Arzon march 2024
Ишқи «индийский»-и Согдиана (Видео)
1827

 

Даричаи ошноӣ:
Ном: Согдиана (Оксана Начитайло).

Санаи таваллуд: 17-уми феврали 1984.
Мучал: Далв.
Макони таваллуд: Тошканд, Ӯзбекистон.
Касб: Сароянда ва актриса.
Унвон: Сарояндаи халқии республикаи Чиченистон.

Чаро русдухтар узбек шуд?

Оксана Владимировна Начитайло соли 1984 дар шаҳри офтобии Тошканд ба дунё омадааст. Дар авлоди Оксана ягон намояндаи миллати ӯзбек набуд, вале ба шарофати бобояш, ки хизматчии ҳарбӣ ва баҳри адои вазифа ба Тошканд фиристода шуда буд, онҳо дар ҳамин кишвари зебову афсонавӣ монданд. Падари Оксана аввал инженер шуда кор мекард, баъд туфайли кордониаш ба зинаҳои баланди мансаб расида, ҷонишини директори заводи компрессор гашт. Модараш табиб ва шабу рӯз дар хизмати мардум буд.

Бародари бахткушо

Оксана дар оила фарзанди дувум буда, Сергей ном бародари аз худаш 12 сол калон дорад. Аз сабаби мудом аз паси кори давлат овора будани волидонаш нигоҳубини Оксана аз давраи кӯдакӣ асосан бар дӯши бародараш буд. Меҳри суруду мусиқӣ дар дили духтарак бо шарофати бибиаш, ки як вақтҳо дар “хор”-и калисо суруд мехонд, ҷой шуда буд ва бе рақсу суруд зиста наметавонист. Сергей хоҳараки болаёқаташро ба кружоки рақсу мусиқӣ мебурд, то истеъдодашро такмил диҳад, аммо аҳли оила шавқу завқи духтарчаро ба суруду мусиқӣ танҳо як ҳаваси кӯдакона мепиндоштанд. Касе интизор набуд, ки рӯзе ин фатиламӯй ситораи дурахшони эстрада мешавад, вале...

Парвози мурғи шуҳрат

Наталя дар синни 14-солагӣ дар як озмуни мусиқӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоиза гашт. Пас аз ин мурғи шуҳрат ба сари китфи духтарак нишаста, пай дар пай соҳиби чандин ҷоизаҳо гашт. Соли 1999 Наталя дар озмуни машҳури “Садо“ ширкат варзид, ки ҳамасола байни сарояндагони касбӣ баргузор мешуд. Дар ин озмун сарояндагони машҳуртарини Узбекистон ширкат варзида бошанд ҳам, ғолибият насиби Наталяи ҷавон гашт.

Пас аз хатми мактаби мусиқӣ Наталя ба дастовариди дигаре ноил гашт. Вай дар озмуни ҷумҳуриявии мусиқии муосир “Песни моего края” ҷойи аввалро гирифта, ҳамчун ғолиби озмун ба Санкт-Петербург фиристода шуд. Дар пойтахти дуюми Русия низ соҳиби ҷоиза гашта, Наталя дар қатори беҳтарин сарояндагони ҷавон ба чандин давлатҳо, аз ҷумла Болгария ва Италия сафар намуда, дар озмунҳои байналхалқӣ ширкат варзид ва комёб ҳам шуд.

Ҳамин тавр дари шуҳрат тавассути ширкат дар озмунҳои гуногун ба рӯйи ин ҳунарманди ҷавон кушода шуд ва оҳиста-оҳиста дар олами мусиқӣ “МАН“-и худро пайдо кард.

Падар, продюссер ва дӯсти ҷонӣ

Ба хотири боз ҳам машҳуртар гаштани духтараш падари Наталя аз баҳри мансабаш баромада, бо ихтиёри худаш аз вазифаи ҷонишини директор даст кашид, то дар корҳои эҷодии ҷигарбандаш кӯмак расонад. Киро кардани менеҷер ва продюссерҳои касбӣ барои боз ҳам баландтар парвоз кардани сарояндаи ҷавон маблағи зиёдро металабид, вале Наталя чунин имконият надошт. Барои он ки кори духтараш дар нимароҳ намонад, падари Наталя вазифаи продюсерро бар дӯш гирифта, ба духтараш маслиҳат дод, ки ба хотири дар байни мардум маъруф ва маҳбуб гаштан чанд консерти бе пул диҳад. Барномаҳои консертии Наталя шуҳрати ӯро дар байни халқ афзун намуданд. Соли 2001 дар 17-солагиаш вай албоми нахустини хешро, ки сурудҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисиро дар бар мегирифт, пешкаши мухлисон гардонд ва дар Ӯзбекистон номаш вирди забонҳо гашт...

Чаро Наталя Согдиана шуд?

Наталя пай дар ҳам чанд албоми мусиқӣ баровард ва дар филми “Хоҷа Насриддин” нақш бозида, ҳунари актрисагиашро нишон дод, бар замми ин, дар клипҳо ширкат меварзид, аммо бо ин ҳама муваффақият ҳанӯз аз худ розӣ набуд. Вай мехост ҳарчи баландтар парвоз кунад. Бо ҳамин мақсад Наталя қарор дод, ки номашро бо тахаллуси саҳнавӣ иваз мекунад. Тахаллуси зебо ва нотакроре, ки ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хаёли тамошобинон наравад. Пас аз мутолиаю ҷустуҷӯҳои зиёд ӯ қарор дод, ки минбаъд ҳамчун Согдиана баромад хоҳад кард, то ҳунараш мисли Суғди бостонӣ афсонавӣ ва мондагор гардад...

“Фабрика звёзд”

Наталя бо тахаллуси Согдина ба ҳайати “Фабрика звёзд” дохил шуда, дар як муддати кӯтоҳ дар байни тамошобини рус мухлисони хешро пайдо кард. Суруди машҳури “Сердсе магнит”-аш ӯро соҳиби ҷоизаи “Золотой граммафон” гардонд. Ҳамон сол Согдиана бо ҳунарманди машҳур Авраам Руссо дуэте суруд, ки хит гашт ва ин хонуми зеборо боз ҳам машҳуртар гардонд.

Вақте ки президент қарс мекӯбад...

Соли 2009 вай бо барномаи консертӣ ба Чеченистон сафар карда, дар баробари таронаҳои рус як суруди чеченӣ хонд. Дар консерти Согдиана президенти Чеченистон Рамазон Қодиров низ ширкат дошт. Пеши ҳунари ин бонуи зебо сари таъзим фуруд оварда, дудаста қарс кӯфтани президент таваҷҷуҳи тамоми мардуми чеченро ба Согдиана ҷалб намуд. Пас аз ин барномаҳои зебо консертӣ, ки дар сатҳи бисёр олӣ баргузор гашт, Рамзан Кадиров ба Согдиана унвони сарояндаи Халқии Чеченистонро дод.

Ишқи ҳиндуёнаи Согдиана

Мутаассифона, ҳаёти шахсии ин ситораи дурахшон ба мисли фаъолияти касбиаш бобарор нест. Соли 2007 Согдиана дар банкети соҳибкори ҳинду Рам Говинда суруд хонда, ин миллионери ҳиндиро чунон обу адо кард, ки пеши шоҳбонуи эстрда ба зону зада, дасташро пурсид. Согдиана филмҳои ҳиндиро бисёр тамошо карда буд ва гумон дошт, ки ҷавонмардони ҳинду ба мисли Маҷнун то нафаси охирин барои ишқашон мубориза бурда, ҳатто ҷонашонро аз зани дӯстдоштаашон дареғ намедоранд. Ба орзуҳои ширин дода шуда, ин зебосанам дилашро рӯйи кафи дасти Рам Говинда гузошт. Тӯйи арӯсии онҳо дар ҳақиқат афсонавӣ гузашт ва чуноне, ки дар филмҳои ҳиндӣ нишон медиҳанд, Рам мудом Согдианаро рӯйи даст бардошта мегашт, аммо...

Рашки қисматсӯз

Пас аз тавлиди писарчаашон Арҷун шоҳзодаи ҳинду якбора ба шавҳари золиму рашкине мубаддал гашта, ҳамсари нозанинашро дар қинну азоб гирифт. Рам ба ҳама кору бори Согдиана рашк мекардагӣ шуда, на танҳо ба либоспӯшиаш эрод мегирифт, балки барои вохӯрӣ ва суҳбат бо дӯстонаш низ иҷозат намедод. Говинда аз ҳамсараш талаб мекард, ки дигар ба саҳна набарояд. Вай девонавор ба сари Согдиана дод зада мегуфт: “Ман як соҳибкори бо обрӯ ва сарватманд ҳастам. Мардум ба ҳолам хандида маро масхара мекунанд, ки занаш ба хотири пул дар саҳна худашро намоиш дода думба меҷунбонад...”

Рашки бемаънӣ ва доду фиғони маҷнуни ҳиндӣ ба дили Согдиана зад ва ба дороиву давлату сарвати шавҳари миллионераш туф карда, аз Рам Говинда ҷудо шуд. Миллионери худхоҳи ҳинду барои аз ҳамсари “ношукраш” қасос гирифтан писарчаашон Арҷуни хурдакакро бо худ ба Ҳиндустон бурд. Согдиана дар орзуи дидори фарзандаш хуни ҷигар хӯрда, танҳо баъди се сол тавонист кӯдакро бо роҳи қонунӣ аз дасти шавҳари сарватмандаш, ки бо пул ҳамаро мехарид, кашида гирад.

Мурғи бахт

Баъди аз миллионери ҳинду ҷудо шудан Согдиана бо президенти клуби хокей Бошир Куштов шиносӣ пайдо кард. Башир барои ин зани зебо, ки аз шикасти бахт сахт дилозурда шуда ба дастгирӣ ниёз дошт, такягоҳи боэътимоде гашт. Пас аз ҳафт моҳи шиносоӣ онҳо ақди никоҳ бастанд. Маҳсули ин никоҳ писарчаи дӯстрӯяке бо номи Михаил аст, ки фарзанди 10- уми Башир мебошад. Куштов аз зани якумаш 9-фарзанд дошт, вале ба ин нигоҳ накарда Согдианаи нозанин ба ин марди синну солаш ба ҷое расида ба шавҳар баромад, зеро гумон дошт, ки Башир зиндагидида буда ба қадри зани ҷавон мерасад, аммо хаёлаш хом баромад...

Боз талоқ

Согдиана бо шавҳари дуюмаш нав худро хушбахт ва дар амн ҳис мекардагӣ шуд, ки ба хушбахтии оилавиаш чашми бад расида, муносибати Башир ба ӯ якбора тағйир ёфт. Боз ҳамон талаботҳои подарҳаво ва боз ҳамон рашки беасос ҳамарӯза зиндагиашро талх мегардониданд. Согдиана дар Шарқ тавлид ёфта тарбияи шарқӣ гирифта бошад ҳам, наметавонист ба ҳама бедодгариҳои шавҳар тоқат кунад, зеро дар рагҳои ӯ хуни озодипарасти аврупоӣ ҷараён дошт. Ҳарчи бодо бод гӯён, вай аз шавҳари дуюмаш ҳам ҷудо шуд ва қасам хӯрд, ки дигар ҳаргиз ёди ягон мард намекунад.

alt

Акнун Согдиана ду писарашро тани танҳо тарбият мекунад, вале заррае пушаймон нест. Аз ёри муштзӯр дида танҳо будан беҳтар аст, мегӯяд ин зебосанами булбуловоз ва тамоми ҳастиашро ба санъату бачаҳояш бахшида, ҳаёти хушбахтона ба сар мебарад. Мо ба Согдиана парвозҳои аз ин ҳам баландтари эҷодӣ ва саодати зиндагиро хоҳонем!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД