Formula september
Пул хоб бинӣ, бой мешавӣ ё бадбахт?
29842

 

Мармар

Мармар дар хоб тавоноиву қудрат, боигарӣ ва барои мард завҷаҳои зебо аст. Нафаре, ки дар хобаш ҳавзу фаввораҳоро бо мармар ороиш медиҳад, аз ғаму андуҳ ва ташвишҳо раҳо меёбад. Ҳамзамон чунин хоб нишонаи хушнудӣ, хушҳолӣ ва занҳои донишманду некӯахлоқ, фарзандони хушсурат, хонаҳои баланд ва неъматҳои Оллоҳ аст.

Танга, пул

Хоб дидани тангаҳои тиллоӣ зиёда аз чор адад хуб нест. Нафаре, ки дар хобаш тангаҳои тиллоиро ба даст меорад, сухани нохуш мешунавад. Рафту тангаҳои тиллоӣ дар хоб аз чор адад камтар бошад, он фарзандон аст. Тангаҳои нуқрагин таъбири гуногун доранд, ки ба мавқеи одамон вобастагӣ дорад. Барои нафаре хоб дидани тангаҳои нуқрагин баъд аз мушкиливу музокира ба осудагӣ расидан асту барои баъзеҳо чунин хоб аз муоширати гуворо шаҳодат медиҳад.

Тангаҳои қалбакӣ дар хоб қабеҳгӯӣ ва баддаҳонӣ асту баҳсу мунозира. Дар хоб аз дасти нафаре тангаи нуқрагин гирифтан маънои онро дорад, ки ин нафар сиру асрори худро ба шумо фош месозад ва агар дар хоб шумо ба касе танга диҳед, сири худро ба ин шахс боз мекунед. Баъзеҳо бар онанд, ки дар хоб дидани пул аз ҳодисаҳои ногувор, ташвиш ва изтироб ҳушдор месозад. Дар хоб аз нафаре пул гирифтан бо наздикон, шиносҳо ё ҳамкорон муноқиша карданро маънидод мекунад.

Баҳр

Баҳр дар хоб таҷассумгари ҳокими пурқудрат аст ва баҳрро аз дур хоб дидан нишонаи тарс, ошӯб ва бадбахтӣ аст. Нафаре, ки худро дар соҳили баҳр хоб мебинад, аз ҳокими худ чизе мегирад, дар баъзе ҳолатҳо чунин хоб барои зан пайдо шудани шавҳар аст. Рафту оби баҳр дар хоб тира набошаду мавҷҳои калон надошта бошад, ба давлат ва аҳолӣ ишора мекунад. Нафаре, ки дар хобаш аз баҳри обаш соф об менӯшад, аз роҳбари худ ба ҳамон миқдоре, ки обро нӯшидааст, боигарӣ ё маоши хуб мегирад. Рафту оби баҳр дар хоб тира бошаду пурмавҷ, шахси чунин хобдидаро хатар ва азоб интизор аст. Дар хоб рӯи баҳр роҳ гаштан маънои ба мавзеи дигар кӯч бастан ва дар назари ҳокимон мавқеъ пайдо кардан аст. Баҳри орому обаш соф нишонаи хушбахтиву хушнудӣ аст.

Сабзӣ

Дар хоб дидани сабзӣ нишонаи андуҳ аст, дар даст қапидани сабзӣ бошад аз осон шудани мушкиле дарак медиҳад. Дар хоб истеъмол кардани сабзӣ нишонаи бурдборӣ ва муваффақият дар корҳо аст.

Кӯпрук

Кӯпрук дар хоб таҷассумгари ҳамаи он чизҳое аст, ки инсониятро аз азобҳои охират ва ташвишҳои ҳаёт раҳо мебахшад. Баъзе уламо бар онанд, ки кӯпрук дар хоб маъниҳои зиёд дорад. Чунин хоб метавонад нишонаи шиносоӣ бо нафарони муътабаре бошад, ки ба дигарон дар рафъи мушкилиҳояшон кӯмак мерасонанд. Кӯпруке, ки шахси хобдидаро ба қабристон ворид месозад, маънои умри аз сар гузаронидаро дорад. Бо кӯпрук рафтан нишонаи ба сафари роҳи дур баромадан аст.

Пешоб

Нафаре, ки дар хобаш пешоб мекунад, аз мушкиливу ғаму кулфат халос мешавад, рафту қарздор бошад, қарзҳояшро бармегардонад, агар сарватманд бошад, мағруру ҳавобаланд мегардад. Марде, ки дар хобаш пешоби хунин мекунад, худаш бехабар бо зани талоқдодааш ё бо яке аз занҳои хешу табор ҳамхоба мегардад. Нафаре, ки дар хобаш дар манзили нафаре пешоб мекунад, дар бедорӣ бо яке аз наздикони ин манзил тавассути никоҳ хешу табор мегардад. Нафаре, ки дар хоб аз будаш бештар пешоб мекунад ё бо пешоб олуда мегардад ё аз бӯи нохуши пешоб ноҳинҷор мегардаду дигарон ин амалашро мебинанд, ин хоб нишонаи бадбахтӣ ё сар задани бадие аст, ки боиси шармандагии ӯ мегардад. Нӯшидани пешоб дар хоб нишонаи шакку шубҳаи инсон дар пули ҳалол ё дороии ба даст овардааш аст.

Торикӣ, зулмат

Торикиву зулмат дар хоб нишонаи иштибоҳ, гумроҳӣ, саргарангӣ ва фишор аст.

Мард

Марди бегона дар хоб душман аст. Рафту мард пир бошад, шахси чунин хобдида хушбахт мегардаду дороӣ ба даст меорад. Аз то кадом андоза зебо будани мард ҳамон андоза манфиат ба даст овардан вобастагӣ дорад.

Орд

Орди гандумӣ ё ҷавин дар хоб нишонаи боигарии ҷамъшуда аст. Таъбири хоби орд назар ба нон беҳтар аст. Орд дар хоб воситаи ба даст овардани ризқу рӯзӣ аст. Эҳтимол он ба илму донишҳои муҳиму даркорӣ ишора намояд. Хамир шӯридан дар хоб нишонаи ба сафар баромадану аз ҳоли наздикон бохабар шуданро дорад.

Хачир

Хачир дар хоб сафару саёҳат, инчунин шахси бе дин аст. Ба хачир савор шуда рафтан дар хоб нишонаи дарозумрӣ ва издивоҷ бо зани безурриёт аст ё чунин хоб шаҳодати ғолиб омадан ба рақиби бе дини худ аст. Модахачири зинзада дар хоб духтари зебову ботарбия асту бе зинаш сафари муфид аст. Истеъмол намудани шири модахачир нишонаи нек надорад. Садои хачир аз муомилаи душвор бо шахси якрав далолат медиҳад.

Мӯмиё (мурдаи қоқшуда)

Мурдаи қоқшуда дар хоб барои шахси гунаҳкор нишонаи пушаймонӣ, тавбаву надомат асту барои шахси ғамгину аламзада шаҳодати хурсандӣ ва осудагӣ.

Мӯрча

Мӯрча дар хоб ҳамчун мардуми заиф таъбир мегардад. Шахси бемор дар бадани худ мӯрча хоб бинад, вафот мекунад. Ҳамзамон мӯрча дар хоб нишонаи серҳосилӣ ва насибаи Оллоҳ аст. Нафаре, ки ба хонаи худ даромадани мӯрчаро хоб бинад, бурдбориву неъмат ба манзилаш ворид мегардад. Ҳамзамон мӯрча дар хоб нафаре аст, ки меҳнати зиёд мекунаду ба дӯсти худ фоида мерасонад. Нафаре хоб бинад, ки мӯрча аз манзилаш чизеро мебарад, ҳама чиро аз даст дода қашшоқ гашта метавонад. Мӯрчаро дар мӯрчахона хоб дидан, рамзи хушбахтӣ ва хушҳолии оилавӣ аст. Рафту аз мӯрчахона мӯрчаи зиёде берун ояд, чунин хоб нишонаи сар задани бадбахтиву мушкилиҳо аст.

Ҳазрати Мӯсо

Ҳазрати Мӯсо дар хоб ба нерӯи нафароне ишора мекунад, ки ҳақ ва боадолат ҳастанд ва ғолибият бар нафароне аст, ки ноҳақу беадолат ҳастанд. Ҳамзамон чунин хоб ба марги шахси золиму ситамгаре ишора мекунад. Таъбири дигари хоб дидани ҳазрати Мӯсо нишонаи аз сар гузаронидани дарду аламҳо дар даврони кӯдакӣ ва аз наздикону оилаи худ ҷудо шуданро дорад. Нафаре, ки ҳазрати Мӯсоро асо дар даст хоб мебинад, ба мавқеи баланд расида, душманонро мағлуб мегардад.

Мушк, атри мушкдор

Мушк дар хоб ба зиндагии гуворо ва неъматҳо барои нафаре аст, ки онро бӯй мекашад.

Партов

Партов дар хоб неъмат асту нишонаи аз ташвишу ғам озод шудан ва далелу бурҳон аст. Барои нафарони сарватманд хоб дидани партов хуб нест. Шахси партовкаш дар хоб нафари бадбахту қашшоқе аст, ки ба хотири истироҳату осудагии дигарон заҳмат мекашаду хаста мегардад.

Магас

Магас дар хоб шахси пасту ҳақир ва ҷанҷолӣ аст. Агар нафаре дар болои сари худ пашшаи паронро хоб бинад, пас душмани заифе дорад, ки дар фикри ба ӯ зарар расонидан аст, вале коре карда наметавонад. Шахсе, ки дар хобаш ба молу амволи худ пашшаи нишастаро мебинад, бояд ин моли худро аз чашми душман пинҳон нигоҳ дорад. Дар хоб куштани пашша нишонаи осудагӣ ва саломатии хуб аст. Нафаре, ки хонаи худро пур аз пашша хоб мебинад, пашшаҳо душманоне ҳастанд, ки ба ӯ зарар мерасонанд. Мегӯянд, ки магас дар хоб пулҳои бо роҳи ҳаром ба даст овардашуда ҳастанд.

Собун

Нафаре, ки дар хобаш бо собун либос мешӯяд, аз беморӣ шифо меёбад ё ташвишҳояш рафъ гашта, қарзашро бармегардонад. Собун дар хоб нишонаи рафъ гардидани ғаму андуҳ аст, зеро ифлосиро тоза мекунад, ифлосӣ бошад, ғаму ташвиш аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Рукия 2023-04-27, 10:29
Пулро ба дастам гирифтам модарам гуфтаски ин дузди хисоб мешавад Бад мондам
Посух
Рамазон 2023-05-20, 10:27
Шафоир
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Рукия 2023-04-27, 10:29
Пулро ба дастам гирифтам модарам гуфтаски ин дузди хисоб мешавад Бад мондам
Посух
Рамазон 2023-05-20, 10:27
Шафоир
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД