Меҳмони ошхонаи сомонаи «Оила» ин навбат сарояндаи хушсалиқа, зебо, ширинадою ширинсадо Зайнура Пулодова аст. Биёед ҳамроҳ аз сирру асрори кадбонугии ин паричеҳраи ҳунарманд воқиф мешавем.
-Зайнурахон, ба меҳмонии ошхонаи «Оила» хуш омадед!
-Ташаккур. Аз даъвататон шодам.
-Ситора шудам гуфта, дастатонро ба оби хунук намезадагистед?
-Наход ҳамин қадар эрка бошам, ки дастамро ба оби хунук назанам?! Шумо маро хуб намешиносед. Ман дар кадбонугӣ ҳамто надорам!
-Магар ёрдамчӣ надоред?
-Не, тамоми кору бори хонаро худам мекунам: мепазам, мешӯям, мерӯбам, медӯзам…
-Панҷ панҷаам ҳунар аст гӯеду монед!
-Ин хел гӯям, ҳавобаландӣ мешавад.
-Хонарӯбию фаршшӯӣ аз дасти ҳар кас меояд, канӣ ҳунарҳои баҷоиятонро гӯед?
-Дӯзандагӣ мекунам. Асрори гулпарвариро медонам. Ронандагӣ ҳам аз дастам меояд.
-Аҳли оила ба хӯрокҳои пухтаатон ягон айб намемонанд?
-Баръакс, дастат бомаза аст гуфта таъриф мекунанд, аммо ман таърифро хуш надорам.
-Чаро?
-Хатогиҳои одамро ба рӯяш бигӯянд, ислоҳ мешавад. Ҳамин хел таъриф кардан гиранд, ягон рӯз муғамбиру хушамбиё шуданам мумкин аст.
-Фариштачаҳоятон чиро дӯст медоранд?
-Духтарҳои ман эрка нестанд. Модарашон ҳар чи пазад, нозу нуз накарда мехӯранд.
-Таоми дӯстдоштаи худи Зайнур чист?
-Оши паловро дӯст медорам.
-Мардоне ҳастанд, ки дар ҳунари ошпазӣ аз занҳо моҳиртаранд. Мабодо чунин мард ба шумо ошиқ шавад, чӣ кор мекунед?
-Ҳар рӯз ош мехӯрем, дигар чӣ кор мекардем?! (Механдад) Намедонам, мардҳо чи сир доранд, вале ошашон дар ҳақиқат бисёр бомазза мешавад!
-Зайнурахон, дар чагдони момогӣ нон пухта метавонед?
-Метавонам. Ин кори мушкил нест.
-Наметарсед, ки рухсораҳоятон дар гармии оташ месӯзанд?
-Не, ман аз кӯдакӣ нон мепухтам.
-Мабодо дастатон сӯзаду ба ягон маърака даъватӣ бошед, чӣ кор мекунед?
-Э аз даҳонатон шамол барад! (механдад) Як бор ҳамин хел шуда буд. Маҷбур монда як ҳафтаи дароз аз бозор нон харидам.
-Хӯрдани шириниро дӯст медоред?
-Баробари номи шириниро шунидан даҳонам об мекушояд!
-Магар парҳез намекунед?
-Аз ширинӣ дил кандан барои ман бисёр душвор аст. Салатро ҳам дӯст медорам. Дар рӯйи дастурхон хӯришҳои «ҳафтранг» ё «оливия»-ро бубинам, дигар парво надорам, ки хӯрок ҳаст ё не.
-Худатон хӯриш омода карда метавонед?
-Чаро не? Хӯришҳои дӯстдоштаамро худам тайёр мекунам.
-Барои хонандагони «Оила» ва мухлисони ҳунаратон кадом ретсептро пешкаш мекунед?
-Қандинаи шоколадӣ
Маҳсулоти лозима:
150 г шакар
200 г равғани маска ё маргарин
1 қошуқча шакари ванили (ванильный сахар)
1 тухм
3 қошуқ какао
300-350 г орд
1 қошуқча моддаи ковоккунанда (разрыхлитель)
100 г шоколад
Тарзи таҳия:
Равғанро бо шакару ванилин лат мезанем ва ба он тухм, какао, моддаи ковоккунандаро андохта хамир мешӯрем. Хамирро дар болои миз тунук карда, бо қолабчаҳо мебурем. Ба лаълии тафдон коғази пухтупазиро тунук мекунем ё равған молида, қолабчаҳоро мечинем ва дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа 20 дақиқа мепазем. Шоколадро дар буғ об кунонида, бо шпритси қаннодӣ қандинаҳои пухтаро бо шоколад оро медиҳем. Қандина омода шуд. Иштиҳои том!