Таҷрибаи сабақомӯзи хоҷагии деҳқонии Саидҷон Раҳмонбердиев
Об - манбаи ҳаёт ва ризқи мардум
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ об натанҳо манбаи ҳаёт, балки сарчашмаи ризқу рӯзии мардум ба шумор меравад, зеро ҳудуди 60-70%-и аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ карда, як пора нонашонро туфайли киштукори маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меоранд. Соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёт низ нақши муҳим дошта, баланд бардоштани ҳосилнокии замин яке аз ҳадафҳои асосии стретегии кишварҳои ин минтақа маҳсуб меёбад, аммо самаранокии заминҳои кишоварзӣ аз дастрасӣ ба захираҳои об вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири обёрӣ, кам кардани талафоти об ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кишоварзон доир ба истифодаи захираҳои об натанҳо ба рушди хоҷагиҳои алоҳида, балки ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат мекунад.
Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҲЕЛВЕТАС ва АКТЕД бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад, ба татбиқи принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об равона гаштааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти лоиҳаи мазкур баланд бардоштани самаранокии истифодаи об дар хоҷагиҳои деҳқонии қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Сир мебошад. Лоиҳа ба кишоварзон дар азхудкунии технологияҳои сарфакоронаи об, гирифтани донишҳои амалӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ кумак мерасонад. Ташкили қитъаҳои намоишӣ, гузаронидани омӯзиш дар байни деҳқонон ва ҷалби худи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба татбиқи технологияҳои нав ҳадафҳои асосии фаъолияти лоиҳа мебошанд.
Таҷрибаи қаҳрамони мо Саидҷон Раҳмонбердиев намунаи олии он аст, ки чӣ гуна дастгирии лоиҳа, донишҳои нав ва ташаббуси худи кишоварз метавонанд ба тағйироти воқеӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ оварда расонанд.
Аз мушкилоти обёрӣ то ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъала
Саидҷон Раҳмонбердиев роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи “А. Раҳмонбердиев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад. Ин хоҷагӣ оилавӣ буда, Саидҷон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш фаъолият мекунад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ панҷ гектар буда, қисми асосии заминро боғҳои мевадиҳанда ташкил мекунанд, ки дар он заминҳо себ, шафтолу, зардолу, гелос ва нок парвариш карда мешавад. Дар қитъаҳои дигари замин пахта, тамашк ва дигар зироатҳои кишоварзӣ кишт мешавад.
Барои хоҷагие, ки самти асосии фаъолияташ парвариши мева аст, таъмини мунтазами об яке аз шартҳои муҳимтарини баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рушди истеҳсолот ба ҳисоб меравад, аммо қаблан дар ин хоҷагӣ бештар аз усулҳои анъанавии обёрӣ истифода мебурданд, ки меҳнати зиёдро талаб карда, боиси талафоти барзиёди об мегашт. Дар натиҷа, на ҳамеша имконияти сари вақт об додани тамоми қитъаҳои замин фароҳам меомад ва ин боиси талафоти ҳосил мегашт. Мушкили дигар нокифоя будани дониши амалии аъзои хоҷагӣ оид ба муайян намудани меъёри дурусти обёрӣ, чен кардани ҳаҷми оби истифодашаванда ва интихоби технологияҳои мувофиқ буд. Ҳамаи ин омилҳо ба раванди парвариши боғ таъсири манфӣ мерасониданд ва зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои самараноктари истифодаи обро ба миён меоварданд.
«Қаблан, мо танҳо вақти будани об онро истифода мекардем, агар набошад, аз дастамон коре намеомад ва ба тақдир тан дода, аксар вақт ҳосилро аз даст медодем. Дарки он ки барои нигоҳ доштани ҳосили замин ҳамеша аз мавҷудияти об вобаста ҳастем, моро хеле афсурда месохт, аммо роҳи ҳалли ин масъаларо намедонистем»,- иқрор мешавад Саидҷон Раҳмонбердиев.
Омӯзише, ки ба амал табдил ёфт
Аз соли 2020 Саидҷон Раҳмонбердиев дар доираи лоиҳаи Миллии идоракунии захираҳои об ҳамчун машваратчии Лоиҳа фаъолият дошт. Ҳамсараш Шаҳодат низ дар ин лоиҳа фаъолона иштирок намуда, дар боғи оилавӣ қитъаи намоишӣ ташкил карданд. Ҳадафи асосӣ ҷорӣ намудани усулҳои самараноки обёрӣ ва нишон додани имкониятҳои амалии технологияҳои сарфакоронаи об буд. Ҳадафи асосӣ ҷорӣ намудани усулҳои самараноки обёрӣ ва нишон додани имкониятҳои амалии технологияҳои сарфакоронаи об буд.
Пеш аз ҳамкорӣ бо лоиҳа Саидҷон дар бораи усулҳои ченкунии об, меъёри обёрӣ ва технологияҳои мувофиқ барои парвариши боғҳои мевадиҳанда маълумоти кофӣ надошт. Аммо баъди шомил шудан ба лоиҳа ӯ дар омӯзишҳо, рӯзҳои корҳои саҳроӣ ва вохӯриҳои марбут ба парвариши боғ ва истифодаи технологияҳои сарфакоронаи обёрӣ фаъолона иштирок намуд. Шаҳодат Раҳмонбердиева низ дар рафти омӯзишҳо оид ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки об, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, муборизаи биологӣ бо ҳашароти зараррасон, муайян кардани меъёри обёрӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир донишҳои нав ба даст овард. Омӯзишҳои мазкур барои ин оила заминаи мусоидро фароҳам оварданд, то дониши гирифтаашонро дар хоҷагии худ татбиқ намуда, натиҷаи усулҳои навро дар муқоиса бо таҷрибаи пешина таҳлил ва арзёбӣ намоянд.
Сармоягузории муштарак ба сарфаи об
Барои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи обёрӣ лоиҳа ба хоҷагӣ кумаки моддию техникӣ расонида, корҳо бо маблағгузории муштарак роҳандозӣ шуданд: 70 фоизи хароҷотро лоиҳа ва 30 фоизи боқимондаро худи хоҷагӣ бар дӯш гирифт.
Саидҷон Раҳмонбердиев ташаббус нишон дода, ба хотири пешравии хоҷагии деҳқониаш аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ обанбори захиравӣ сохт ва манораи обтаъминкунӣ насб намуд. Лоиҳа бошад, қубурҳо, таҷҳизот ва дигар маводи заруриро пешниҳод карда, барои насби онҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа, дар як гектар боғи себ низоми обёрии қатрагӣ ҷорӣ карда шуд. Ин технология имкон медиҳад, ки об бевосита ба решаи дарахтон расонида шуда, талафоти он кам ва самаранокии истифодаи захираҳои об баланд бардошта шавад.
Пас аз сохтмони обанбор ва насби низоми нави обёрӣ масъалаи таъмини мунтазами нерӯи барқ ба миён омад, зеро таъминоти ноустувори барқ ба кори таҷҳизот таъсир расонида, имкониятҳои истифодаи самараноки инфрасохтори навро маҳдуд мекард. Ҳамин тавр, бо дастгирии лоиҳа дар хоҷагӣ панелҳои офтобӣ насб карда шуданд, ки барои таъмини кори таҷҳизоти обтаъминкунӣ ва обёрӣ истифода шуда, вобастагии хоҷагиро аз қатъшавии нерӯи барқ коҳиш медиҳанд.
Ҳамзамон, барои чен кардан ва назорати ҳаҷми оби истифодашаванда асбобҳои обченкунии ВЧ-25 ва ВЧ-50 насб гардиданд. Ин таҷҳизот ба кишоварзон имкон медиҳанд, ки ҳаҷми оби сарфшударо дақиқтар муайян намуда, барои тақсимоти дуруст ва истифодаи оқилонаи он қарорҳои асоснок қабул намоянд.
Дастгирии ҳоҷагӣ дар доираи лоиҳа танҳо бо пешниҳоди таҷҳизот маҳдуд нагашта, омӯзиш, саҳми молиявии худи хоҷагӣ, инфрасохтори зарурӣ ва имкони назорати истифодаи об дар низоми ягона муттаҳид гардид.
Тағйироте, ки дар боғ намоён аст
Тавре худи Саидҷон Раҳмонбердиев мегӯяд, ҷорӣ намудани низоми нави обёрӣ ва парвариши ниҳолҳои нави дарахтон дар боғ ба беҳтар шудани ҳосилнокӣ мусоидат намуд.
«Мо як гектар боғро ба обёрии қатрагӣ гузаронидем. Дарахтони кӯҳнаро иваз карда, ниҳолҳои ҷавон шинондем. Ҳосилнокӣ хеле баланд шуд. Соли гузашта зардолу он қадар фаровон буд, ки ҳатто натавонистем тамоми ҳосилро ҷамъоварӣ кунем. Имсол низ ҳосили хуб гирифтем. Шафтолу ҳам фаровон аст. Тафовут нисбат ба солҳои пеш хеле калон мебошад»,- мегӯяд Раҳмонбердиев.
Афзоиши ҳосил ба хоҷагӣ имкон додааст, ки ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташавандаро зиёд ва заминаи иқтисодии оиларо мустаҳкам намояд. Имрӯз меваи истеҳсолкардаи хоҷагӣ дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фурӯш бароварда мешавад.
Барои оилаи Раҳмонбердиев ин тағйирот танҳо ба даст овардани ҳосили бештар нест. Он ҳамчунин таҷрибаи нави пешбурди хоҷагӣ, муносибати масъулиятшиносона ба захираҳои об ва имкони беҳтар кардани рӯзгор тавассути истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи об аст.
Таҷрибаи худро ба дигарон меомӯзонанд
Яке аз натиҷаҳои муҳими ҳамкории Саидҷон Раҳмонбердиев бо лоиҳа паҳн кардани дониш ва таҷрибаи андӯхта миёни дигар кишоварзон мебошад. Ӯ дар доираи лоиҳа бо деҳқонон ва аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҳудуди 15-20 машғулияти муфиди омӯзишӣ гузаронида, дар бораи роҳу усулҳои нави парвариши зироат, истифодаи таҷрибаи пешқадам, баҳисобгирии захираҳои об, технологияҳои наве, ки самаранокии обёриро таъмин менамоянд, маълумот додааст. Дар ин вохӯриҳо ӯ на танҳо донишҳои назариявӣ, балки таҷрибаи шахсӣ ва натиҷаҳои бадастовардаи хоҷагии деҳқонии худро низ бо иштирокдорон мубодила мекунад.
«Аввал худамон омӯхтем, баъд ба дигарон низ омӯзониданро оғоз кардем. Имрӯз ҳар касе, ки ба хоҷагии мо меояд, метавонад бо чашми худ бинад, ки дар натиҷаи истифодаи дурусти об ба чӣ ноил шудан мумкин аст. Ҳоло ҳамсояҳои мо низ ба ҷорӣ намудани низоми обёрии қатрагӣ шуруъ кардаанд»,- нақл мекунад Саидҷон Раҳмонбердиев.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки қитъаҳои намоишӣ ва омӯзиши амалӣ метавонанд барои паҳн кардани усулҳои пешқадами кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам оранд. Вақте ки кишоварзон натиҷаи технологияи навро дар хоҷагии ҳамкасбони худ мебинанд, имкони қабули он ва истифода дар шароити маҳаллӣ бештар мегардад.
Ҳамин тавр, таъсири лоиҳа аз ҳудуди як хоҷагӣ берун рафта, ба мубодилаи дониш ва ташаккули таҷрибаи сарфакоронаи истифодаи об дар байни кишоварзони ноҳия мусоидат мекунад.
Арзиши обро бояд донист
Ба андешаи Саидҷон Раҳмонбердиев, дастоварди асосии ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи мазкур танҳо афзоиши ҳосилнокӣ нест. Тағйир ёфтани муносибати кишоварзон ба захираҳои об низ аҳаммияти калон дорад.
«Муҳимтар аз ҳама, муносибати мо ба об дигар шуд. Имрӯз мо арзиши воқеии онро дарк мекунем ва мекӯшем, ки ҳар метри мукааби обро то ҳадди имкон самаранок истифода барем»,- таъкид мекунад қаҳрамони мо.
Обёрии қубурӣ: роҳи дигари коҳиши талафоти об
Дар баробари обёрии қатрагӣ, технологияи обёрии қубурӣ низ яке аз усулҳои самараноки тақсимоти об дар заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ин усул имкон медиҳад, ки об ба ҷӯякҳо нисбатан баробар тақсим шуда, талафоти он ва хароҷоти меҳнат кам карда шавад. Обёрии қубурӣ метавонад талафоти оби партовро 5-8 фоиз коҳиш дода, сарфи обро то 20 фоиз кам намояд. Ҳамчунин, истифодаи замин 2-5 фоиз афзоиш ёбад ва ҳосилнокӣ то 10 фоиз баланд гардад. Муҳлати бозгашти маблағгузорӣ ба ин усул 4-5 сол арзёбӣ мешавад.
Натиҷаҳои воқеӣ аз шароити замин, хусусиятҳои зироат, тарзи истифодаи таҷҳизот ва нигоҳубини низоми обёрӣ вобастагӣ дорад. Интихоби технология бояд бо назардошти талаботи ҳар як хоҷагӣ анҷом дода шавад.
Тавсияи кишоварз ба ҳамкасбонаш
Саидҷон Раҳмонбердиев ба кишоварзоне, ки ҳанӯз дар омӯзишҳои лоиҳа иштирок накардаанд, тавсия медиҳад, ки барои баланд бардоштани дониш ва малакаи худ аз чунин имкониятҳо истифода баранд. Ба андешаи ӯ, азхуд кардани усулҳои муосири кишоварзӣ ва истифодаи самараноки об метавонад ба беҳтар шудани ҳосилнокии замин ва сатҳи зиндагии оилаҳои деҳқонон мусоидат намояд.
Тавре таҷрибаи хоҷагии оилавии Саидҷон Раҳмонбердиев нишон медиҳад, натиҷаи устувор вақте ба даст меояд, ки омӯзиш бо амал, дастгирии техникӣ бо ташаббуси худи кишоварз ва ҷорӣ намудани технология бо назорати истифодаи захираҳо пайваст бошад.
Дар шароите, ки об барои рушди кишоварзии минтақа аҳаммияти ҳаётӣ дорад, чунин таҷрибаҳо метавонанд барои дигар хоҷагиҳо низ намуна бошанд, зеро самаранок истифода бурдани об натанҳо масъалаи сарфаи як захираи табиӣ, балки роҳи баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои беҳтари зиндагӣ барои оилаҳои деҳот мебошад.