Рақамикунонии низоми андоз – имкониятҳои нав барои андозсупорандагон
Хизматрасонии босифат, шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо, сарфаи вақт ва содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҳадафҳои асосии рақамикунонии низоми андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Бо ин мақсад Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ тадбирҳои нав меандешад.
24 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи андоз Солеҳзода Аюбҷон Маъруф семинар оид ба масъалаҳои рақамикунонии низоми андоз баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар се самти муҳими рушди хизматрасониҳои рақамӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани механизми нави маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), таъсиси модули электронии имтиёзҳои андозӣ ва такмили замимаи мобилии «Андози ман» муаррифӣ ва баррасӣ гардиданд.
Ин иқдомҳо ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои андозсупорандагон, коҳиш додани сарбории маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофияти муносибатҳои андозӣ ва рушди муҳити соҳибкорӣ равона шудаанд.
Зимни суханронӣ муовини раиси Кумитаи андоз Солеҳзода Аюбҷон Маъруф аҳамияти рушди пайвастаи технологияҳои рақамиро дар соҳаи маъмурикунонии андоз таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ бояд пеш аз ҳама, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои андозсупорандагон, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои андозӣ ва содатар намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ равона гардад.
Механизми нави маъмурикунонии ААИ: шаффофият ва имконияти идоракунии маблағҳо
Яке аз самтҳои асосии баррасишуда ҷорӣ намудани механизми нави маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда мебошад.
Тавре дар семинар зикр гардид, ААИ андози ғайримустақим буда, бори иқтисодии онро дар ниҳоят, маъмулан, истеъмолкунанда ба дӯш мегирад, дар ҳоле ки субъекти хоҷагидор ҳисобкунӣ, баҳисобгирӣ ва пардохти онро ба буҷет таъмин менамояд.
Механизми пешниҳодшаванда на танҳо сабти маълумоти андозӣ, балки гардиши воқеии маблағҳо ва тартиби алоҳидаи истифодаи онҳоро низ фаро мегирад.
Тавассути механизми мазкур андозсупорандагон метавонанд манбаи воридоти маблағҳои ААИ, вазъи ҳисоби дахлдор, амалиёти анҷомдодашуда, самтҳои истифодаи маблағҳо ва уҳдадориҳои пардохтшавандаро мустақилона пайгирӣ намоянд.
Бартарии асосии механизми нав дар он аст, ки андозсупоранда имкони бештар пайдо мекунад, то гардиши маблағҳои дахлдорро назорат намуда, фаъолияти молиявии худро дуруст ба нақша гирад ва аз вазъи иҷрои уҳдадориҳои андозиаш саривақт огоҳ бошад.
Татбиқи ин механизм метавонад ба пешгирии хатогиҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо, таҳкими интизоми молиявӣ ва шаффофу пешбинишаванда гардидани муносибатҳои соҳибкорон бо мақомоти андоз мусоидат намояд.
Имтиёзҳои андозӣ - имкониятҳои дастгирии давлатӣ дар як низоми электронӣ
Самти дуюм ба таъсиси модули электронии имтиёзҳои андозӣ бахшида шудааст.
Таъсиси модули мазкур барои баланд бардоштани маърифати андозии соҳибкорон ва истифодаи самараноки имкониятҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз аҳамияти муҳим дорад.
Ҳадафи он фароҳам овардани муҳити ягона ва фаҳмо барои дастрасӣ ба маълумот оид ба имтиёзҳои андозии истифодашаванда, асосҳои ҳуқуқӣ, шартҳо ва муҳлати амали онҳо мебошад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими модул инъикоси арзиши молиявии имтиёзҳои андозӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, андозсупоранда метавонад бубинад, ки бе истифодаи имтиёз чӣ қадар андоз ҳисоб карда мешуд ва бо татбиқи он маблағи андози ҳисобшуда чӣ қадарро ташкил медиҳад.
Ба ибораи дигар, соҳибкор метавонад дар шакли рақамҳои мушаххас бубинад, ки истифодаи имтиёзҳои андозӣ ба ӯ чӣ қадар имконияти сарфаи маблағро фароҳам овардааст. Ин маблағҳо метавонанд барои тавсеаи истеҳсолот, навсозии таҷҳизот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шаванд.
Ҳамзамон, дар семинар имтиёзҳои андозӣ ҳамчун яке аз воситаҳои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт арзёбӣ гардид.

Модули электронии мазкур метавонад ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии андозсупорандагон аз имкониятҳои дастгирии давлатӣ ва истифодаи мақсадноки имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мусоидат намояд.
«Андози ман» - хизматрасонӣ дар телефони мобилӣ
Самти сеюм ба такмили замимаи мобилии «Андози ман» марбут аст. Дар назар аст, ки он тадриҷан ба воситаи мукаммали иттилоотӣ табдил ёфта, ба андозсупорандагон имкон диҳад, ки тавассути телефони мобилӣ маълумоти заруриро дастрас намоянд.
Бо такмили замимаи «Андози ман» андозсупорандагон метавонанд дар ҳар макону вақти барояшон мувофиқ, бидуни зарурати муроҷиати бевосита ба мақомоти андоз, ба маълумоти марбут ба уҳдадориҳои андозии худ дастрасӣ пайдо намоянд.
Аз ҷумла, истифодабарандагон метавонанд аз уҳдадориҳои андозӣ, пардохтҳои анҷомдодашуда, вазъи ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет, қарздорӣ ва муҳлатҳои пардохт огоҳ шаванд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди замима ҷорӣ намудани низоми огоҳсозии пешакӣ дар бораи муҳлатҳои дарпешистодаи пардохти андоз, тағйироти қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мебошад.
Огоҳсозии саривақтӣ ба андозсупорандагон имкон медиҳад, ки уҳдадориҳои худро пешакӣ ба нақша гирифта, аз гузаштани муҳлати пардохт, ба вуҷуд омадани қарздорӣ ва хароҷоти эҳтимолии иловагӣ пешгирӣ намоянд.
Рушди замимаи «Андози ман» дар самти наздиктар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, баланд бардоштани дастрасии онҳо ба технологияҳои рақамӣ ва ташаккули фарҳанги муосири андозсупорӣ аҳамияти хос дорад.
Рақамикунонӣ — қадами муҳим дар беҳтарсозии хизматрасониҳои андозӣ
Зимни семинар таъкид гардид, ки шаффофияти иттилоотӣ ва дастрасии саривақтӣ ба маълумот назорати андозро суст намекунад ва уҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузориро тағйир намедиҳад. Баръакс, чунин равиш ба ҳисобкунии дурусти андозҳо, пешгирии хатогиҳо ва иҷрои ихтиёрии уҳдадориҳои андозӣ мусоидат менамояд.
Моҳияти рақамикунонии низоми андоз танҳо аз гузариш аз хизматрасониҳои анъанавӣ ба шакли электронӣ иборат нест. Ҳадафи асосии он ташаккули низоми муосир, дастрас, шаффоф ва барои андозсупорандагон қулай мебошад.
Меъёри асосии самаранокии рақамикунонии низоми андоз на шумораи барномаҳо ва модулҳои ҷоришуда, балки натиҷаи воқеии онҳо барои андозсупорандагон, аз ҷумла коҳиш ёфтани хароҷоти маъмурӣ, беҳтар гардидани дастрасӣ ба маълумот, баланд бардоштани шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо ва содатар гардидани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, се самти муаррифишуда ба баланд бардоштани сифати маъмурикунонии андоз, таҳкими эътимоди байни давлат ва андозсупорандагон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд.

Истифодаи хизматрасониҳои электронӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои андозӣ ба соҳибкорону шаҳрвандон имкон медиҳад, ки вақту маблағи худро сарфа намуда, дар таҳкими муносибатҳои шаффофи андозӣ саҳм гузоранд.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон