Formula novemver 2024
Бахтовар Бобоҷонов: Ишқи Муҳайё маро ҷоду кард
3222

 

Садҳо духтарони фариштарӯй дар ишқи ровии машҳури телевизион Бахтовари Бобоҷон мисли шамъ сӯхта обу адо мешуданд, вале ин ҷавони Юсуфрӯй ба духтараке хонадор шуд, ки касе намешинохт. 
45167975_2158505811076106_6182709150347165696_n
-Бахтовар, баъзан як вохӯрӣ метавонад ҳаёти инснро куллан тағйир диҳад. Мегуфтед, ки шумо бахтатонро чӣ гуна ёфтед?
-Ҳамааш ногаҳонӣ шуд. Ман дар як тӯй ба ҳайси ровӣ даъватӣ будам. Тасодуфан чашмам ба духтараки зебое афтид, ки бо таваҷҷуҳи хоса ба сӯям назар дӯхта, бо диққат ба ҳарфҳоям гӯш медод. Вақте чашмам ба чашмаш афтид, дилам якбора оташ гирифт ва бо як нигоҳ ошиқи зораш гаштам.
-Изҳори муҳаббат кардед ё духтарак худаш бо баҳонаи мухлисӣ рақамҳоятон гирифт?
-(Механдад) Медонед, ишқ эҳсосоти аҷибест, ки забони касро лол мегардонад. Ман бо ҳама ҷуръате, ки дорам, натавонистам ба ӯ изҳори муҳаббат намоям, вале бо кӯмаки хешовандонаш нишонии духтарро пайдо намудам. Муҳайё дар курси аввали Донишкадаи исломӣ таҳсил мекардааст. Азбаски телефон надошт, барои дилашро ба даст овардан хеле азоб кашидам. Бо кӯмаки хешу табор муддати 6 моҳ мо гоҳ-гоҳ бо ҳам гап зада, каму беш аз хулқу рафтори ҳамдигар огоҳ шудему баъд издивоҷ намудем.
-Падару модаратон аз ин пеш касеро таги чашм накарда буданд?
-Волидайнам салоҳияти интихоби арӯсро ба ихтиёри банда вогузор намуда буданд. Вақте гуфтам, ки чунин духтари хушахлоқ ҳаст ва ба ман писанд афтидааст, бе дудилагӣ ба хостгорӣ рафтанд ва ману Муҳайё бо ризояти калонсолон хонадор шудем.
-Ба фикрам аллакай фарзанд ҳам доред?
-Бале, меваи ишқи ману Муҳайё Сафияҷон аст, ки зиндагии моро боз ҳам ширинтар гардонида истодааст.

ичиии

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД