arzon replenishment
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи Б
217333

                                     (ҳарфи) - Б

Бадқавоқӣ

Симои худро ҷиддиву бадқавоқ хоб дидан аз духтарчадор шудани шахси хобдида далолат медиҳад.

Бадхашмӣ

Бадхашмӣ дар хоб нишонаи ба маҳбас афтидан аст. Шахсе, ки дар хоб аз хонаи худ дар ҳоли қаҳру ғазаб берун мешавад, ба маҳбас меафтад. Таъбири дигари чунин хоб осудагиву оромӣ дар хонаи шахси хобдида аст.

Ба бари рӯй задан

Зане, ки дар хоб ба рухсораи худ бо дастонаш мезанад, хабари писардор шуданро мешунавад.

Бахмал

Дар хоб дидани бахмал ё матои бахмалӣ нишонаи ба сафар баромаданро дорад.

Бадарға

Нафаре, ки дар хоб шахси худотарсу тақводорро бадарға мекарда бошад, аз нафароне, ки расму оини динро риоя менамоянд, рӯ мегардонад.

Баҳор

Дар хоб дидани фарорасии баҳор нишонаи ҳуҷуми душман аст.

Байрақ

Байрақ, парчам дар хоб ҳамчун олим ё зоҳиду парҳезгор таъбир мегардад, ки пайравони зиёде дорад. Ҳамзамон байрақ дар хоб қудрату бузургӣ дар ҷое аст, ки байрақ он ҷо гузошта шудааст. Байрақҳои дар шамол алвонҷхӯрда дар хоб нишонаи ҷанг асту байроқи зард рамзи бадбахтӣ. Байрақи сабз шаҳодати сафари бобарору мақсадҳои накӯ аст. Байрақи сафед дар хоб ҳамчун борони дарозмуддат таъбир мегардад. Байрақи сиёҳ нишонаи хушксолӣ аст. Рафту шахси раҳгумзадаву беҷуръат байрақ хоб бинад, ба роҳи дуруст сафарбар мегардад. Зане, ки байрақ хоб мебинад, барои шавҳари худ вафодор мегардад.

Банан

Банан дар хоб шаҳодати саломатии комил ва беҳбудӣ аст.

Барги дарахт

Барги дарахт дар хоб либос аст. Боз мегӯянд, ки дар хоб дидани баргҳои сабз нишонаи хушнудӣ асту баргҳои зард рамзи бадбахтиву қашоқӣ.

Бараҳнагӣ, урёнӣ

Нафаре, ки дар ҷои серодам худро урён хоб мебинад, дар бедорӣ шарманда мешавад. Шахсе, ки дар хобаш бадани урёни худро бо чизе пӯшонидан мехоҳад, зиёрати Ҳаҷ мекунад ё зарар дида, камбағал мешавад. Урён будани зан дар хоб нишонаи аз наздикон ё шавҳар ҷудо шуданаш аст.

Барф

Барф дар хоб ба шарте нишонаи ҳосилнокии зиёд, фоида ва шифо ёфтан аз бемориҳо аст, ки дар фасли зимистон борида бошад. Дар фасли тобистон боридани барфро хоб дидан шаҳодати хароҷот ва харобкорӣ аст.

Баррача

Баррача дар хоб тифле аст, ки аз рӯи гуфтаҳои волидони худ амал мекунад. Нафаре, ки дар хобаш гӯшти баррача истеъмол мекунад, боигарии начандон зиёд ба даст меорад. Садои баррача ба туҳмати хизматгори маккора ишора мекунад.

Барзагов

Ҳар нафаре, ки дар шумораи зиёди барзаговҳоро идора мекунад, агар имконият дошта бошад, роҳбари кишвар мешавад. Нишастан ба болои яке аз барзаговҳо фаровониву серию пурӣ мебинад. Дар хоб шунидани овози барзагов маънои ба роҳи дур баромаданро дорад. Агар барзагов инсонро аз по афтонад, он нафарро рӯзи маргаш наздик аст. Маоси барзагов нишонаи низоъ аст. Ба қурбонӣ бурдани барзагов дар хоб маънои онро дорад, ки шахси бадкирдоре шуморо ғолиб меояд. Барзаговро бе шох хоб дидан, нишонаи ҳамсуҳбат гаштан бо шахси пасту залил ё камбағал аст.

Байтор, духтури ҳайвонот

Байтор дар хоб рамзи инсонест, ки тақдири дигаронро ҳал мекунад.

Барф

Барф дар хоб ба шарте нишонаи ҳосилнокии зиёд, фоида ва шифо ёфтан аз бемориҳо аст, ки дар фасли зимистон борида бошад. Дар фасли тобистон боридани барфро хоб дидан шаҳодати хароҷот ва харобкорӣ аст.

Бастани дарҳо

Нафаре, ки дар хобаш дарҳои навро мебандад, агар муҷаррад бошад, бо духтари хушахлоқу боадаб оила бунёд мекунад. Рафту шахсе дар хобаш дареро пушида натавонад, аз коре, ки аз уҳдааш баромада наметавонад, даст мекашад, инчунин аз бадие эмин мемонад. Дар хоб пӯшидани дар нишонаи зиндагии нодуруст аст.

Бахшиш

Агар шумо дар хоб аз нафаре бахшиш мепурсида бошед, дӯсти худро аз даст медиҳед.

Нафаре, ки дар хобаш шахси дар наздаш гунаҳкор бударо мебахшад, Оллоҳ гуноҳҳои худи ӯро мебахшад.

Баҳр

Баҳр дар хоб таҷассумгари ҳокими пурқудрат аст ва баҳрро аз дур хоб дидан нишонаи тарс, ошӯб ва бадбахтӣ аст. Нафаре, ки худро дар соҳили баҳр хоб мебинад, аз ҳокими худ чизе мегирад, дар баъзе ҳолатҳо чунин хоб барои зан пайдо шудани шавҳар аст. Рафту оби баҳр дар хоб тира набошаду мавҷҳои калон надошта бошад, ба давлат ва аҳолӣ ишора мекунад. Нафаре, ки дар хобаш аз баҳри обаш соф об менӯшад, аз роҳбари худ ба ҳамон миқдоре, ки обро нӯшидааст, боигарӣ ё маоши хуб мегирад. Рафту оби баҳр дар хоб тира бошаду пурмавҷ, шахси чунин хобдидаро хатар ва азоб интизор аст. Дар хоб рӯи баҳр роҳ гаштан маънои ба мавзеи дигар кӯч бастан ва дар назари ҳокимон мавқеъ пайдо кардан аст. Баҳри орому обаш соф нишонаи хушбахтиву хушнудӣ аст.

Боғ

Боғи сабзе, ки дар он дарахту гул мерӯяд, дар хоб ба маънои ислом ва имон аст. Нафаре, ки дар хобаш дар боғи сабзу хуррам сайр мекунад, баъди марг ба биҳишт меравад. Боғро дар хоб об додан маънои бо завҷаи худ бо муҳаббат ва ризоият умр ба сар бурданро дорад. Рафту дарахтони боғ мевадор бошанд, пас шахси хобдида фарзанддор мешавад. Агар нафаре дар хоб бинад, ки боғи ӯро шахси бегонае об медиҳад, хоби нек нест. Мард дар хоб як қисми боғи худро бе дарвоза хоб бинад, аз завҷааш ҷудо мешавад. Боғҳои ношинос дар хоб инъикоскунандаи биҳиштанд, шахсе ки дар чунин боғ сайр мекунад, вориди биҳишт мегардад. Ҳама гуна замину боғҳои сабз дар хоб ҳамчун дини ислом таъбир мегарданд. Нафаре, ки дар хобаш дар чунин боғҳо сайр мекунад, талаботҳои исломро риоя намуда, некӣ ба даст меорад. Ҳамзамон боғ дар хоб таҷассумгари зан аст, ҳамчуноне, ки боғ обод мегардад, ҳамон гуна оила калон шуда, сафи фарзандон меафзояд. Таъбири боғ дар хоб зану фарзандон, боигариву хушрӯзӣ ва аз ғаму андуҳ раҳо гаштан низ аст. Дар хоб дидани нафаре, ки аз боғи сабзу шукофон ба замини бе сабза, биёбон ё ҷои торик ворид мегардад, аз заифии имон ва даст ба гуноҳ задан ҳушдор менамояд.

Бева шудан

Дар хоб бева шудани зан шаҳодати хушбахт шудан ва оромиши қалб дар бедорӣ аст.

Беморӣ

Беморӣ дар хоб нишонаи дурӯягӣ ва бе имонӣ аст.

Беморхона

Беморхонаро хоб дидан ё дар хоб ба хабаргирии шахси бемор рафтан аз бурдборӣ дар корҳо, саломатии хуб ва комёбиҳо далолат медиҳад.

Бемор

Шахси беморро хоб дидан маънои онро дорад, ки нафарони ғамгин шод мегарданду сарватмандон муҳтоҷ мегарданд. Дар хоб аз беморӣ фавтидан шаҳодати он аст, ки баъди қашшоқӣ инсон бою доро мегардад. Дар хоб худро бемор бубинӣ, агар нияти ба сафар баромаданро дошта бошӣ, дар сафар хатар таҳдид мекунад.

Бетартибӣ

Дар хоб дидани бетартибӣ аз нохушиву ногуворӣ шаҳодат медиҳад.

Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим

Дар хоб талаффуз намудани ибораи Бисмиллоҳи раҳмонир раҳим (Ба номи Оллоҳи бузургу меҳрубон) аз илму дониши исломӣ ва ба роҳи ҳақ сафарбар шудани инсонро бозгӯӣ мекунад.

  

 

Биёбон

Нафаре, ки биёбону даштро хоб мебинад, дар зиндагӣ ба ҳама чиз ноил мегардад. Дашти калону беканор дар хоб нишонаи хушҳоливу сурур аст.

Бинӣ афшонидан

Биниафшонӣ дар хоб нишонаи пардохт намудани тамоми қарзҳо ё рафъ намудани мушкили дигар аст. Ба рӯймолча бинӣ афшонидан маънои фиреб хӯрданро дорад. Нафаре, ки ба замин бинӣ меафшонад, аз тавлиди духтар шод мегардад. Марде, ки дар хонаи нафаре бинӣ афшонидани худро хоб мебинад, бо зани ин хонадон муносибати маҳрамона мекунад.

Биҳишт

Нафаре, ки биҳиштро хоб мебинаду вориди он намегардад, дар бедорӣ бурдборӣ ба даст оварда, хабари хуш мешунавад. Аслан нафарони боадолате, ки касеро озор намедиҳанд, биҳиштро хоб мебинанд. Биҳишт дар хоб нишонаи расидан ба орзуҳо ва рафъ гардидани андуҳ аст. Шахсе, ки дар хоб вориди биҳишт шудан мехоҳад, вале барои даромаданаш монеъ мешаванд, Ҳаҷ карда наметавонад ё гуноҳи худро шуста наметавонад.

Агар нафаре дар хоб яке аз дарҳои биҳиштро баста бинад, яке аз волидонаш мефавтад, рафту ҳар ду дарҳои биҳишт баста бошанд, ҳар ду волидайнаш реҳлат мекунанд. Дар ҳолате, ки тамоми дарҳои биҳишт барояш баста бошад, пас волидонаш аз ӯ ранҷидаанд. Нафаре, ки дар хобаш аз дилхоҳ дари биҳишт ворид мегардад, волидонаш аз ӯ розӣ ҳастанд. Дар хоб вориди биҳишт гардидан маънои ба рӯзҳои хуш расиданро дорад. Шахсеро, ки дар хоб вориди биҳишт менамоянд, рӯзи маргаш наздик гаштааст. Дар баъзе ҳолатҳо хоб дидани он, ки нафаре шуморо вориди биҳишт намудааст, маънои онро дорад, ки аз шахси ба биҳишт сафарбарнамуда ибрат гирифта, бо роҳнамоии ӯ аз гуноҳҳои кардаи худ тавбаву надомат мекунанд. Таъбири дигари хобе, ки дар он вориди биҳишт мегарданд, баъди нохушиҳо ба мақсад расидан ва бо нафарони бузургу наҷиб робита намудан аст. Шахсе, ки дар хобаш амри вориди биҳишт шуданро мегираду вориди он намегардад, пас имони шахси хобдида заиф гардидааст. Худро дар биҳишт хоб дидан нишонаи аз худ намудани илму донишро дорад. Нафаре, ки дар хобаш бо табассум вориди биҳишт мегардад, дар бедорӣ номи Оллоҳро зиёд ба забон меорад. Дар хоб дар боғҳои биҳишт сайр намудан нишонаи покизагӣ ва комил гаштани имон аст. Нафаре, ки аз меваи биҳишт дар хоб истеъмол мекунад, ба андозаи ҳамон мева илму дониш аз худ менамояд. Истеъмоли обу май ва шири биҳишт дар хоб низ оқилагиву дониш ва боигарӣ аст. Хоб рафтан дар биҳишт аз покдоман будани зани мард далолат медиҳад. Нафаре, ки дар хобаш чӣ гуна вориди биҳишт шуданашро намедонад, то замоне, ки зинда аст, бузургиву хушбахтӣ насибаш мегардад. Агар дар хоб аз хӯрдани меваи биҳишт бенасиб гардед, нишонаи заифии имон аст. Шахсе, ки дар хобаш аз оби дарёи биҳишт нӯшидан менамояд, бар душман ғолиб меояду сарварӣ насибаш мегардад. Марде, ки дар хобаш аз як дарвозаи биҳишт ворид мегардад, бо зани зебое издивоҷ мекунад. Мард агар дар хобаш бо ҳурони биҳишт ҳамхоба шавад, соҳиби давлату хушбахтӣ мегардад. Агар нафаре омадани фариштаҳоро хоб бинаду дар биҳишт фариштагон ӯро пешвоз гиранд, тамоми корҳояш анҷоми нек меёбанд. Дар биҳишт гаштугузор карданро хоб дидан нишонаи афзудани ризқу рӯзӣ аст. Шахсе, ки дар дилаш тарсу ҳарос дорад, дар хобаш вориди биҳишт гардад, агар эҳсоси хавотирӣ дошта бошад, аз ташвишу изтироб раҳо меёбад, рафту муҷаррад бошад, оиладор мешавад.

Бобо

Нафаре, ки дар хобаш бобо мешавад, умри дароз мебинад ва шаъну шарафаш меафзояд. Рафту бобо дар хоб фавтад, саъю кӯшиши инсон дар зиндагӣ кам мегардад.

Боди шикам

Боди шикам дар хоб нишонаи сухани қабеҳу беақлона ва беадабона гуфтан аст.

Борон

Агар борон дар хоб ба касе зарар нарасонад, нишонаи комёбӣ, молу мулк, некӯкории инсон аст. Рафту борон дар хоб зиёновар бошад ё аз осмон санг борида ё хун мечакида бошад, маънои гуноҳ содир кардану аз фармудаҳои Худованд сарпечӣ кардан аст. Борони бошиддат ва давомнок аз зиёд гаштани ҳосил ва пастшавии нарху навои маҳсулоти хӯрока ишора мекунад. Баъзан борон дар хоб ҳушдор аз Худованд аст.

Бозгашт аз сафар

Аз сафар баргаштан маънои аз ғаму ташвиш ва бадбахтиҳо раҳо ёфтанро дорад. Чунин хоб баъзан метавонад нишонаи аз гуноҳҳои содирнамуда пушаймоншавии шахси хобдидаро таҷассум намояд.

Бозӣ

Дар хоб бозӣ кардан нишонаи худфиребӣ ва дурӯғ, масхара ва таҳқир аст. Ҳамзамон бозӣ дар хоб аз расму таомули диниро пурра ба анҷом нарасонидан далолат медиҳад. Қиморбозӣ дар хоб нишонаи бадбахтӣ ва ҷазо асту аз пайдо кардани душман ва муноқиша бо дӯстон далолат медиҳад.

Бозор

Бозор дар хоб асосан ба маънои фиреб, гуноҳ, бероҳагӣ, ғаму ташвиш аст, зеро дар бозор чунин амалҳо зиёд ба чашм мерасад. Нафаре, ки дар хобаш дар бозор бо садои баланд номи Оллоҳро ба забон меорад, даст ба кори нек зада, бадиву гуноҳро пешгирӣ менамояд. Ҳар бозор дар хоб таъбири худро дорад. Бозори китоб дар хоб нишонаи ба роҳи ҳақ сафарбар шудан ва пушаймонӣ аст. Бозори доруворӣ дар хоб ба маънои шифо барои бемор аст. Бозори маводҳои хуштамъкунанда нишонаи имон ва Худотарсӣ аст. Тиллобозор дар хоб таҷассумгари хушҳолӣ, зебоӣ ва зан аст. Бозори атриёт аз шунидани хабари хуш ва сухани гуворо дарак медиҳад. Бозоре, ки дар он яроқ фурӯхта мешавад, нишонаи ҷанг ва ба душман ғолиб омаданро дорад. Бозори сабзавоту моҳӣ нишонаи ба даст овардани даромади мунтазам аст. Бозори гӯшт дар хоб нишонаи ғаму ташвиш аст. Бозори мева бошад, аз аъмоли нек шаҳодат медиҳад. Бозори тахта дар хоб нишонаи дурӯягӣ дар дин аст. Бозоре, ки дар он хайма мефурӯшанд, нишонаи сафару саёҳат аст. Хоб дидани сӯхтор дар бозор аз дурӯягӣ ва бевиҷдонии савдогарони он дарак медиҳад. Дар хоб вориди бозор гаштан маънои дар бедорӣ вориди масҷид шуданро дорад.

Боигарӣ

Ҳар нафаре, ки худро дар хоб сарватманд мебинад, аз ками худ қаноат мекунад, зеро қаноатмандӣ аз ризқи ёфтаи худ давлат аст.

Боимҷон

Ҳар нафаре, ки дар хоб боимҷон мебинад, баъди хастагии зиёд дар зиндагӣ муваффақ мегардад.

Бӯй

Бӯйи хуш дар хоб нишонаи ситоиш, ҳарфу кори нек асту бӯйи нохуш нишонаи баръакси ин гуфтаҳоро дорад.

Бом

Бом дар хоб рамзи бурдборӣ, хушбахтии оилавӣ ва шукуфоӣ аст.

Бори вазнин

Бори вазнин кашидан дар хоб баъзан гуноҳҳои содирнамуда асту гоҳи дигар нохушӣ ва муҳтоҷӣ аст. Барои зан чунин хоб нишонаи ҳомиладорӣ ё шавҳари бад аст. Шахсе, ки дар хобаш ҳезум мекашад, дар бедорӣ ғайбат, туҳмат ва дурӯғ мегӯяд.

Борон

Агар борон дар хоб ба касе зарар нарасонад, нишонаи комёбӣ, молу мулк, некӯкории инсон аст. Рафту борон дар хоб зиёновар бошад ё аз осмон санг борида ё хун мечакида бошад, маънои гуноҳ содир кардану аз фармудаҳои Худованд сарпечӣ кардан аст. Борони бошиддат ва давомнок аз зиёд гаштани ҳосил ва пастшавии нарху навои маҳсулоти хӯрока ишора мекунад. Баъзан борон дар хоб ҳушдор аз Худованд аст.

Боронӣ

Боронӣ (плащ) дар хоб қадру манзалати инсонро таҷассум менамояд.

Ботлоқ

Ботлоқро хоб дидан маънои бебарорӣ дар кор аст.

Бофанда

Бофанда дар хоб нишонаи кори зиёд, эҳтимол кори сохтмон аст. Дар хоб бофтан аз сафар кардану муноқишаву низоъ дарак медиҳад.

Бут, санам

Дар хоб ба бути тиллоӣ саҷда кардан маънои дар миёни нафарони гунаҳкор ва ашхосе, ки бо рафтори нораво ғазаби Худовандро овардаанд, қарор доштан аст. Нафаре, ки чунин хоб мебинад, вазъи молиявиаш хароб мегардад. Ба бути нуқрагин саҷда кардан бошад, маънои онро дорад, ки рӯзҳои наздик гирифтори хиёнат, бевафоии шахси дӯстдошта, шавҳар ё зан мегардед. Ба бути дигар ё бути чӯбин саҷда кардан ба хотири нафари мунофиқе аз дини худ рӯ тофтан аст. Рафту дар хоб бутро дида, ба он саҷда накунед, ба сафари роҳи дур мебароед ё боигарӣ насибатон мегардад. Дар хоб ба оташ саҷда кардан маънидодкунандаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба шайтон саҷда мекунад (яъне, фармудаҳои ӯро иҷро карда, даст ба гуноҳ мезанад) ва гирифтори хашму ғазаб мегардад. Ба дарахту ба ситора саҷда кардан аз заиф гаштани имон шаҳодат медиҳад.

Буз

Буз дар хоб мисоли таъбири хоби гӯсфандро дорад. Баъзе уламо ҳаминро илова кардаанд, ки буз дар хоб аз муошират намудан бо шахси беақл ва ҷоҳилу бадсурат огаҳ месозад. Бузи фарбеҳу думбадор дар хоб нишонаи боигарӣ асту бузи лоғар таъбири баръаксро дорад.

Бӯйкашӣ

Дар хоб бӯй кашидани гул нишонаи нек буда, рамзи лаззату ҳаловат ва осудагии хонаводагӣ аст.

Булбул

Булбул дар хоб хизматгори хуб, сардор, роҳбар, зан ё ғуломе аст, ки барору бурдборӣ меорад. Шунидани садои булбул дар хоб башорат аз тавлиди тифле аст, ки дар оянда қории қуръон мегардад.

Бум

Бум дар хоб ба танҳоиву ғаму ғусса, тарс ё дузди ботаҷрибае ишора мекунад, ки зарараш ба шахси хобдида мерасад.

Бунафша

Бунафша дар хоб ҳамчун шиносоӣ бо намояндаи ҷинси муқобил таъбир мегардад.

Буридан

Дар хоб бурида шудани даст маънои онро дорад, ки шахси дасташ буридашуда ба хайру садақот ниёз дорад. Бурида шудани даст якҷоя бо пой аз заифии дину мазҳаб дарак медиҳад. Бурида шудани забон бекор сохтани далелу бурҳон аст ё шахси чунин хобдида хайру некӣ мебинад. Нафаре, ки дар хоб узвҳои бадани худро бурида хоб мебинад, ба сафар мебарояд ва аз наздикони худ ҷудо мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Наргис 2023-06-22, 13:49
Дар хоб зани пешинаи шавхарамро дидам бо бахонаи писарашро дидан ба у дуруг гуфтам,Ки Ман розиям ,Ки шавхарам бо у бошад. Такте,ки ба хонаи вай зан рафтам хешу таборонаш фахмида дастархон оростанд. Аз кучое шавхарам хам омад хамааашон хурсанд буданд. Ман ба рахти хоби кудак рафта уро дидам рост капида ба у Назар кардам муйи сари вай чингилаю дароз буд ва монанди писарони Ман дар пушти китфи чапаш Холи догин дошт. Сипас Ман ба шавхарам гуфтам Ман шухи кардам аз хонаи вай занак баромада рафтам,шавхарам бошад дар ончо монд. Хобам чи маьно дошта бошад.хани гуфтагима зани дуюми шавхарам буд уро талон додаги мебршад.
Посух
Маҳкамбой 2023-08-06, 12:27
Дар хоб дидам ки дар руи барф роҳ гашта истодаам,баногоҳ барф об шуду замин хушк шуд ва ман дар болои хушки ҳаракатамро давом додам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Наргис 2023-06-22, 13:49
Дар хоб зани пешинаи шавхарамро дидам бо бахонаи писарашро дидан ба у дуруг гуфтам,Ки Ман розиям ,Ки шавхарам бо у бошад. Такте,ки ба хонаи вай зан рафтам хешу таборонаш фахмида дастархон оростанд. Аз кучое шавхарам хам омад хамааашон хурсанд буданд. Ман ба рахти хоби кудак рафта уро дидам рост капида ба у Назар кардам муйи сари вай чингилаю дароз буд ва монанди писарони Ман дар пушти китфи чапаш Холи догин дошт. Сипас Ман ба шавхарам гуфтам Ман шухи кардам аз хонаи вай занак баромада рафтам,шавхарам бошад дар ончо монд. Хобам чи маьно дошта бошад.хани гуфтагима зани дуюми шавхарам буд уро талон додаги мебршад.
Посух
Маҳкамбой 2023-08-06, 12:27
Дар хоб дидам ки дар руи барф роҳ гашта истодаам,баногоҳ барф об шуду замин хушк шуд ва ман дар болои хушки ҳаракатамро давом додам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД