Аҳмадшоҳ Улфатшоев Ҳунарманди халқии Тоҷикистон. 30 сентябри соли 1945 дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Соли 1971 ӯро бе имтиҳон ба шуъбаи актёри драмма ва кинои Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон қабул карданд. Солҳои 1981-1985 Директори театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
-Шумо солҳо боз рӯи саҳнаед, хотираҳои аҷоибу фаромӯшнашавандаатон зиёд будагистанд?
-Хотираҳо хеле зиёданд, вале яктояш ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам намеравад. Бояд 50-солагии театри азизамонро ҷашн мегирифтем. Тайёрӣ дар авҷ буд. Аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ меҳмонони зиёде даъват шуда буданд. Ба ин муносибат роҳбарияти театр намоишномаи «Рӯдакӣ»ро тайёр менамуд. Нақши Рӯдакиро бояд ҳунарманди зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов мебозид, аммо фоҷиа рӯй доду Маҳмудҷон дар сафар фавтид. Ба ҷашн ҳамагӣ ду моҳ монда буд. Устод Аслӣ Бурҳонов иҷрои ин нақшро ба уҳдаи ман гузоштанд. Шабу рӯз машқ мекардем. Рӯзи ҷашни театр фаро расид, зал аз меҳмонони дуру наздик пур буд. Собиқ Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ва аъзоёни бюрои ҳукумат низ дар толор ҳузур доштанд. Намоишнома аз дувоздаҳ саҳна иборат буд ва дар саҳнаи панҷум бояд Рӯдакӣ ба саҳна мебаромад. Бо садои Рӯдакӣ меояд, ман ба саҳна ворид шудаму якбора сарозер ба поён уфтодам. Носир Ҳасанов, ки нақши Маҷ- китобаткунандаи Рӯдакиро мебозид, аз болоям афтид. Вой гуфтанашро медонаму халос, дигар чӣ шуд, дар ёд надорам. Аз ҳуш рафтаам. Ороишдиҳандагони саҳна гузоштани зинапояеро, ки бояд Рӯдакӣ ба он барояд, фаромӯш карда буданд. Аслӣ Бурҳонов ба саҳна баромада аз тамошобинон бахшиш мепурсанду намоишро қатъ карда, мани беҳушу беёдро ба беморхона мебаранд. Якбора панҷ ангушти поям шикаст. 5-6 моҳ бо пои баста хобида ба саҳна баромада натавонистам.
-Пас аз ин воқеа шавқатон ба саҳнаву ҳунармандӣ кам нашуд?
-Баръакс. Беҳтарин нақшҳоро аз намоишномаҳои «Рустам ва Суҳроб»- Рустам, Баҳром аз «Баҳроми чӯбина», М.Горкий аз «Чароғи маърифат», Ёдгор аз «Дохунда», Сомонхудот аз «Сомонхудот»-и С.Айнӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 150 образи хотирмонро дар театр офарида, ҳамчунин 70 нақши дигарро дар филмҳо бозидам. Намоишномаи «Баҳроми чӯбина» дар ҷумҳурии исломии Эрон ҷои аввалро гирифт. Барои нақши Ёдгор бошад, ҳамчун нақши ватандӯстона Котиби генералии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Л.И. Брежнев бо имзои худ грамотаи фахрӣ дод.
-Зан аз нигоҳи ҳунарманде, ки бештар нақши шоҳону қаҳрамононро офаридааст?
-Зан, ҳамсар бояд пеш аз ҳама боақлу бомаърифат бошад. Ба шавҳар, ба оилаву фарзандон ва зиндагӣ ҳамеша бомуҳаббат нигарад.
-Шумо бо ишқу ошиқӣ хонадор шудед ё интихоби волидонатон буд?
-Ман ҳангоми дар театри халқии Орҷоникидзеобод кор карданам, бо Зайнаб шинос шуда, чунон ошиқи шайдо шудам, ки маҷнунвор. Ба хонаи дӯстдоштаам хостгор фиристодам, вале онҳо хостгории маро рад карданд. Азбаски мо ҳарду якдигарро дӯст медоштем, ман Зайнабро дуздида ба Дарвоз бурдам.
-Ана, инаш аҷоиб! Каме муфассалтар дар ин хусус мегуфтед?
-Аҷибаш он буд, ки вақте ман Зайнабро дуздида ба фурудгоҳи пойтахт бурдам, ба гӯшаи хаёлам наомад, ки барои ӯро ба Дарвоз бурдан иҷозатнома даркор аст, зеро он вақт ба ноҳияҳои сарҳадӣ бе иҷозатнома рафтан душвор буд. Чӣ кор карданамро надониста, ошуфтаву ғамгин менишастам, ки Худованд котиби якуми ноҳия Одил Бердиевро ба имдодам фиристод. Он кас падарамро хеле хуб мешинохтанду аз ҳолу аҳволам пурсон шуданд. Мушкилоти чиптахариро гуфтам. Он кас шиносномаҳои моро гирифта, дарҳол чипта гирифтанду ҳамроҳи худ дар як самолёти «Кукурузний» моро ба ноҳияи Дарвоз бурданд.
-Арӯс оварданатон боиси шӯру валвала нагашт?
-Не, падару модарам аз дидани ману ҳамсари ояндаам хурсанд шуда, дарҳол аз паси тӯй шуданд. Гови калонеро кушта ба мардум ошу нон доданду моро бо ҳам никоҳ карданд.
-Шуморо барои духтардуздӣ ба ҷавобгарӣ накашиданд?
-Ман худам ба милисахона рафта аз дуздии Зайнаб хабар додам. Азбаски худи духтар ба никоҳ зид набуд, маро гунаҳкор накарданд.
-Кадом хислатҳои ҳамсаратон ба шумо бештар писанданд?
-Ҳамаи хислатҳояш, хусусан дилкушодиву меҳмондӯстиаш. Барои меҳмон тайёр аст, ки тамоми буду шуди хонаро рӯи хон гузорад. Дар пухтани хӯрок ҳамто надорад.
Зайнаб Улфатшоева: Ба хотири ишқ аз хона гурехтам
Даричаи ошноӣ:
Зайнаб Улфатшоева, собиқ корманди соҳаи савдо. 10 марти соли 1947 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, соли 1960 мактаби миёнаи ба номи В.И. Ленини шаҳрро хатм кардааст. Соҳиби 3 фарзанд: Сурайё, Муҳайё ва Шоҳрух. 12 набера ва 3 абераи дӯстрӯяк дорад.
-Кадом хислати Аҳмадшоҳ ба шумо инқадар маъқул шуд, ки волаву шайдояш гашта ба хотири ишқу муҳаббат гурехта ба Дарвоз рафтед?
-Пеш аз ҳама симои зебову ботини зебояш. Ба покиву ростқавливу иродаи мустаҳкамаш ошиқ шудам. Ман дар симои Аҳмадшоҳ марди ҳақиқӣ, пушту паноҳи худро дидам.
-Аз ин мебарояд, ки аз интихоби хеш розӣ ҳастед?
-Ҳазорон бор розиам! Хаёл мекунам, ки меҳру муҳаббати мо сол аз сол зиёд шуда истодаасту кам не.
-Сабаб чӣ буд, ки падару модаратон ба издивоҷи шумо зид баромаданд?
-Аслан модарам зид набуданд, танҳо падару бародарам, ки худ табиб буданд, ба артист духтар доданро ба худ ор донистанд. Он вақт Аҳмадшоҳ пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқӣ роҳбари бадеии театри халқӣ шуда буд ва чанг менавохту аз эҷодиёти Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назрӣ сурудхонӣ мекард. Ҳофизию навозандагии домодшаванда ба онҳо писанд набуд.
-Шумо ҳамон вақт дар курси дувуми омӯзишгоҳи тиббӣ мехондед, чӣ боис гашт, ки барои гурехтан бо Аҳмадшоҳ розӣ шудед?
-Як бегоҳӣ бародару чанд хешони наздикам дар ҷое ҷамъ омада, Аҳмадшоҳро ба назди худ даъват мекунанду мепурсанд, ки домодшаванда худат? Куҷоя тамом кардӣ? Аҳмадшоҳ мегӯяд, ки Омӯзишгоҳи мусиқиро хатм кардаасту касбаш чангнавозист. Дар хона дуторе овезон будааст. Аҳмадшоҳ онро гирифта менавозад. Ҳамин вақт падарам аз дар медароянд ва дутор навохтани домодшавандаро дида ба ғазаб меоянду чанг зада асбобро аз дасти Аҳмадшоҳ мегиранд ва шикаста ба оташдон мепартоянд. Бародарам фахр карда мегӯяд: «Хайрият, ки падарам дуторро шикаста партофт, набошад ман ҳам духтур неву дуторнавоз шуда, дилинг-дилинг карда мешиштам». Ин гап ба иззати нафси Аҳмадшоҳ расида, дигар ба пушташ нигоҳ накарда меравад. Ин таҳқирро нисбати дӯстдоштаам шунида, сахт қаҳрам омад. Фаҳмидам, ки маро ба Аҳмадшоҳ доданӣ нестанд. Аз ин рӯ ба хотири ишқи ҳақиқиям ҳамроҳи ӯ гурехта ба Дарвоз рафтам.
-Волидонатон аз шумо рӯй нагардонданд?
-Не, пас аз якуним моҳ мо боз ба шаҳри Ваҳдат баргашта дубора дар он ҷо тӯй кардем ва волидонам ба ман дуои сафед доданд.
-Зани ҳунарманд будан душвор аст. Шавҳаратон нақшҳои зиёдеро бо занони ҳунарманд меофарад, шумо рашк намебаред?
-Ягон вақт рашк набурдам. Медонам, ки шавҳарам ҳунарманд асту ин ишқу ошиқиҳо танҳо саҳнавианд. Шавҳарам фақат маро дӯст медорад.
-Кадом хӯроки пухтаатон писанди шавҳаратон аст?
-Ман пазандаи одӣ нестам. Ҳама хӯришу хӯроку қандинаҳоро бомазза мепазам. Ба Аҳмадшоҳ манту, ош ва хомшӯрбо бештар писанд аст.
-Ба навхонадорон чӣ маслиҳат медиҳед?
-Пеш аз ҳама бо муҳаббат оиладор шаванд. Хабаркашиву телефонбозӣ накунанд. Бо сабру таҳаммул бошанд. Ҳар коре, ки мекунанд, танҳо бо маслиҳати шавҳар кунанд. Хизмату иззати падару модарон, хусуру хушдоманҳо низ бояд дар ҷои аввал истад. Боқӣ ҳамааш хуб мешавад.
-Хушбахт бошед!