Sebiston new 2024 october
Қадами Қурбон: Дар тӯйи зангириам 3 фарзандам иштирок карданд (Видео)
3697

 Андешаҳо дар гирди номи ин сароянда хеле зиёданд. Дар бораи сурудҳои Қадами Қурбон дар ҳама ҷо мардум баҳсу мунозира мекунанд, аммо як чиз мусаллам аст, ки дар байни халқ ӯ шинохта шудааст, маъруфият дорад


Танҳо таронаи “Азизам” ин ҳофизи ҷавонро дар муддати як моҳ дар Ютуб 1.600.000 нафар тамошо кардааст. Магар ин далели маҳбубияти Қадами Қурбон нест? Дар бораи ҳаёти шахсии ин сарояндаи ғалатӣ хеле кам менависанд, аз ҳамин хотир, мо тасмим гирифтем, ки бо Қадами Қурбон ҳамсуҳбат гашта, шумо хонандагони азизро аз сирру асрори ҳаёт ва фаъолияти ӯ огоҳ созем.

-Мегӯянд, ки шуморо 300 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Ин гап рост аст?

-Беҳуда намегӯянд, ки “Хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош”. Чизе, ки қонун мегӯяд, мо қабул дорем. Беҳтараш биёед дар ин мавзуъ гап назанем.

-Бошад! Дар эҷодиёдатон шумо аз шеърҳои халқӣ зиёд истифода мебаред. Бо ягон шоир ҳам ҳамкорӣ доред ё не?

-Албатта! Бо шоирони муосир Хайрандеш, Давлат Латифӣ, Илҳомҷони Ширин ҳамкорӣ дорам, вале оҳанги сурудҳоямро худам банду баст мекунам.

-Дар наворҳои тӯёнаи шумо дар айни авҷи маърака садои тир шунида мешавад. Таппончаи ҳақиқиро истифода мебаред ё бозича аст?

-Ҳама медонанд, ки ман чунин бачаи шӯхтабиатам. Вақте хурд будем, пистолетбозӣ ва баҷошавакон мекардем. Аз ҳамон вақт меҳри таппонча дар дилам мондааст. Ман дар тӯйҳо таппончаро танҳо бо мақсади шӯхӣ истифода мебарам.

-Мардуми Кӯлоб мегӯянд, ки дар тӯйҳое таппонча истифода мешавад, каме закасатон қиматтар аст. Дар ҳақиқат чунин аст?

-Вақте инсон шӯхтабиат аст, дар борааш ҳаҷв мегӯянд, ҳар хел латифаю анекдот мебофанд. Бачаҳои кӯлобӣ хуб медонанд, ки ман шӯхтабиатам, барои ҳамин шӯхӣ карда, ин гапро бофта баровардаанд. Ҳақиқат надорад, нархи хизмати ман бо таппонча алоқаманд нест.

-Дар бораи шумо тез-тез ҳар хел овозаҳо паҳн мекунанд. Ин гапҳоро шунида, хафа намешавед?

-Ман аз ин суханҳо малол намешавам, чунки дар гирди номи санъаткор чунин гапҳо зиёд мешавад. Ин як амри табиӣ аст.

-Шумо дар зиндагӣ ҳам ҳамин хел одами шӯх ҳастед ё танҳо дар саҳна барои хандондани мухлисон шӯхӣ мекунед?

-Табиатан одами зиндадилам, агар шӯхӣ накунам, дилам мекафад.

ас, барои чӣ ҳаҷвнигор нашудед?

-Ман аз уҳдаи ҳамааш мебароям, агар даъват кунанд, дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ ҳам нақш бозида метавонам. Клипи суруди “Азизам” идеяи худам буд. Вақте банаворгирии клип ба охир расид, коргардон гуфт, ки ҳама аҳли деҳаи шумо ҳунарманд будаанд-ку.

-Ин клип дар куҷо ба навор гирифта шудааст?  

-Дар зодгоҳам, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, собиқ Шӯробод, дар хонаи худам ба навор гирифта шудааст. Дар нақши модар апаам, модари арӯс янгаам, духтарро нишон медодагӣ язнаам, боз бачаи акаам ва дигар пайвандонам дар ин клип нақш офариданд. Умуман, ин як клипи оилавӣ аст.

-Вақте мусоҳибаи шумо ва клипатон дар саҳифаи Ҷонибек Муродов пахш шуд, тамошобинони зиёде онро тамошо карданд. Муваффақияти худро аз дастгирии Ҷонибек меҳисобед?

-Албатта, ин ҷои пӯшида нест. Маро то замони ба сомонаҳои интернетӣ роҳ ёфтанам фақат дар ҳудуди як вилоят мешинохтанд, ҳоло дар тамоми кишвар мешиносанд. Баъзеҳо дар роҳ маро дида, ба ҷойи салом “Сари паварот” мегӯянд. Ин ҳамааш бо шарофати Ҷонибек аст.

-Акаи Қурбон фарзанд доред?

-А духта ман бобоюм. Шукри Худо, шаш фарзанд дорам. Ду духтару чор писар.

-Наход?! Хеле ҷавон менамоед...

-Одамро ҷангу ҷӯш, хархаша, гапу калочаҳои зиёд пир мекунад. Хушбахтона, дар оила мо ҷангу ҷанҷол нест. Кӯшиш мекунам, ки дар хона ҳеҷ гоҳ ғаму дард набошад, то зӯрам расидан мушкилиҳоро ҳал мекунам, то ки барои баҳсу мунозира ягон баҳона намонад.

-Ҳамсаратонро падару модаратон ёфтанд ё дӯст дошта, хонадор шудед?

-Янгаатро ман дуздидагиам.

-Эҳе, аз вақташ бачаи шӯх будам, гӯед!

-А бача увақт ма хушрӯ будам! Шароити зиндагӣ бисёр бад буд, камбағалӣ имкон надод, ки тӯю тамошо кунем. Янгатона дуздидам, баъди соҳиби се фарзанд шуданамон тӯй карда, ба халқ ошу нон додем.

-Ростӣ, ин хелашро бори аввал мешунавам!

-Ана худи шумо дар тӯйи падару модаратон иштирок доштед?

-Не албатта!

-Се фарзанди ман бошанд, дар тӯйи падару модарашон рақс карданд. Магар ин бад аст?!

-Шумо дар ҳақиқат одами аҷиб ҳастед ва зиндагии ғайриодӣ низ доштаед. Боварӣ дорам, ки агар консерт диҳед, ба мухлисон билет намерасад...

-Дар нақша дорам, вале бо сабаби кам будани вақт айни замон дастам ба ин кор нарасида истодааст. Худо, агар хоста бошад, баъди моҳи шарифи рамазон ҳатман консерт медиҳам.

-Вақтҳои охир суруди “Сари поворот” дар интернет чарх мезанад. Дар бораи ин суруд чӣ гуфта метавонед?

-Айни ҳол, ман дар поворотам. Шофёро меган, ки акаи Қадам, сари паваротай, гуфтам эҳтиёт кун, бо миёнабур накунӣ, ки инҷа паваротай. (суҳбати мо телефонӣ буд ва садои хандаи ҳамроҳони Қадами Қурбон ба гӯш мерасид) Мо ба маъракаҳои ҳамватанон зиёд меравем ва баъзан вақт ронандаамонро хоб мебарад. Бо як овоз дод мегӯем, ки эй мардак, бедор шав, охир иҷа паваротай, боз хобат набарад, ки ҳамаамон рост ун тараф равем. Ин суруд як навъ огоҳӣ аст барои тамоми ронандаҳо...

-Мард, ки машҳур шуд, харидоронаш бисёр мешаванд. Янга рашк карда, мардак, ҳофизия бас кун, намегӯяд?

-Не, оилаам зид набаромадааст, чунки хуб медонад, ҳама талошҳои ман барои беҳтар кардани зиндагиамон аст. Пулро ҷамъу гир карда, бурда дар дасташ медиҳам.

-Ягон саволе буд, ки мо напурсида бошем?

-А духта, гуфтӣ ду саволат метиям, ҳамаи саволота ба мара ҷамъ карда додӣ-ку!

-Ба мухлисонатон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

-Хонаи ободу хушрӯзӣ насибашон бошад. Зиндагиашон пур аз хандаю ҳаҷв бошад ва ҳеҷ гоҳ ғаму ғуссаро набинанд.

-Барои суҳбати аҷиб ташаккур!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД