Хонандагони азиз, тавре ки огоҳед, шоми 6 август, соати 19:30дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан” дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб, бинобар сабаби аз кор баромадани тормозаш ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашт, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.
Баъди як рӯзи ин фоҷиаи мудҳиш ҳайати эҷодии сомонаи “Оила” барои ибрози ҳамдардӣ ва фаҳмидан ҳақиқати хабарҳои паҳншуда ба макони ҳодиса сафар намуда, бо оилаҳои ҷабрдида суҳбат намуд.
Ба вежа, дар расонаҳо хабаре чарх зад, ки гӯё дар натиҷаи ин садама домоду арӯсе фавтидаанд. Мо ба хонаи арӯс рафтем. Вақте ки ба ҷойи ҳодиса расидем, занону мардони зиёде дар ҳавлии мотамхона қарор доштанд. Яке ба пайвандони фавтида изҳори ҳамдардӣ мекарду дуюмӣ кӯмаки дастаҷамъонаи молӣ мерасонид.
Дар даромадгоҳи ҳавлӣ ду ҷавондухтарро вохӯрдем. Баъд аз муаррифӣ ва баёни ҳамдардӣ пурсидам, ки барои ин хонавода кӣ мешаванд. Ӯ арӯси хонадон буд ва мо ҳамроҳаш ҳамсӯҳбат шуда, аз вазъи рӯзгорашон навор омода карда, дар сафҳаҳои “Оила” нашр кардем.
Навори мазкурро дар ютуби мо давоми 4 рӯз бештар аз 1 миллион нафар ва дар порае аз онро дар Инстаграм зиёдтар аз 700 000 нафар тамошо карданд.
Дар ин муддат бо дархости “Оила” Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, 2 нафар равоншиносро барои кӯмак ба зарардидгони ин хонавода ва маҷрӯҳони садамаи мазкур ба шаҳри Кӯлоб фиристод.
Ҳамзамон, масъалаи бо нафақа таъмин намудани Ёров Ҷумъахон, падари ин хонадон, ки маъюби гуруҳи якум аст, аллакай матраҳ шуда истода, рӯзҳои наздик роҳи ҳалли худро меёбад.
Бояд гуфт, дар охири навор ва матолиби мо дар мавриди ин хонавода рақами корт ва телефони аъзои он гузошта шудааст, то ки одамони сахӣ барояш дасти кӯмак дароз кунанд. Хушбахтона, кӯмакҳои моддию маънавӣ ба унвонии онҳо рафта истодааст.
Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат бо “Оила” гуфт, корҳои тозакунии ҷойи ҳодиса дар ин хонаҳо анҷом ёфта, сохтмони манзилҳои нав барои онҳо оғоз мешаванд.
Дӯстони азиз, мо хурсандем, ки шумо нисбат ба вазъи сокинони шаҳри Кӯлоб бетараф нестед ва ҳамарӯза аз мо дар мавриди рафти корҳову натиҷаҳои садама мепурседу навори моро аз хонаводаи зарардидагон миллион бор бештар тамошо кардед. Дар воқеъ, танҳо бо муттаҳидӣ мо метавонем ба якдигар дасти мадад дароз кунем, зеро иттиҳоди мо ин қудрати мост.
Аз идора: Шахсоне, ки мехоҳанд ба оилаҳои зарардида кӯмак намоянд, рақами телефон ва кортҳояшон чунин аст: 918-65-68-27 - Душанбе сити (Ҷумахон Ёров), 9762-0000-7902-1696 - Душанбе сити - рақами пайваст 988-63-29-42 (Бибироҳиламоҳи Шамсулло), Сбербонк 922-61-74-775 (Малика Суфӣ) 918-81-90-34 - Душанбе сити - (Ёров Сафаралӣ).