shoh palace
Хобномаӣ исломӣ: бо ҳарфи К
237555

 

Кабӯтар

Кабӯтар дар хоб зани дӯстдошта аст. Нафаре, ки дар хоб кабӯтарони зиёдеро ба даст меорад, аз шахсиятҳои машҳур кӯмаки молиявӣ мегирад. Дар хона ё ҳавлии худ кабӯтар хоб дидан маънои издивоҷ бо духтари зебову меҳрубонро дорад. Ҳамзамон кабӯтар дар хоб барои нафароне, ки дучори мушкилӣ ҳастанд ё яке аз пайвандони гумшудаи худро меҷӯянд, хабари хуш аст. Ҳар нафаре, ки дар хоб кабӯтарро мепартояд, соҳиби давлат ва фарзанд мегардад. Қур-қури кабӯтар намунаи зани тақводор аст. Агар кабӯтар дар хоб парида барнагардад, ин нишонаи аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар ва марги ҳамсар аст. Дар хоб ба даст овардани як кабӯтар расидан ба муҳаббати бузург ва издивоҷ аст.

Каду

Шахси бемор каду хоб бинад, шифо меёбад. Каду дар хоб нишонаи рафъи мушкилот ва аз худ сохтани илму дониши даркорӣ аст. Ҳар қадаре дар хоб хӯроки кадугӣ зиёд истеъмол карда шавад, ҳамон андоза инсон илму дониши зиёд аз худ мекунад.

Каланд кардан

Дар хоб заминро каланд кардан маънои аз худ намудани илму донишро дорад ва эҳтимол шахси чунин хобдида ба саволҳои худ посух пайдо мекунад. Аз замин мурда ёфтан, маънои ҳосил ёфтани ниёзҳои худ аст. Замин каланд кардан дар хоб ҳамзамон ифодакунандаи он аст, ки ба наздикӣ чизе меёбед.

Калла

Дар хоб дидани он ки калла аз бадан ҷудо аст, маънои муфлис шуданро дорад. Агар дар хоб худро дусара ё сесара бинед, душмани худро ғолиб омада, ба тамоми орзуву ниятҳои худ мерасед. Нафари беморе, ки сари худро дар хоб бурида мебинад, аз беморӣ шифо меёбад, қарзҳои худро бармегардонад, аз ташвишҳо озод мегардад. Нафаре, ки сари худро дар хоб бурида мебинад, дигаронро мутеи худ карда метавонад. Сари дар парвоз қарордошта нишонаи сафару саёҳат аст. Сари худро дар даст дидан барои нафароне, ки ба сафар омодагӣ мебинанд ё фарзанд надоранд, нишонаи нек аст. Агар дар хоб сари худро ба сари палангу шер ё фил мубаддалгашта бубинед, аз уҳдаи кори худ ба хубӣ мебароед.

Калид

Калид дар хоб маънои ба лутфи Худованд ноил гаштан ва ба душмани худ мағлуб шуданро дорад. Нафаре, ки дар дасти худ бастаи калидҳоро мебинад, қудрат ба даст меорад. Бо калид дарро кушодан маънои осон гаштани мушкилиҳоро дорад. Дар хоб гум кардани калид нишонаи талафот ва ноумедӣ аст. Ёфтани калид дар хоб аз пешравии корҳо пайғом медиҳад.

Калламуш

Калламуш дар хоб ишора ба кисабуре аст, ки аз ӯ эҳтиёт шуданатон лозим меояд.

Калтакалос

Калтакалос дар хоб таҷассумгари нафаре аст, ки одамонро фиреб дода, миёнашон ҷангу низоъ меангезад. Калтакалоси заҳрнок ҳамчун нафаре таъбир мегардад, ки одамонро ба кору аъмоли баду номатлуб даъват мекунад. Куштани калтакалос дар хоб маънои ғолибият ба даст овардан ва ба фиребу найранг дода нашудан аст.

Кана

Кана дар хоб нишонаи ранҷиш, дилмондагӣ ва таҳқиру хорӣ аст. Тахтакана (клоп) бошад, шаҳодатгари боигарӣ ва шиносоӣ бо шахси хира аст.

Каъба

Каъбаи муқаддас дар хоб ба маънои пешвои мусалмонон аст. Нафаре, ки дар хобаш дар дохили Каъбаи муқаддас намоз мегузорад, аз душманони худ эмин мемонаду ба некӣ мерасад. Шахсе, ки дар хобаш аз назди Каъба гузашта меравад, ба муқобили суннати пайғамбар амал мекунад. Дар хоб тавофи Каъба кардан ё ягон маросими Ҳаҷро ба анҷом расонидан, маънои дар дину мазҳаби худ устувор буданро дорад. Дар хобе, ки инсон ба сӯи Каъба меравад, ин нафар дар зиндагӣ ба манфиати дини худ ҳарф мезанад.

Камонғӯлак

Хоб дидани камонғӯлак бо тори камон нишонаи бузургиву иқтидор аст. Агар мард дар хоб камонғӯлакро дар даруни тирдон хоб бинад, занаш писар ба дунё меорад. Нафаре, ки дар хобаш камонғӯлакро шикаста мебинад, рӯзе шуҳрату бузургияш ба сари ӯ бадбахтӣ ва имтиҳони сахт меоранд.

Канали об

Канал ё ҷӯйбор дар хоб ба маънои роҳ ва сарчашмаи даромад аст. Нафаре, ки дар хоб аз канал об менӯшад, зиндагии хушу гуворо насибаш мегардад.

Кат, рахти хоб

Рахти хобро хоб дидан ба маънои завҷа аст. Духтар рахти хобро хоб бубинад, ба наздикӣ ба шавҳар мебарояд. Худро дар ҷойгаҳ хобида хоб дидан, маънои баргардонидани чизи аз даст додаро дорад. Марде, ки бистари худро дар хоб мефурӯшад, аз завҷаи худ ҷудо мешавад, рафту занаш бемор бошад, чунин хоб маънои фавтидани занро дорад. Бистар хоб дидан маънои хизматгор ва истироҳатро дорад. Нармии бистар дар хоб нишонаи зани итоаткор асту паҳмии бистар аз хислати хуби зан дарак медиҳад. Рафту бистар дар хоб нав бошад, зани мард зебо мешавад, рафту бистар дарида бошад, пас зани марде, ки чунин хоб дидааст, гунаҳкор асту имон надорад. Марде, ки бистари худро хубтар ва андозаашро фарохтар хоб мебинад, таъбири хоби ӯ ба хислатҳои завҷааш дахл дорад. Рафту мард дар назди бистари худ боз як бистар хоб бубинад, зани дуюм мегирад.

Катон

Дар хоб либоси катонӣ ба бар намудан маънои пули ҳалол ба даст оварданро дорад.

Кафан

Кафан дар хоб даст ба зино задан аст. Худро дар кафан хоб дидан нишонаи наздик будани рӯзи марг аст. Нафаре, ки худро дар кафан бо сару пойҳои луч хоб мебинад, ба гуноҳ даст зада, пушаймон мегардад.

Кафи даст

Кафи даст дар хоб қувваи мард аст. Кафи кушодаи даст маънидодкунандаи он аст, ки нӯшу неъматҳои дунёӣ ва зиндагии пурнишот насиби марди чунин хобдида мегардад.Кафтор (гиена)

Кафтор дар хоб аз шиносоӣ бо зани пиронсолу бадахлоқ дарак медиҳад. Аз ин зан эҳтиёт шудан лозим аст, зеро ӯ метавонад занаки ҷодугар бошад. Рафту дар хоб кафторро бо санг ё бо чӯб занед, пас бо чунин зан наздикӣ пайдо мекунед.

Каҳзак (хрен)

Гиёҳи каҳзак дар хоб ҳамчун ғаму андуҳ таъбир мегардад.

Кибр

Кибру ғурур дар хоб аз наздик омадани рӯзи марг далолат медиҳад. Баъзан ин нишонаи беадолатӣ ва фарҷоми бади зиндагӣ аст.

Кирм, гиҷҷа

Дар шиками худ кирм ё гиҷҷа хоб дидан ҳамчун фарзандони шахси хобдида таъбир мегардад, ки аз ҳисоби ӯ умр ба сар мебаранд. Агар аз ҷисм ё либоси шахси хобдида кирми бисёр берун шавад, ташвишҳояш рафъ гашта, сарватманд мегардад. Таъбири дигари кирм дар хоб шахси туҳматгару ғайбатчӣ аст. Агар шахси бемор дар хонаи худ кирм хоб бинад ё кирм ба бадани ӯ часпад, вафот мекунад.

Киса

Киса дар хоб шаҳодати камбағалӣ ва қашшоқӣ аст.

Китф

Китф дар хоб ба маънои зан аст. Зарар ё фоидае, ки дар хоб ба китф мерасад, дар бедорӣ ба зан тааллуқ дорад. Дар баъзе ҳолатҳо китф дар хоб ба маънои бародар, дӯст ё ҳамкор таъбир мегардад. Ҳамзамон китф ба саёҳат ишора мекунад. Боз мегӯянд, ки китфони паҳну мустаҳкам дар хоб қобилиятҳои хуби корӣ доштани инсонро бозгӯ аст. Китфони худро бемор хоб дидан нишонаи беморӣ ва марги бародар аст. Нафаре, ки дар хобаш кӯшиши бо ҳарду чашм дидани китфи худро мекунад, нури як чашмашро аз даст медиҳад.

Киштӣ

Киштӣ дар хоб аксаран ба маънии наҷот ва наздик шудан ба ҳокимон аст. Дар баъзе ҳолатҳо киштӣ маънои ғаму андуҳеро дорад, ки зуд мегузарад. Нафаре, ки дар хобаш вориди киштии дар баҳр истода мегардад, вобаста ба андозаи киштӣ ва то кадом андоза вориди киштӣ гаштан маънидодкунандаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба ҳокимон ҳамон андоза наздик мегардад, вале баъдан аз эшон ҷудо мешавад. Рафту дар хоб ба киштӣ об дарояд, пас ин беморӣ ва ғам аст ё маънои ба маҳбас афтидану ба зудӣ халос шуданро дорад. Дар хоб аз киштӣ берун шудан, маънои аз ғам ба зудӣ раҳо шуданро дорад. Киштиро дар хушкӣ хоб дидан маънои ғаму андуҳи зудгузарандаро дорад. Рафту нафаре дар хоб киштиро ба сӯи худ равон бубинад, мушкилаш ба зудӣ осон мегардад. Киштӣ дар хоб барои нафаре, ки дар дил тарсу ҳарос дорад ё бемор асту аз мушкиле азият мекашад, роҳи наҷот аст. Ба киштӣ бо зоҳидон нишастан маънои ба роҳи рост рафтанро дорад. Рафту шахси хобдида бо аҳли оилаи худ ба киштӣ ворид гардад, ба бузургиву ҳашамат расида, баракат ба даст меораду аз душманони худ раҳо меёбад. Хоб дидани киштии шикаста нишонаи бад аст. Дар киштӣ сӯрохӣ ё тарқиш хоб дидан маънои аз офате наҷот ёфтани нафаронеро дорад, ки дар киштии мазкур ҳузур доранд.

Коғаз

Дар хоб дидани коғаз маънои ба кори шубҳанок машғул шуданро дорад. Аз дасти одамони баобрӯ, амсоли имоми масҷид коғаз гирифтан ба зиёд гаштани обруву эътибори инсон ишора менамояд. Навиштан дар коғаз аз пайдоиши нобоварӣ байни одамоне, ки менависанд ва дигарон дарак медиҳад.

Кори нек

Агар нафаре дар хобаш кори нек ба анҷом расонад, масалан, аз сари роҳ чизеро, ки ба одамон зарар мерасонад, гирифта, бадахлоқиро пешгирӣ намояд, дар кори савдо даромад ба даст меорад, қарзашро бармегардонад ва ҳамчунин нишонаи бехатарӣ аст.

Корвон

Корвон, қофила дар хоб аз савдои бобарору сердаромад дарак медиҳад.

Корд

Корд дар хоб ҳамчун нафари заҳматкаше маънидод мегардад, ки ба хонаву дӯстони худ кӯшиши фоида оварданро мекунад. Тезии корд нишонаи амалӣ гаштани амри он аст. Нафаре, ки ба ҷавобгарии судӣ кашида шудааст, корд хоб бинад, дар мурофиа ғолиб меояд, зеро корд яроқест, ки бо истифода аз он аз душман ҳимоя мебаранд. Нафаре, ки корд ба даст мегираду яроқи дигаре бо худ надорад, ба неъмату насибаи Оллоҳ мушарраф мегардад. Шахсе, ки дар хобаш бо корд дасти худро захмӣ месозад, чизеро дида, ба ҳайрат меояд. Ақидаи дигаре низ аст, ки корд дар хоб нишонаи муноқиша бо шахси наздик аст.

Кор кардан

Худро дар ҳолати коркунӣ хоб дидан ё коркунии нафареро назорат намудан нишонаи боигарӣ, сериву пурӣ ва комёбӣ аст.

Курта

Зане, ки худро бо либоси сиёҳ хоб мебинад, шавҳари аблаҳ ва муфлис дорад. Парвоз кардани куртаи зан дар хоб маънои онро дорад, ки нафаре ӯро ба шавҳар ё дӯстдоштааш бадгӯӣ намуда, шаъну шарафашро паст мезанад. Аз тозагӣ ва сафедии курта порсоии шавҳар вобастагӣ дорад, ҳар қадаре курта сафеду тоза бошад, ҳамон андоза шавҳар ё зан порсо аст. Аз ғафсии куртаи дар хоб дида вазъи молиявии шавҳарро фаҳмидан мумкин аст, ҳар қадаре матоъ ғафс бошад, ҳамон андоза шавҳар доро аст ва баръакс, матои тунук нишонаи муфлисӣ аст.

Косахонаи сар

Нафаре, ки дар хобаш устухони косахонаи сарро истеъмол мекунад, маблағҳои пулияш тамом мешаванд.

Кӯча

Кӯча дар хоб ташвишу изтироб ва мушкилот аст.Кушодан

Кушодани қулф ва дарҳои баста дар хоб нишонаи сабук гаштани мушкилиҳо ва бо осонӣ дороӣ ба даст оварданро маънидод мекунад.

Куштор

Нафаре, ки дар хобаш одам мекушад, дар бедорӣ даст ба гуноҳи азим мезанад. Дар хоб нафареро ба қатл расонидан маънои онро дорад, ки шахси қатлшуда аз қотил фоида ба даст меорад. Дар хоб қатл шудан бурдборӣ ба даст оварданро маънидод мекунад. Баъзе уламо бар онанд, ки куштори инсон дар хоб нишонаи аз як бадбахтӣ раҳо шудану ба дигараш гирифтор шудан аст.

Кӯдакон, оила

Кӯдакон ва оиларо хоб дидан нишонаи молу мулк ва маблағи пулӣ аст.

Кӯза

Дар хоб аз кӯза об нӯшидан маънои тавлиди тифлро дорад. Нафари дигареро ҳангоми аз кӯза об нӯшидан хоб бинед, маънои онро дорад, ки шахси аз кӯза обменӯшида хеле заҳматдӯст аст.

Кӯлмак

Кӯлмак дар хоб нишонаи он аст, ки шахси чунин хобдида дар бедорӣ дучори туҳмату дурӯягӣ мешавад.

Кӯпрук

Кӯпрук дар хоб таҷассумгари ҳамаи он чизҳое аст, ки инсониятро аз азобҳои охират ва ташвишҳои ҳаёт раҳо мебахшад. Баъзе уламо бар онанд, ки кӯпрук дар хоб маъниҳои зиёд дорад. Чунин хоб метавонад нишонаи шиносоӣ бо нафарони муътабаре бошад, ки ба дигарон дар рафъи мушкилиҳояшон кӯмак мерасонанд. Кӯпруке, ки шахси хобдидаро ба қабристон ворид месозад, маънои умри аз сар гузаронидаро дорад. Аз болои кӯпрук гузаштан дар хоб нишонаи ба сафари роҳи дур баромадан аст.

Куҳи Арафот

Агар нафаре, ки яке аз наздиконаш гум шудааст, дар хоб бубинад, ки дар рӯзи Арафа дар куҳи Арафот қарор дорад, шахси гумшуда пайдо мешаваду агар бо нафаре қаҳрӣ бошад, оштӣ мешавад. Дидани Арафот ҳамчунин ба зиёрати Ҳаҷ ишора мекунад.

Куҳ

Агар нафаре дар хобаш аз куҳу харсанг афтад, даст ба гунаҳ зада ё бемор мешавад. Фатҳ намудани куҳ дар хоб, расидан ба мақсад аст. Рафту куҳҳо ба ларза омада, баъдан ором шаванд, пас сокинони шаҳреро, ки чунин ҳодиса рух додааст, даҳшат интизор аст.

Кӯзпушт

Ҳар нафаре, ки худро дар хоб кузпушт мебинад, соҳиби давлату сарвати зиёд мегардад.

Кунҷид

Кунҷид дар хоб пули ҳалол ба даст овардашуда аст.

Куршапарак

Куршапарак дар хоб таҷассумгари зани ҷодугар аст.

Куҳпора

Куҳпора дар хоб нишонаи занҳои сабуру пуртоқат, истодагарӣ ва дарозумрӣ аст. Баъзан куҳ дар хоб ҳамчун бераҳмиву золимӣ ва зулм таъбир мегардаду гоҳи дигар аз муошират бо нафарони боикром ва донишманд далолат медиҳад. Нафаре, ки ба куҳпора боло мебарояд, ба мақсаду мароми худ ноил мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(8)
Асалом ма мохинур 2023-05-13, 03:22
Хо дидамки дар само парвоз мекунам ин чи мано дорад
Посух
Асплому алекум ман мохинур 2023-05-17, 17:39
Хоб дидам ки кундошам туфли навзод тавалкд кардаст ин чи мано дорад
Посух
Асплому алекум ман мохинур 2023-05-17, 17:39
Хоб дидам ки кундошам туфли навзод тавалкд кардаст ин чи мано дорад
Посух
Бону 2023-05-25, 08:41
Дар хоб дидани камон
Посух
Изадмох 2023-06-23, 09:38
Кабк дар хоб
Посух
Дусмурод 2023-07-21, 00:28
Қошуқ дар шаби хоб чи мешава
Посух
Муҳамадшариф 2023-10-06, 06:26
Кучидан аз хонаи худ маънояш чист??????
Посух
Хххх 2023-10-12, 21:22
Кудак дар хобам мурд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(8)
Асалом ма мохинур 2023-05-13, 03:22
Хо дидамки дар само парвоз мекунам ин чи мано дорад
Посух
Асплому алекум ман мохинур 2023-05-17, 17:39
Хоб дидам ки кундошам туфли навзод тавалкд кардаст ин чи мано дорад
Посух
Асплому алекум ман мохинур 2023-05-17, 17:39
Хоб дидам ки кундошам туфли навзод тавалкд кардаст ин чи мано дорад
Посух
Бону 2023-05-25, 08:41
Дар хоб дидани камон
Посух
Изадмох 2023-06-23, 09:38
Кабк дар хоб
Посух
Дусмурод 2023-07-21, 00:28
Қошуқ дар шаби хоб чи мешава
Посух
Муҳамадшариф 2023-10-06, 06:26
Кучидан аз хонаи худ маънояш чист??????
Посух
Хххх 2023-10-12, 21:22
Кудак дар хобам мурд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД