arzon replenishment
Вазири фарҳанг: вақти маъшуқабозӣ надорам!
2853

 

Даричаи ошноӣ:
Орумбекзода Шамсиддини Шодибек. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 марти соли 1956 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 12-и ноҳияро бо медали тилло хатм намуда, соли 1972 ба факултаи филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил мешавад. Дар вазифаҳои гуногуни масъули давлатӣ кор карда, барои хизмати арзандааш ба халқу Ватан бо чандин ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст. Аълочии фарҳанги ҶТ, дорандаи ордени «Шараф». Оиладор, падари 4 фарзанду бобои 9 набераи дӯстрӯй.

 Маданияти оиладорӣ ва тарбияи фарзандон як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ба шумор меравад. Фарҳанги хонадорӣ санъати хос аст, нозукиҳои онро бояд як умр омӯхт ва рушду такомул дод. Сари ҳамин мавзӯъ муҳим суҳбате дорем бо вазири фарҳанги Тоҷикистон.

 – Иддаи зиёде аз мардонитоҷик бар он назаранд, ки рисолати зан дар зиндагӣ таваллуд ва тарбияи фарзанд аст. Шумо ба ин андеша розиед?

– Воқеан, таваллуд ва тарбияи фарзанд рисолати азалии зан аст, вале ин маънои онро надорад, ки офарандаи инсон дар ҳамин чорчӯба маҳдуд гардад. Ин рисолатҳоро вай дар шароите хубтару беҳтар иҷро мекунад, ки соҳибмаълумот ва узви фаъоли ҷомеа бошад. Модари бесаводе, ки ҳатто ба фарзанди мактабхонаш дар тайёр кардани дарсҳои ҳаррӯзааш кумак расондаю ба саволҳои кунҷковонаи ӯҷавоб дода наметавонад, чӣ гуна метавонад фарзанди ҳамқадами давронро тарбия намояд? Ахлоқ, маърифат ва илм ҷинс надоранд, агар дар ҷомеа аз фисқу фуҷур ва бад­ахлоқӣ барканор будан хоҳем, бояд бонувону хоҳарону духтаронамонро соҳибмаълумоту оқила гардонем. Дунёи инсони бесавод ҷаҳолат аст. Дар саросари олам маҳз ҳамон кишварҳоепеш рафтаанд, ки бонувонашон соҳибмаълумоту фаъоланд.

– Зӯроварии хонаводагӣ яке аз мавзӯъҳои дардноки рӯз ба шумор меравад. Ба фикри шумо, ин мушкилро бо роҳи ҳуқуқӣҳал кардан беҳтар аст ё бо роҳи тарбияи фарҳангии мардум?

– Зӯровариро дар ҳеҷ маврид сафед кардан мумкин нест, чунки вазъи носолими оила на танҳо имкониятҳои пешбурди рӯзгорро маҳдуд месозад, балки ба маънавиёти фарзандон низ садама ворид мекунад. Манбаи асосии зӯровариро таҳлил намоем, он асосан аз ҷаҳолату бемаълумотӣ ибтидо мегирад. Аслан, бо зӯроварӣ ягон масъаларо ҳал карда намешавад, зеро оқибати он ҳамеша фоҷиа аст.

– Дар ин фоҷиаҳо саҳми «тарбия»-и баъзе волидон ҳам назаррас аст...

– Масалҳои «сари кафидагӣ зери тоқӣ», «дуди хонаро равзан мебардорад»ҳикматҳое ҳастанд, ки дар даврони набудани роҳи ҳалли ҳуқуқии мушкилот баён шудаанд. Замона дигар шудааст, имрӯз калонсолон бояд на аз рӯи эҳсосот ё хешутаборӣ, балки аз рӯи адолат ба баҳсу мушкилоте, ки дар байни оилаҳои ҷавон сар мезананд, баҳо диҳанд ва гунаҳкорро ошкор намуда, ба зӯроварии хонаводагӣ хотима гузоранд.

Соҳибхираде фармуда:

Тиҳипой рафтан беҳ аз кафши танг,

Балои сафар беҳ, ки дар хона ҷанг.

– Зан-модар ва зан-мутахассис. Шумо ҳамчун вазир ба кадомаш бартарӣ медиҳед?

Зан дар як вақт метавонад модар ва мутахассис бошад. Ин аз шахсият, донишу маҳорат, салоҳиятнокӣ ва хоҳиши худи зан вобаста аст. Занҳои муваффақ зиёданд, ки ҳам аз уҳдаи вазифаи модарӣ ва ҳам мутахассисӣ бо сарбаландӣ мебароянд.

– Мегӯянд, ки дар паси ҳар як марди муваффақ сояи наҳифи зани оқилае ниҳон аст. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки дар рушди шахсияти шумо ҳамсаратон чӣ нақш дорад?

– Аслан, то зангирӣ шахсият аллакай ташаккул меёбад ва нақши асосиро дар рӯзгори ҳар шахс, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, волидайн мебозанд, вале баъди зангирӣ шахсе, ки ҳамқадаму ҳамрози ҳар як ҷавонмард аст, ҳатман дар зиндагӣ ва бурду бохтҳояш нақш мебозад. Беҳуда нагуфтаанд:

Тоҷбарсар мардро зан мекунад,

Хокбарсар мардро зан мекунад.

Бидуни тамоми мушкилоти рӯзгордориро ба зимма гирифтани кадбонуи хона ба муваффақият ноил гардидани мард имкон надорад.

 – Шумо бо ишқу муҳаббат оила бунёд карда будед ё арӯсро падару модаратон интихоб намуданд?

– Мо ҳамдигарро интихоб кардем. Волидайни ҳардуямон барои хонадоршавии мо розӣ набуданд, вале мо бо ҳар васила кӯшиш кардем ва эшонро мутмаин сохта хонадор шудем. Падарарӯс се сол бо мо қаҳрӣ буд ва баъдан маро ҳамчун фарзанд қабул намуд.

– Кадом хислати ҳамсаратон ба Шумо писанд асту кадомаш не?

– Ман аз ҳамсарам танҳо як талаб доштам, ки эҳтироми волидонамро ба ҷо биёрад, зеро эшон тамоми буду шудашонро барои тарбияву таҳсили ман бахшида буданд ва чун тамоми фарзандон мо барои ба дунё овардан ва тарбияву ба камол расондан дар назди волидон якумр қарздор мебошем. Хизмати падару модарро ба ҷо овардан, кадбонуи хона будан, садоқат, таҳаммулпазирӣ, лаҳзае бекор нанишастан, ҳунармандӣ, дарккунии зарурати корҳои муҳим, ба молу пул ва орову торо таваҷҷуҳ накардан, ба тарбияи фарзандону хонадорӣ афзалият додан ва монанди инҳо хислатҳоеанд, ки ба ман маъқул аст. Ягон хислати боиси танаффур медошт, бо ӯ хонадор намешудам. Хирадманде барҳақ гуфтааст:

Сурататро чӣ кунам, гар ту надорӣ сират,

Ман ба як ҷав нахарам сурати бесиратро.

– Аксари вазирону кабирон панҷ-шаштогӣ зану маъшуқа доранд ва ба бонувони писандидаашон мошину хонаҳои гаронбаҳо туҳфа мекунанд. Шумо чанд зан доред ва ба онҳо чиҳо туҳфа кардаед?

– Панҷтогӣ зану маъшуқа доштани вазирону кабирон овозае беш нест. Ба дӯши онҳо вазифаҳои зиёде гузошта шудааст ва аксаран чунин шахс вақти озод надорад, ки дар ин бора ҳатто андеша кунад. Ман нағз медонам, ки аксаран роҳбарон имконияти пурра истифода бурдани рухсатии меҳнатии қонуниашонро надоранд. Бузургворе барҳақ фармудааст:

Саробонии мулку давлат балост,

Гадо подшоҳ асту номаш гадост.

– Шумо ҳамчун вазири фарҳанг ба ҳунари бонуи хонадонатон чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Зани боҳунар на фақат аз нигоҳи маънавӣ, балки аз нигоҳи моддӣҳам барои ғанӣ гардондани буҷаи оилавӣ саҳм дорад ва бисёр дархосту хоҳишҳоеро, ки даромади буҷаи оилавӣ имкон надорад, метавонад бо маҳсули ҳунараш таъмин кунад. Аз маҳсули дастонаш аҳли хонавода, хешу табор, ниёзмандон баҳра мебаранд, дар намоишҳо ширкат меварзад, ҳунарҳои аҷдодонамонро эҳё мекунад, духтаратонро бо ҳунарҳо ошно мекунад, ки кори басо хайр аст.

Ҳунар шерозаву ҷузви саодат ҳаст инсонро,

Бувад беқадр ноқобил, агар фарзанди Ҷамшед аст.

– Дар тарбияи фарзандонатон нақши падарашон бузургтар аст ё нақши модарашон?

– Аз рӯи адолат гӯем, дар тарбияи фарзандони мо нақши аз ҳама бешар волидонам доштанд. Мо дар 20-солагӣ оила бунёд кардем ва дар 24-солагӣ аллакай соҳиби чор фарзанд будем. Ба хотири он ки ҳар дуи мо кор мекардем, тамоми масъулиятро волидон бар дӯш гирифтанд ва то мо масъулиятро дарк кардем, ки онҳо аллакай бузург шуданд ва имрӯз ҳамаашон мустақиланд. Мо алҳол чор не, ҳаштто фарзанд дорем ва домоду келинҳоямонро аз фарзандонамон ҷудо намекунем.

– Ширинтарин ва душвортарин лаҳзаи зиндагиатон?

– Лаҳзаҳои ширин дар рӯзгорамон хеле зиёд буданд. Аз хонадории бо мубориза дастдода шуруъ карда, соҳиби фарзанд шудан, онҳоро хонадор кардан, соҳиби набера гарди­дан, тантанаи сулҳ дар кишвар ва боз дигар лаҳзаҳо. Талх­тарин лаҳза дар рӯзгори мо фавти духтари 22-солаамон мебошад, ки доғаш ҳеҷ гоҳ аз қалб зудуда намешавад. Бо он ҳама аз пешрафти рӯзгорамон шукргузор ҳастем.

– Аксари мардҳои тоҷик дар ошпазӣҳамто надоранд. Шумо ҳунари ошпазӣ доред?

– Маҳорати хуби ошпазӣ надорам, вале ҳанӯз аз даврони донишҷӯйӣ хӯрок мепухтам. Дар лаҳзаи зарурӣ мувофиқи имконият кӯшиш мекунам хӯрок пазам ва дастархонро оро диҳам.

– Хӯроки дӯстдоштаи вазири фарҳанг?

– Тамоми хӯрокҳои миллиамонро меписандам, бахусус фатирмаскаро.

– Машғулияти дӯстдоштаатон фориғ аз кор?

– Китобхонӣ, азёд кардани абёти намакин, тенниси рӯи миз, дар барномаи фарҳангӣ ширкат варзидан.

– Зани идеалӣ аз нигоҳи шумо ва маслиҳати шумо ҳамчун марди рӯзгордида ба ҷавонмардоне, ки нав хонадор мешаванд?

– Ҳама чиз аз эҳтиром шуруъ мегардад, қабл аз ҳама, эҳтироми хеш, ҳамдигарӣ ва волидайнро ба ҷо оваран. Аз рӯи муҳаббат оила бунёд кунанд ва барои ҳалли мушкилоташон кӯшиш намоянд. Илмҳои муосир ва техникаи ҳозиразамон, ҳамчунин забонҳоро азхуд кунанд. Барои чизҳои кӯчаку номуҳим қалби ҳамдигарро озор надиҳанд ва фарзандони солеҳ тарбия намоянд. Умуман, миллати бостонии мо ҳикматҳои бузурги хонаводагӣ дорад ва ба ягон насиҳатгар ниёзманд нест.


Аспармо Мавлонназарова: 
 
Шавхарам ресторанравиро хуш надорад

 

Даричаи ошноӣ:
Аспармо Мавлонназарова, ҳамсари Вазири фарҳанги Тоҷикистон, роҳбари ташкилотиҷамъиятии «Назира» ва устоди Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айнӣ. 11 июли соли 1958 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон дар оилаиомӯзгор ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи № 8 ба факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии ба номи Г.Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон ба номи С. Айнӣ) дохил шудааст. Масъулиятшиносиву кордониаш ин зани меҳнатқаринро сазовори нишонҳои «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардонд. Барандаи ҷоизаи «Бонуи сол-2009» ва Шоҳҷоизаи ЮНЕСКО дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон. Оиладор, соҳиби чор фарзанд: Шуҳрат, Шавкат, Фирӯза ва Мавзуна. Бибии меҳрубони 9 набера.

– Мо гумон мекардем, ки зани вазир 5-6 хизматгор дорад, вале мебинем, ки худатон танҳо дар ошхона ҷумбуҷул доред…?

– Мо ягон вақт дар хонаамон хизматгор надоштем, ҳарчанд шавҳарам пештар ҳам дар вазифаҳои масъул кор мекарданд. Аслан, рисолати зан дар зиндагӣ, пеш аз ҳама, ба шавҳару фарзандонаш содиқона хизмат намудан аст. Сарфи назар аз он ки шавҳар вазир аст ё подабон, зан бояд кӯшиш намояд, ки либоси шавҳараш ҳамеша тозаю озода, шикамаш сер ва табъаш болида бошад. Беҳуда намегӯянд, ки мардро мард мекардагӣҳам зан асту номард мекардагӣҳам зан.

– Чанд лаҳза пештар шавҳаратон ба хона омада ғизои пешин хӯрда рафтанд. Вазир ҳар рӯз ба қавли мардуми рус дар хона «обед» мекунанд?

– Бале, ягон меҳмони олиқадр надошта бошанд, нисфирӯзӣҳатман ба хона омада хӯрок мехӯранд.

– Одатан, вазирон дар беҳтарин тарабхонаҳо ғизо мехӯранд-ку...

– Шавҳари ман ресторанравиро хуш надорад. Мегӯянд, ки лаззати хӯроки хонагӣ дигар аст. Таомҳои сабукро дӯст медоранд.

– Ба хонаи зани дуюму сеюмашон намераванд…?

– Хушбахтона, ман зани яккаву ягонаашон ҳастам.

– Шавҳаратон дар баробари соҳиби вазифа будан марди бисёр зебо ва хушқаду қоматанд. Дар атрофи чунин марди ҷолиб ҳар рӯз садҳо зебосанамҳо чарх мезадагистанд. Рашк намекунед?

– Шавҳарам як рӯзу ду рӯз не, қариб 40 сол боз бо ман дар як болин сар мемонанд. Хислатҳояшонро, табъашонро ман мисли панҷ панҷаам медонам, ба ҳар симчӯби сари роҳ рашк бурда, ба асаби мард расидан чӣ лозим?!Рашки беасос ба он мемонад, ки кас ба решаи ниҳоли бо дасти худ парвардааш табар занад.

– Хонумҳо ба хонаатон занг намезананд?

– Пештар буданд духтарҳое, ки махсус ба хонаамон занг зада дар куҷо будани шавҳарамро аз ман мепурсанд. Ме­хостанд бо ҳамин роҳ асаби маро вайрон кунанд, вале ҳамеша дар ҷавоб мегуфтам: – Гапатон бошад, ба худашон занг занед, ман чунон серкорам, ки вақти рашк кардану бо шумо даст ба гиребон шудан надорам.

– Шумо дар баробари кадбонуи хуб ва омӯзгор буданатон боз зани ҳунармандед. Бофтани чунин ҷӯробу рӯймолҳои зеборо аз кӣ омӯхтед?

– Ин ҳунар ба ман аз бибию бибикалонам мерос мондааст. Аз рӯзе, ки худро мешиносам, ҷӯробу рӯймол мебофтам.

– Идеяи ташкил намудани ташкилоти ҷамъиятии «Назира» кай ва чӣ тавр пайдо шуд?

– Духтари калониам Назира соли 2002 дар синни 22-солагӣ ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт. Марги духтарам қомати маро шикаста, дилам аз зиндагӣ ях барин хунук шуда монд. Шабу рӯз дар фироқи фарзандам мисли абри навбаҳор зор-зор гиря мекардам. Назираҷон ҳунари бофандагиро аз ман омӯхта буд. Як рӯз ҷузвдони духтарамро кушода аз дарунаш ресмону риштаҳои рангоранг ва як ҷӯроби нотамом ёфтам. Аламам тоза шуда чунон гиристам, ки аз ҳол рафтам. Дар олами рӯъё Назираи ҷавонмаргро дидам. Духтарам аз китфам бардошта «аз гиря кардан дигар суд нест, беҳтараш, корҳои нотамоми маро ба охир расонед, то осуда бихобам» гуфту баъд якбора ғайб зад. Бедор шуда оҳи сарде кашидам ва қарор додам, ки орзуи хокхӯрдаи духтарамро амалӣ намуда, як корхонаи калони бофандагӣ мекушоям. Ҳамин тавр, ташкилоти ҷамъиятии «Назира» тавлид ёфт. Сарпараст надоштам, тани танҳо сарамро ба сад дар зада ба занҳои хонашин ин ҳунарро омӯзондам. Мо зиёда аз 40 намуд ҷӯробҳои помириро дубора эҳё кардем, ки «Пари товус», «Моҳу ситора», «Тӯтӣ ва майна», «Каждумак», «Ишқи печон», «Гули лола» аз ҳамон зумраанд.

– Ду лаҳзаи ҳаётатон, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунед?

– Дар як гӯшаи «Чорбоғ»-и шаҳри Хоруғ намоиши ҳунарҳои миллиро ташкил карда буданд. Қатори дигар ҳунармандони бадахшӣ мо низ маҳсулиэҷоди «Назира»-ро ба намоиш гузоштем. Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони Хоруғшаҳр гашта ба тамошои намоишгоҳ омаданд. Таваҷҷуҳи сарвари давлатро «Герб» ва «Байрақи Тоҷикистон», ки мо аз риштаҳои сурху сабзу сафед бофта будем, ба худ кашид ва назди растаи мо омада пурсиданд, ки ин маҳсули кори кист. Ташкилкунандагон баман ишорат намуданд. Президент се маротиба дасти маро фишурда «бар падаратон раҳмат» гуфтанд, баъд ба раиси шаҳр рӯ оварда гуфтанд: «Ана, мешудааст-ку!» Ҳамин лаҳза дар лавҳи хаёлам якумра нақш бастааст. Лаҳзаи дуюми фаромӯшнашаванда дар озмуни «Бонуи сол»-и «Оила» соҳиби ҷоиза гаштанам аст, чунки он рӯз дар баробари шахсиятҳои шинохтаи кишварамон шавҳару фарзандонам низ ба табрики ман рафта буданд.

– Дар бораи шавҳаратон бисёр бо муҳаббат сухан меронед. Маълум, ки бо дӯстдорӣ хонадор шудаед?

– Шавҳарам ишқи аввалину охирини ман аст. Он замон ҳарду донишҷӯ будем ва бо як нигоҳ ба ҳам дил бастем. Танҳо як назар ба чашмони ҳамдигар кофӣ буд, ки оташи ишқ дар диламон аланга зада, риштаи тақдири моро бо ҳамдигар пайвандад.

– Мегӯянд, ки бо мурури солҳо оташи ишқ дар дили зану шавҳар оҳиста-оҳиста паст гашта, ҷойи онро одат мегирад…

– Дигаронро намедонам, вале алангаи оташи муҳаббати мо сол то сол баландтар ва дилҳоямон бо ҳамдигар қаринтар мешавад.

– Вазирмуҳаббаташонро бо чӣ баён менамоянд?

– Мо бо ҳамдигар дар бораи ишқу муҳаббат қариб ки гап намезанем, вале ҳар кадомамон хуб медонем, ки барои якдигар бисёр азиз ҳастем.

– Шавҳаратон барои шумо, пеш аз ҳама, кист: сарпарасти оила, падари фарзандонатон, марде, ки нозу нузи шуморо мебардорад…?

– Сутун! Сутуне, ки бе он ягон хона устувор намемонад!

Дуо мекунем, ки сутуни хонадонатон ҳамеша устувор бошад ва мурғи бахт дар фазои рӯзгоратон як умр парфишон!

Аз ин мебарояд, ки шумо аз зиндагиятон бо шавҳаратон розӣҳастед?

– Ман зани хушбахтам, ки чунин шавҳари ғамхору меҳрубон дорам, ки ӯ идеали ман дар зиндагӣ аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД