Бачаи дарвозӣ, наку бо ман бозӣ
Бра бобата бугӯ, очама куна розӣ...
Имрӯз ин суруд вирди забони хурду калон аст, ҳатто тифлаконе, ки ҳанӯз қандро “кака” ва хӯрокро “мама” мегӯянд, ба Мино тақдилкунон бо лаҳни кӯдакона “сиёташмака дидум сах сидум” гӯён, месароянд. Мино дар ҷодаи эстрадаи тоҷик сарояндаи навроҳ аст, вале тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар дили мардум маъво бигирад. Ба ғайр аз сарояндагӣ ин бонуи зебо боз чи ҳунарҳо дорад? Барои ба ин ва дигар саволҳоямон ҷавоб гирифтан Миноро ба ошхонаи “Оила” даъват намудем.
-Мухлисонатон донистан мехоҳанд, ки Минои соҳибҷамол ба ғайр аз овозхонӣ ва раққосагӣ боз чӣ ҳунарҳо дорад?
-Таъриф нашавад, панҷ панҷаам ҳунар аст. Аз уҳдаи ҳама кору бори рӯзгор мебароям.
-Аксари хонумҳо аз рондани мошин метарсанд. Мино ҳунари ронандагӣ дорад?
-Ронандагӣ кори ҳаррӯзаи ман аст. Аз мошин рондан ягон зарра ҳарос надорам, баръакс ин яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи ман аст.
-Гуфтед, ки аз уҳдаи ҳама кору бори рӯзгор мебароед, ҳунари кадбонугиро аз кӣ ва кай омӯхтед?
-Кадбонугиро хеле барвақт аз модарам омӯхта будам. Он кас тамоми нозукиҳои ҳунарҳои занонаро ба ман ёд медоданд, то дар зиндагӣ забонкӯтоҳ нашавам.
-Кадом хӯрокҳоро бе ягон камбудӣ тайёр карда метавонед?
-Қурутоб, оши палов ва оши буридаро чунон болаззат мепазам, ки якумр мазааш аз даҳони меҳмон намеравад.
-Ин тавр бошад, меҳмони хонаатон мешавем, то фаҳмем, ки Минохонум то кадом андоза кадбонуи моҳир аст.
-Нури дида тоҷи сар! Дари хонаи мо ҳамеша барои меҳмонҳо боз аст! Фақат аз як чиз метарсам, мабодо мазаи таомҳои пухтаи Миноро чашида роҳи хонаатонро фаромӯш накунед! (механдад)
-Шунидем, ки Минохон ошиқи салат аст…?
-Оҳо-ҳо дар ҳақиқат хӯришро дӯст медорам! Инро шумо аз куҷо фаҳмидед?
-Аз чашмонатон! Хӯш, канӣ бигӯед, кадом хӯришҳоро худатон тайёр карда метавонед?
-Салати «Сезар» ва «Оливия»-ро чанд маротиба тайёр кардам. Чандин намуд хӯришҳои мевагиро ҳам омода карда метавонам.
-Мухлисонатон шуморо ба меҳмонӣ даъват кунанд, меравед?
-Албатта меравам. Чанд бор мухлисонам маро ба хонаи модарони пирашон бурданд. Ҳамроҳашон дар сари як дастурхон нишаста хӯрокҳои хуштамъ хӯрдам.
-Субҳ Мино чӣ мехӯрад?
-Отола ва ширбиринҷ.
-Ошхонаро дар ихтиёратон гузорем, чӣ мепазед?
-Хӯриши «Баҳорӣ» омода мекунам.
-Марҳамат!
-Ин хӯришро аз чунин маҳсулот омода месозанд:
2-дона тухм
2-дона бодиринги тару тоза
1-бандча редиска,
1-дона сабзӣ,
2-дона картошка,
2-дона помидор,
1-бандча пиёзи сабз,
сметана,
6-7-дона барги салат
намак, мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Картошка, тухм ва сабзиро ҷӯшонида, баъд хунук кунонда, картошкаро ба таври кубик, сабзӣ ва редискаро ҳалқача реза мекунем. Помидор ва бодирингро ба таври наргисӣ реза карда, пиёзро ҳам реза мекунему ба хӯриш илова менамоем. Маҳсулотро хуб омехта карда, сметана меандозем. Дар зарф барги салатро чида, хӯриши тайёршударо болояш мегузорем ва бо тухм оро медиҳем.
Иштиҳои том!