Одатан ривоятҳои динӣ дар боби охират ва азоби гӯр бо саҳнаи омадани ду фаришта ба хонаи охират, яъне қабри одами ба тозагӣ аз олам даргузашта ва сабт намудани тамоми неку бади меҳмони нав дар китоби аъмолаш оғоз меёбанд.
Ин ду фариштаро Мункар ва Накир ном аст ва тақдири минбаъдаи фавтида ба он вобастагӣ дорад, ки дар китоби аъмолаш чиҳо менависанд. Сабти некиҳояш дар ин китоб бештар бошанд, ба биҳишт меравад, вале бадкирдориҳояш бартарӣ дошта бошанд, ҷояш мувофиқи гуфти бархе аз муллоҳо оташи ҷаҳаннам мегардад. Албатта дар хоб дидани Мункар ва Накир касро ба ташвиш меорад, агар аз асрори хобу хоббинӣ бехабар бошад. Мехоҳед донед, ки Мункар ва Накир дар хоб чиҳо гуфта метавонанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Дар китобҳои таъбири хоб зуҳур намудани Мункар ва Накирро дар хоб фоли нек ва гувоҳи зиндагии хушбахтонаю хурсандона дар ин дунё ва дар охират номидаанд, ба шарте, ки одами хобдида худотарс, боимон ва покдилу покрафтор бошад. Дар хоби дузд, қотил, зинокор ва дигар гунаҳкорон даромадани Мункар ва Накир огоҳии ҷиддие аз ҷониби Офаридгор аст. Худованд бо ҳамин васила ба одами гунаҳкор гуфтан мехоҳад, ки вай аз тамоми кирдору рафтори носавоби ӯ огоҳӣ дорад ва тамоми аъмоли бадашро сабт карда истодааст, агар сидқан тавба накунад, гирифтори ҷазо мегардад. Мункар ва Накир симои пирона дошта бошанд, донед, ки дар гузашта ягон гуноҳи бузург содир намуда, тавба карданро аз ёд бурдаед, ҷавон бошанд, пас айни замон ягон дар роҳи хато қарор доред, ба наврас шабеҳ бошанд, эҳтиёт шавед, то минбаъд касе шуморо аз роҳи худованд берун набарад. Дар хоб худро дар ҷойи Мункар ва Накир дидан гувоҳи он аст, ки ягон мушкили ҳаётатон осон мешавад ё аз балою қазоҳои азим халос мешавед. Камбағал чунин хоб бубинад, аз қашшоқӣ раҳоӣ меёбад, зиндонӣ озод мешавад, одами бе дин роҳи ҳақро меёбад. Барои афроди бохирад чунин хоб рамзи давлату сарват, ҳамчунин пайки Парвардигор дар бораи ба қуллаи мансаб расидани ӯст. Бемор хоб бубинад, ки ба ҷойи Мункар ва Накир гуноҳу савоби касеро навишта истодааст, аз эҳтимол дур нест, ки сафари охираташ наздик бошад, бинобар ин, бояд фурсатро аз даст надода, дар назди офаридгор барои тамоми гуноҳҳое, ки донистаю надониста содир намудааст, омурзиш бипурсад ва саҷдаи Ҳақро ба ҷой биоварад. Истиқболи гарми Мункар ва Накир дар хоб гувоҳи он аст, ки рафтору гуфтору кирдори шумо ба Худованди замину осмон хуш омадааст ва ҳам дар ин дунёву ҳам дар охират зиндагии саршори саодатро насибатон мегардонад. Бигӯед: Омин!!!