Дар озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-и ҳафтаномаи «Оила» сарояндаи ҷавону овозадори кишвар, Муҳаммадрафии Кароматулло, фарзанди шоҳсутни эстрадаи тоҷик зиндаёд кароматуллои Қурбон ва роҳбари ансамбли «Ориён»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастболо гашта, соҳиби шоҳҷоиза-роҳхати сафар ба шаҳри Дубай гашт.
Муҳаммадрафӣ бо дастгирии мухлисони сершумораш дар ин озмун ғалаба ба даст оварда, ҳамчун арзи сипос барои касоне, ки ба ҷонибдориаш овоз додаанд, ду туҳфаи олиҷаноб тайёр карда буд. Ин ҳунарманди маъруф шарт гузошт, ки туҳфаро танҳо ба касоне тақдим хоҳад кард, ки аз таронаҳои ӯ ақаллан чанд мисраъ замзама карда тавонад. Ин шарти Муҳаммадрафӣ боиси «задухӯрд»-и мухлисон дар толор гашта, якбора чанд нафар даъвогари гирифтани туҳфа аз дасти ин овозхони муваффақ гаштанд. Биёед ин муборизаи шадиди ҳунариро ҳамроҳ тамошо мекунем…