Фарзона ва Фаридуни Хуршед дар олами санъати тоҷик зеботарин ҷуфти ҳунарӣ ба шумор мерафтанд.
Ба зиндагии ширини ин ду ҷавони зебову муваффақ бисёриҳо бо чашми ҳасад менигаристанд. Фарзонаву Фаридун пай дар ҳам соҳиби як духтари нозанин бо исми Закия ва як писарчаи паҳлавон бо номи Муҳаммадхуршед гаштанд, аммо пас аз се соли ҳамзистӣ ин оилаи ба назар устувор пош хӯрд. Аввалин шуда, Фарзонаи Хуршед дар бораи аз Фаридун ҷудо шуданаш хабар дод. Фаридун дар оғоз ин хабарро рад карда бошад ҳам, баъдан иқрор шуд, ки киштии бахташон ба шикаст рӯ ба рӯ гаштааст. Маъмулан зану шавҳарони аз ҳам ҷудошуда дар дил кина гирифта, пас аз талоқ сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд, вале Фарзонаю Фаридун чун ду инсони бофарҳанг тамоми ранҷишҳоро сарфи назар намуда, баъди бекор шудани никоҳашон низ муносибати дӯстона доштанд. Фарзона ҳамчун мурғи озод дар фазои ҳунар баландтар парвоз карда, ба комёбиҳои назаррас ноил гашт ва мисли ҳама бонувони муваффақ пас аз чанде бахти худро дар симои марди дигар пайдо кард. Хабари дубора шавҳар кардани собиқ ҳамсарашро худи Фаридуни Хуршед дар суҳбат бо хабарнигорон тасдиқ карда гуфтааст, ки ӯ ҳамчун мард шавҳари нави Фарзонаро хуб мефаҳмаду ба хотири ҷилавгирӣ аз рашку итоб ва халал нарасондан ба хушбахтии ин оилаи навбунёд дигар барои дидорбинӣ бо фарзандонаш ба хонаи Фарзона нахоҳад рафт. Ҳамсари нави Фарзонаи Хуршед аз аҳли ҳунар нест, аммо барои давом додани санъати Фарзона монеа бунёд намекунад.