Дар садамаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки сару садои зиёдеро ба бор овард, 11 нафар фавтидаву даҳҳо нафари дигар ҷарроҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Вале хабари тасдиқношуда, ки дар миёни онҳо домоду арӯс ҳам будааст, ҳамагиро ғамзада кард.
Ҳайати эҷодии сомонаи "Оила" тасмим гирифт, барои ибрози ҳамдардӣ ва фаҳмидан ҳақиқати хабарҳои паҳншуда ба макони ҳодиса сафар намуда, бо оилаи ҷабрдида ва пайвандони арӯс суҳбат намояд.
Вақте ки ба ҷои ҳодиса расидем, занону мардони зиёде дар ҳавлии мотамхона қарор доштанд. Яке ба пайвандони фавтида изҳори ҳамдардӣ мекарду дуюмӣ кӯмаки дастаҷамъонаи молӣ мерасонид. Дар даромадгоҳи ҳавлӣ ду ҷавондухтарро вохӯрдем. Баъд аз муаррифӣ ва баёни ҳамдардӣ пурсидам, ки барои ин хонавода кӣ мешаванд.
Гиряи хомӯшу бесадо
Дар рафти суҳбат маълум шуд, ӯ ҳамон духтарест, ки як рӯз пеш аз ҳодиса тӯйи арӯсӣ дошт ва сипас, хабаре паҳн гашт, ки гӯё ҳамроҳи домод фавтидаанд. Ӯ хомӯш буд ва чанд дақиқае, ки ҳамсуҳбаташон будем, бо чашмони маҳзунаш ба рӯи ҳавлии падар, ки акнун харобу дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, менигарист. Натавонист сухане гӯяд.
- Ман шоҳиди ҳамаи ҳодиса будам, - гуфт духтари ҳамроҳаш. - Истода будам, ки "Дулан" омаду аввал ба як қубури ҳавлӣ бархӯрд. Ҳамин тавр, дар як лазҳа ҳавлии мо чаппаю роста шуд. Хонаҳоямон, ки дар як ҳавлӣ чор амакам бо писарону келинҳою набераҳояш зиндагӣ мекунанд, ба ҳам часпидаанд. Ҳамон шоми ҳодиса вақте "Дулан" тамоми хонаҳои моро ба хок яксон кард, дар ҳолати шокӣ қарор доштем. Намедонистм, ки ба кӣ кӯмак расонам. Мегуфтанд, ки давида янгаамро аз зери чарх бароред, кӯдакро гиред, инашро гиред, бовар кунед, ҳолати руҳиям хеле бад аст. Худо чунин рӯзро ба душмани кас нишон надиҳад, - гуфт ӯ.
Хушбахтона, арӯсро зиндаву саломат дар рӯбарӯямон дидему шукр гуфтем, ки хабари шунидаи мо ҷуз дурӯғ чизи дигаре набудааст. Бинобар ин, дар мавриди чӣ гуна паҳн шудани ин хабар аз ҳамсӯҳбатамон пурсидем:
"Дар бораи оне, ки гӯё арӯсу шаҳ низ дар ин ҳодиса ҳалок шудаанд, ин овоза буда, ҳақиқат надорад. Ҳамин кас арӯс аст ва айни ҳол домод дар хонаи худашон, ки як кӯча поёнтар зиндагӣ мекунанд, сиҳату саломат аст", - гуфт ҳамсуҳбати мо ва ҳамроҳи арӯс аз наздамон дур шуданд...
Хонаам валангор шуду...
Ҷумахон Ёров, узви оилаи Ёровҳост, ки дар ин ҳодиса 3 аъзои оилааш дар назди чашмонаш фавтиданд. Тавре ки ӯ дар суҳбат бо "Oila" қайд кард, вақти рух додани ҳодиса дар назди дарвоза нишаста буд.
"Чӣ тавр "Дулан" омаду ба хонаи мо бародарон бархӯрд, тасвир карда наметавонам. Ман, ки маъюби гурӯҳи якум ҳастаму қувваи корӣ надорам, чор пайвандамро аз даст додам - ҳамсарам, духтарам ва писарам дар пеши чашмонам вафот карданду хонаам ба пуррагӣ хароб шуд. Акнун намедонам, тақдири ояндаам чӣ мешавад", - гуфт падари арӯс.
Баъди ворид шудан ба ҷойи ҳодиса амаки арӯс Шамсулло Ёров ва бародаронашро пайдо кардем. Онҳо ҳодисаро бо тафсил нақл карданд, ки шумо метавонед дар навори мо тамошо кунед.
Аз идора: Шахсоне, ки мехоҳанд ба оилаҳои зарардида кӯмак намоянд, рақами телефон ва кортҳояшон чунин аст: 918-65-68-27 - Душанбе сити (Ҷумахон Ёров), 9762-0000-7902-1696 - Душанбе сити - рақами пайваст 988-63-29-42 (Бибироҳиламоҳи Шамсулло), Сбербонк 922-61-74-775 (Малика Суфӣ) 918-81-90-34 - Душанбе сити - (Ёров Сафаралӣ).