Formula september
Омори садамаи пурқурбонии Кӯлоб дақиқ шуд
618

 

Шоми 6 август, соати 19:30-дақиқа, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан"”, дорои ядак (прицеп) рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ» ба садама дучор шудааст.

Дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилӣ гуфта шудааст, ки дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб дар назди бозори «Сомониён», бинобар сабаби аз кор баромадани тормози воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гаштаааст.

Ба иттилои манбаъ, дулан якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб гуфт, дар ин ду манзил дирӯз тӯйи арӯсӣ буд ва ҳодиса баъди анҷоми тӯй сурат гирифтааст. Нақлиёт хонаи мазкурро пурра чаппа гардонидааст.

“Хирургияи шаҳр пури захмиён аст. Одамони зиёд ҷароҳат бардоштанд. 10 нафар ба ҳалокат расидаааст, ки аз ин 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона вафот карданд. Ҳамчунин, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки аз ин 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Айни замон 1 нафар аз беморхона ҷавоб дода шудааст”, - гуфт манбаи “Oila”.

Шарофиддин Рустамов, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, дар суҳбат бо рӯзномаи "Хатлон" ин оморро тасдиқ кардааст.

Манбаи мо гуфт, нақлиёти мазкур ҳангоми омадан аз самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ронанда дар ҳудуди маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳр мефаҳмад ,ки тормози мошинаш кор намекунад. Суръати ронандаш ниҳоят баланд будааст. Вақте ба назди бозори "Сомониён" мерасад, ӯ идораро аз даст дода, воситаҳои нақлиёту одамонро пахш мекунанд. Исми чанд қурбонӣ дастраси "Oila" шуд, вале феълан санҷиши дурустиашон имкон надорад.

Бояд гуфт, ки садамаи мазкур мудҳиш ва пурқурбонӣ буда, хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард. Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ, Вазири тандурустӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД