«Истиқлол» бори 15-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бори 15-ум унвони қаҳрамони Лигаи олии Тоҷикистонро ба даст овард.
Ин дастовард рӯзи 23 ноябр дар бозии мавқуфмонда бо дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор таъмин гардид. «Истиқлол» рақибашро бо ҳисоби 5:1 мағлуб карда, як давр пеш аз анҷоми мусобиқа қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
Бо ин пирӯзӣ дастаи пойтахт ҳуқуқи намояндагии Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2027/28 ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки «Истиқлол» 13 сол боз пайиҳам қаҳрамони футболи Тоҷикистон мешавад.
Нӯшин Боқизода