам, ки ӯро ба духтур бурда, бо пулҳои фиристодаи ту барояш дорую дармон харам” гӯён, ӯро фиреб медод. Косаи сабри ҷавонзан аз интизорӣ лабрез гашт ва дафъаи сеюм дар назди Саид шарт гузошта гуфт:
-Майлаш, ман боз ба ту пул мефиристам, вале ба номи Худо қасам, агар ҳамин дафъа ҳам набиёӣ, билет мехарам ва рост ба хонаатон рафта, туро худам маҷбурӣ кашолакунон меорам. Фаромӯш накун, ки туро занат ҳамту муфтакак не, бар ивази пули калон ба ман бахшидааст. Ту акнун моли ман ҳастӣ ва ман туро ба ҳеҷ кас намедиҳам...
(Идомаашро пагоҳ соати 22.00 интизор бошед!)