-Зафарҷон, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки шумо бо ҳамсаратон чӣ гуна шинос шудед?
-Замона пеш рафтааст ва имрӯз ҳар як ҷавон пеш аз он ки оила барпо намояд, аввал хуб месанҷад, ки оё бо ҳамин инсон хушбахт шуда метавонад ё не? Ман низ аз тоифаи ҳамон ҷавонони нуктасанҷ ҳастам, аз ҳамин хотир зани санъаткор гирифтам, то ки дар зиндагӣ байни ману ҳамсарам ягон нофаҳмӣ нашавад. Шукри Худо шаш сол боз зери як бом хушбахтона умр ба сар бурда истодаем.
-Фарзанд доред?
-Бале, як духтарчаи заркокули сесола дорем, ки номаш Мира аст.
-Мира ба кӣ бештар монанд аст: ба шумо ё ба модараш?
-Ишқамон, ки дутарафа буд, меваи он низ ним ба ману ним ба ҳамсарам монанд гаштааст.
-Ҳамроҳи янга ба кӯча бароеду духтаракони мухлисатон ба шумо гап партоянд, ҳамсаратон ҷанҷол намекунад?
-Занам, ки худаш санъаткор аст, баҳудаю беҳуда рашку ҷангу ҷанҷол намекунад. Вай на ба зангҳои телефон аҳмият медиҳаду на ба гапаронии духтарон, чунки феъли маро хуб медонад. Дилаш пур аст, ки Зафар як дил дорад ва вақте ба касе қавл дод, ҳаргиз ваъдахилофӣ намекунад, барои ҳамин асаби маро бо рашку итоб вайрон намекунад.
-Сарояндаҳо мардуми серкоранд. Вақт ёфта, янгаро ба ягон ҷо ба тамошо мебаред?
-Ҳар бегоҳ ҳамроҳи ҳамсар ва духтарчаам аз хонаамон, ки дар маҳалаи “Домпечат” воқеъ аст, то Садбарг ба қавле “прогулка” мекунем. Обу ҳавои Душанбе, табиати нотакрораш ба ман барин одамони эҷодкор руҳу илҳоми тоза мебахшад.
-Росташро гӯед, дар хона кӣ хӯҷаин: шумо ё янга?
-(Механдад) На ман ва на ҳамсарам, дар хона духтарчаамон Мира хӯҷаин аст. Ҳар чи ки вай хоҳад, ҳамон мешавад. Мабодо ягон чизи гуфтаашро нахарем, тамом, қиёмат қоим мешавад! Барои ҳамин мо ӯро “шеф” –и хона лақаб ниҳодаем.
-Ҳамеша чунин хушбахт ва комёб бошед!