goodwell
Дар Тоҷикистон барои ба каси дигар додани кортҳои бонки ҷарима муқаррар гашт
09.11.2026
Оила
79

Дар Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ додан, фурӯхтан ё харидани кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ гардид. Барои чунин амалҳо шаҳрвандон метавонанд то 6630 сомонӣ ҷарима шаванд.

Ин тағйирот ба иловаи 2-и моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуда, аз 21-уми октябри соли ҷорӣ амал мекунад. Моддаи мазкур «Муомилоти ғайриқонунии воситаи электронии пардохтӣ» ном дошта, муомилоти ғайриқонунии кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти онҳоро бо мақсади ғаразнок фаро мегирад.

Тибқи тағйироти воридшуда, барои додан, фурӯхтан, харидан ё паҳн кардани чунин воситаҳои пардохтӣ ҷарима ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи ҷарима вобаста ба ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз 780 то 6630 сомонӣ, баробар ба 10–85 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки симкортҳо, кортҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва маълумоти онҳоро ба шахсони дигар надиҳанд.

Ба таъкиди ин ниҳод, афроди дигар метавонанд аз чунин воситаҳо барои содир намудани ҷиноят истифода баранд. Дар ин сурат, ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, эҳтимоли фаро расидани ҷавобгарии сангинтари қонунӣ низ вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД