Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Душанбе каме арзон шуд
Дар як ҳафтаи охир нархи миёнаи як литр сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе аз 16,60 то 14,67 сомонӣ поин рафтааст.
Ҳамзамон, нархи бензини АИ-95 як сомонӣ арзон шуда, ба 16 сомонӣ расидааст. Нархи гази моеъ низ аз 7,10 то 7,03 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, бензини АИ-92, ки миёни ронандагон талабгори зиёд дорад, тақрибан ду ҳафта боз дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дастрас нест. Баъзе ронандагон аз сифати он низ шикоят доранд, аммо ин нигарониҳо бо натиҷаи озмоишҳои мустақили лабораторӣ тасдиқ нашудаанд.
Коҳиши нархи маводи сӯхт эҳтимол ба арзон шудани маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, рабт дорад. Русия таъминкунандаи асосии сӯзишвории Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон барои моҳи ноябр интиқоли 20 ҳазор тонна бензини АИ-92-ро ба Тоҷикистон пешбинӣ кардааст. Ҳукумати кишвар низ бо мақсади осон кардани воридоти маводи сӯхт аз баъзе кишварҳо боҷи гумрукиро муваққатан ба сифр баробар кардааст.
Бо вуҷуди ин тадбирҳо, мушкили таъмини бозори пойтахт бо бензини АИ-92 ҳанӯз боқӣ мемонад.