arzon replenishment
Фарзона шавҳари суперкелинчакро кашида гирифт? (ВИДЕО)
4754

 Овозхон ва ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Фарзонаи Файз ҳафтаи равон килипи ҷадиди худро пешкаши мухлисони савту наво гардонида, тамошобинонашро ба ваҷд овард.


Ин суруд “Қасам” унвон дошта, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки ҳунарманди машҳури ӯзбек Адиз Раҷабов сабт шудааст. Қимати клип тахминан панҷ ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

Матни шеър моли Орзу Исоев буда, онро овозхон ва оҳангсози ҷавон Зайн ба танзим даровардааст. Килипи мазкур дар таҳияи коргардони ӯзбек Муслимбеки Ризо рӯйи навор омадааст.

Ёдрас мешавем, ки Адиз Раҷабов пас аз филми “Суперкелинчак” машҳур гашт. Дар ин филми мазҳакавӣ Адиз нақши марказӣ-шавҳари суперкелинчакро мебозад.

Дар клипи “Қасам” ошиқу маъшуқро бозидани Фарзонаи Файз ва ин ҳунарманди машҳури ӯзбек боиси пайдо шудани овозаю ҳангомаҳои зиёде дар байни мардум гашт. Мегӯянд, ки актёри ӯзбек ба ин зебосанами тоҷик ошиқи зор гаштааст ва рӯзҳои наздик Фарзнонаю Адиз тӯйи дакаданг ороста расман зану шавҳар мешаванд.

Имсол низ як барзагов куштем. Қариб тамоми мардуми деҳа омада қурбонӣ хӯрданд ва дар ҳаққи руҳу арвоҳи гузаштагонамон дуои хайр карда рафтанд.


Фарзонаи Файз ба хабарнигорони як манбаъи муътамад аз дубора барқарор шудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори хушнудӣ намуда, иқрор шуд, ки бо санъаткорони ӯзбек кор кардан барояш хеле хушоям аст.

“Дар Тошканд шароит барои санъаткорон хубтар аст. Чандин нафар дар гирдат парвонаанд ва ту ҳис мекунӣ, ки дар ҳақиқат ҳунарманд ҳастӣ. Сатҳу сифати корашон низ дар сатҳи олӣ аст. Арзиши корашон гарон бошад ҳам, клипо таъби дил омода мекунанд”.

Ин овозхони ҷавони тоҷик овозаҳоро дар бораи бо Адиз Раҷабов тӯй шуданаш рад карда, сабаби чанд муддат кампайдо буданашро дар серкорӣ ва банд буданаш дар сабти килип маънидод намуд.

“Имрӯзҳо хеле серкор ҳастам. Боз барои сабти клипи дигарам ба хориҷамеравам. Таронаҳоямро бояд сабт кунам, зеро имсол консерти яккаи худро барпо карданӣ ҳастам. Сабаби дигари камнамо буданам ин саволҳои ноҷои бархе аз рӯзноманигорон мебошад. Боядқайдкунам, ки ман“чёрныйпиар”-ро дӯст намедорам”.

Ёдрас мешавем, ки Фарзонаи Файзро ҳамагон баъд аз иқрои нақши Нозанин дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ” шинохтанд. Пас аз ин Фарзонаи нозанин дар филми “Бедил”мнақши лӯлидухтарро бозида, дӯстдорони синаморо бо ҳунару маҳорати нотакрораш қоил кард.

Клипи “Қасам” нахустин самари ҳамкории ин ду ҳунарманди ҷавон мебошад. Фарзонаи Файз ният дорад, ки дар як филми истеҳсоли синамогарони ӯзбек ҳамроҳи Адиз Раҷабов нақш бозад.

alt

Мо ба Фарзонабону дар роҳи эҷод барору муваффақиятҳои нав ба нав хоҳонем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД