5 далели ҷолиб дар бораи
Парчами миллии Тоҷикистон
Имрӯз, 24 ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Парҷами миллии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд. Парчам ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ нақши махсус ва ҷойгоҳи сазовор дорад. Инак, чанд далели ҷолибро дар бораи Парчами Тоҷикистон пешкашатон месозем.
- 14-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гашта, дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд.
- Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ — Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, аввалин маротиба ин ҷашн 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ таҷлил карда шуд.
- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон мавриди истифода қарор дорад, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйиру иловаҳо аз 19.06.2024 тасдиқ карда шудааст.
- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.
- Рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқу миллати тоҷикро барои озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда ва осудаву устувор ифода менамоянд. Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора дар Парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.