Овозхонҳои тоҷик дар осмони ҳунар рӯз то рӯз балантар парвоз карда истодаанд ва санъати тоҷик бо василаи ин ҷавонони ҳунарманд марзҳоро убур намуда, то он сӯйи уқёнус мерасад.
Думболи Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин боз як овозхони ҷавон ва хушсалиқаи мо қасди тасхир намудани дили аҳли оиламро дорад ва ин бонуи ҳунарманд Меҳрнигори Рустам мебошад. Ин хонуми хушсадову хушсимо дар Инстаграм аз баргузории консерташ дар Бруклини Ню-Йорк дарак додааст.
Ин нахустин консерти Меҳрнигори Рустам дар Амрико буда, дар назар аст, ки рӯзи 8-уми сентябр, соати 18:00 дар тарабхонаи “Emir Palace” баргузор гардад. Меҳрнигори фариштарӯю фариштарӯй бо даъвати Диаспораи тоҷикон дар Амрико ба ин давлати абарқудрат сафар хоҳад кард. Барномаи консертии ин овозхони ҷавони тоҷик ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида мешавад.