Ин навраси дар гирдоби ғам афтода Умедҷон Шарипови 14-сола мебошад, ки имрӯз тамоман бе касу кӯй мондааст. Падари Умедҷон ҳанӯз 8 сол пештар аз олам гузашта буд, як ҳафта пеш бошад, модараш Ҷамила Воҳидоваро дар пушти дари хонаашон бераҳмона ба қатл расониданд.
Кормандони мақомоти ҳафзи ҳуқуқ Умеда Ғафуроваро ҳамчун гумонбар дар куштори Ҷамила Воҳидоваи 42 сола дастгир намудаанд. Дар хабари расмии Вазорати Корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Умеда Ғафурова аз рӯйи хусумати шахсӣ Ҷамила Воҳидоваро дар даромадгоҳи бинои истиқоматиаш корд задааст.
Байни як духтари 25-сола ва зани 42-сола чи хусумат ва душмание вуҷуд дошт, ки боиси куштори бераҳмона гашт?
Гумонбар ва марҳум пештар ҳамдигарро мешинохтанд?
Шоҳидони ҳодиса дар бораи ин кушори бераҳмона чиҳо мегӯянд?
Барио ба ин савлҳо посух гирифтан мо ба нҳияи Ёвон сафар карда, бо пайвандон ва ҳамсояҳои марҳум Ҷамила Воҳидова ҳамсуҳбат гаштем.