Arzon march 2024
Орзу Ҳамидиён: Тамоми зарари шаҳрвандон барқарор мешавад
463

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокиноне, ки дар натиҷаи садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб воситаи нақлиёташон зарар диданд, мошинҳои нав ҳадя карда мешавад.

Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат бо “Oila” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, тамоми хисороти молии шаҳрвандон пурра барқарор карда мешавад.

“Бале, ба сокинон мошинҳои нав медиҳем. Аммо, дар хабарҳо омадааст, ки гӯё имрӯз маросими тақдими мошинҳо сурат мегирифта бошад. Рости гап, дар бораи инаш хабар надорам, ки кай медиҳанд мошинҳоро, вале мутмаин бошед, ки дастур иҷро мешавад”, - гуфт муовини шаҳрдор

Ҳамзамон, ба таъкиди Орзу Ҳамидиён, хонаҳои осебдидаи шаҳрвандон пурра барқарор карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддию тиббӣ расонида мешаванд.

“Аллакай сокинони бонанги шаҳр ба кӯмаки онҳо рафта, орду равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал бурданд. Таъзия баён карда, ҳамроҳашон суҳбат мекунанд, то андаке ғамашон сабук шаванд. Мо чанд бор рафтем. Умед дорем, ки вазъи равониашон хуб мешавад”, - гуфт ӯ.

Дар мавриди дархости “Oila” ҷиҳати бо равоншинос таъмин кардани аъзои оилаҳои зарардида муовини раиси шаҳр гуфт, ҳатман барои ин хонавода чунин табибонро мефиристанд, то онҳоро аз нигоҳи равонӣ дастгирӣ намуда, ҷиҳати барқарор шудани вазъи руҳиашон мусоидат намоянд.

Иттилоъ дода будем, ки дар натиҷаи ин садама 7 воситаи нақлиёти сари роҳ ва 3 хонаи сокинон зарари сахт диданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД