Formula novemver 2024
Шабнами Сурайё: Барои чоҳ кофтан ба дигарон вақт надорам!(ВИДЕО)
4980

 

Муаррифинома:
Шабнами Сурайё-14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи Хунарманди Мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова ба дунё омадааст.

Хатмкардаи мактаби мусиқӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Ғолиби чандин озмунҳои байналмиллалии таронаҳшои эстрадӣ. Оиладор, соҳиби як духтар-Шарифамоҳ. Машғулияти дӯстдоштааш варзиш-БОКС.

Шабнам ошиқи садои ситораи дурахшони Шарқ Гугуш буда, дар ҷодаи ҳунар ба ӯ пайравӣ мекунад.

Агар ишқ садо медошт…
Садои Шабнам шабоҳати аҷибе ба тобу таб ва ларзишҳои ошиқона дорад. Ларзиши ин садои ширадору мармуз маро ба ёди ларзиши дилҳои ошиқ мебарад. Ба худ меандешам: агар ишқ садо медошт, садояш нусхаи садои Шабнам мебуд. Агар ишқ забон медошт, мисли Шабнам ширину ҷаззоб месуруд.
Аз сеҳру афсуни ин садои мармуз метавон соатҳо ҳарф зад, вале мехоҳам дунёи рози дигареро бикшоям. Ин дунё олами андеша ва орзуҳои худи Шабнами Сурайёст.

Роҳи умед
Роҳҳо одамонро аз манзиле ба манзиле, аз маконе ба маконе, аз кӯйи диле ба кӯйи диле расонида, панҷараи ҷудоиро мешикананд. Имрӯз мо роҳ пеш гирифтем ҷониби зодгоҳи Шабнами Сурайё. Аз шавқи дидори дӯст дӯрии роҳ низ чандон ба назар наменамояд.
Ба шаҳри бостонии Кӯлоб расидем. Занги дари ошноро пахш мекунам. Дарвозаро ба рӯйи мо бо табассуми ширин худи Шабнам мекушояд.
Сӯҳбати мо бо Шабнам баҳоргуна буд. Инак, хушае чанд аз боғи андешаҳои ин ҳунарманди муваффақи тоҷик, ки меҳраш дар дили миллионҳо одамон маъво гирифтааст.

-Шабнам, шумораи ҷавонон дар сахнаи ҳунар рӯз то рӯз зиёдтар гашта, рақобат шадидтар мешавад...

-Метавонед давомашро нагӯед, аллкай манзуратонро фаҳмидам. Мехоҳед днед, ки Шабнам аз рақобат бо ҷавонон ҳарос дорад ё не? Рақобат хуб аст. Он касро ба талошу ҷустуҷӯ водор месозад.

-Бале, рақобат боиси пешравӣ мегардад, агар он рақобати солим бошад, вале мегӯянд имрӯз душмнӣ дар байни санъаткорон хеле зиёд аст...

-Нотавонбинию кинаварзӣ кори ҳунармандонест, ки аслан ҳунар надоранд. Ман барои дар сари роҳи дигарон чоҳ кофтан вақт надорам!



Росташро гӯям, ман бо духтаре бо исми Юлия шинос шуда будам, аммо ишқу муҳаббати мо дер напоид.


 

-Баъзе ҳунармандон дар бораи ҳампешагони худ бадгӯӣ карданро дӯст медоранд. Шунавед, ки яке аз дӯстонатон дар бораи Шабнами Сурайё суханҳои носазо гуфтааст, чӣ кор мекунед?

-Атои чунин дӯстро ба лиқояш мебахшам. Аз бадгӯӣ кардани касе ман бад намешавам-ку! Ба қавли Умари Хайём:
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чӣ ҳастам, ҳастам.

-Дӯсти Шабнам бояд чӣ гуна бошад?
-Барои бо Шабнами Сурайё дӯст шудан инсон бояд кадом хислатҳоро дошта бошад?
-Ман барои дӯсти ҷонӣ ҷонамро дареғ намедорам ва мехоҳам дӯстонам низ чунин ҷонфидо ва вафодор бошанд.

-Шунавед, ки дӯсти ҷониатон бо душмани Шумо ҳамнишин гаштааст, намеранҷед?

-Не, намеранҷам, шояд душманам сифатҳои неки маро аз забони дӯстам шунида, аз душмании худ пушаймон шуда, дӯсти ман гардад.

-Мегӯянд, ки Шабнами Сурайё дар чанд мамолики хориҷӣ хона дорад ва эҳтимол пурра ба яке аз он давлатҳо бикӯчад...?

-Ман дар куҷое, ки набошам, тоҷик ва тоҷикистонӣ боқӣ мемонам. Тамоми талошам баҳри он аст, ки санъати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоям.

-Шабнам, дар бораи шумо зиёд мегӯянду менависанд. Розе доред, ки то ҳол онро ба касе нагуфта бошед?
-Бале, садҳо рози ниҳон дорам. Ба қавле “Ҳанӯз ҳарфи дили ман нотамоме...”(механдад).

alt

Ф. Сатторӣ (2005)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
vjxcjsfpn 2022-01-18, 18:52
Шабнами Сурайё: Барои чоҳ кофтан ба дигарон вақт надорам! vjxcjsfpn http://www.g63h884ywk0gmg65i42z855xnn04l3yls.org/ [url=http://www.g63h884ywk0gmg65i42z855xnn04l3yls.org/]uvjxcjsfpn[/url] avjxcjsfpn
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
vjxcjsfpn 2022-01-18, 18:52
Шабнами Сурайё: Барои чоҳ кофтан ба дигарон вақт надорам! vjxcjsfpn http://www.g63h884ywk0gmg65i42z855xnn04l3yls.org/ [url=http://www.g63h884ywk0gmg65i42z855xnn04l3yls.org/]uvjxcjsfpn[/url] avjxcjsfpn
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД