Arzon march 2024
Хобномаи исломӣ ҳарфи - Д
208912

 Дандон

Дандон дар хоб оила асту дандони ашк сарвари хонадон. Дандонҳои болоӣ – мард асту дандонҳои поёнӣ зан. Набудани як дандон дар хоб маънои онро дорад, ки як аъзои оила кам мешавад. Нафаре, ки дар хоб тамоми дандонҳои худро рехта мебинад, умри дароз мебинад ва дар оила аз ҳама охир реҳлат менамояд. Дандонҳои тарафи рост маънои падарро доранду дандонҳои чап амакро. Рафту падару амак дар қайди ҳаёт набошанд, пас чунин хоб ба маънои хешовандони наздик ё дӯстон аст. Дандони нуқрагин дар хоб шаҳодати аз даст додани дороиро дорад. Дандони тилло маънои онро дорад, ки дар миёни наздикони шумо нафарони донову боистеъдод ҳастанд. Чунин хоб аз беморӣ ё сар задани сӯхтор низ дарак медиҳад. Тозагӣ ва сафедии дандон нишонаи қадру қимат ва манзалати оилаи шумо аст. Дандон задан ё калон шудани ҳаҷми дандон дар хоб нишонаи сар задани ҷанҷол ва хусумат миёни аъзоёни оила аст.

Дар

Дарро хоб дидан ҳамчун сарчашмаи даромад таъбир мегардад. Аз дари танг ба ҷои кушоду барҳаво баромадан нишонаи аз камбағалӣ ба дороӣ расидан аст. Қисмати болоии дари хона маънои шавҳар ва қисмати поёнияш маънои занро дорад. Нафаре, ки хонаи худро дар коми оташ хоб мебинад, дучори бадбахтӣ мегардад. Дари хонаи худро дар хоб ивазшуда дидан, маънои фурӯхтани хонаро дорад. Рафту мард чунин хоб бубинад, баъди аз занаш ҷудо шудан, занаш шавҳари дигар мекунад. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки дари кушода хоб дидан маънои хабари хуш шуниданро дораду дарҳои баста аз сар задани ҳодисаҳои ногувор нишона аст. Дар хоб аз дар ё дарвозае ворид гаштан ба комёбӣ расидан ё муваффақ шудан аст. Мард агар дари борик хоб бубинад, аз хиёнати занаш хабар меёбад.

Дара, водӣ

Дараву водӣ дар хоб нишонаи сафари дарозмуддатро дорад. Нафаре, ки худро дар дараи беҳосил хоб мебинад, дар бедорӣ сафари Ҳаҷ мекунад. Шахсе, ки дар хобаш дар дараву водӣ роҳгум мезанад, бо шеърэҷодкунӣ машғул мешавад. Боз мегӯянд, ки дар хоб дар водӣ гаштан маънои онро дорад, ки шахси хобдида як гап мегӯяду рафтори дигар мекунад.

Дарахт

Дарахт дар хоб нишонаи ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозира аст. Дарахти бегонаро хоб дидан аз изтироб ва бадбахтӣ дарак медиҳад. Баъзан дарахт дар хоб хислатҳои инсонро фош месозад. Масалан, агар нафаре хоб бубинад, ки аз дарахте меваи бисёр чидааст, аз нафаре туҳфаву боигарии зиёд мегирад, ки хислаташ амсоли ҳамин дарахт аст. Дарахти сабзу хурам дар хоб рамзи комёбӣ, барор ва шодкомӣ аст, дарахти бе барг рамзи ғаму андуҳ ва беморӣ аст, дарахти меваҳояш овезон рамзи сарсабзӣ. Дарахти бурида таҷассумгари талафоти вазнин ва бадбахтӣ аст.

Дарвоза

Дарвозаи шикаста дар хоб нишонаи бадбахтӣ ва мусибат аст, ки ба сари сарвари хонадон меояд. Рафту дарвоза наву пур аз нақшу нигор бошад, сарвари оила ба хушнудӣ мерасад.

Дарахти анор

Дар хоб дидани анор пул ба даст овардан аст. Баъзан анор маънои занро дорад. Агар анор дар хоб ба маънои зан омада бошад, пас анори пурра маънои духтари бокираро дорад.

Дарахти нахл (палма)

Дарахти нахл дар хоб ба маънои уламо аст, ҳамзамон таҷассумгари фарди мусалмонест, ки ба одамон фоида меорад. Боз дарахти нахл нишонаи дарозумрӣ, хушҳолӣ, пешравӣ, издивоҷ ва тавлиди фарзандон аст.

Даравгар, доскаш

Нафаре, ки дар хобаш даравгарро мебинад, дучори балво гашта, ташвиши зиёдеро аз сар мегузаронад.

Дард

Дарди миён дар хоб ишора ба он аст, ки наздикони худро нороҳат месозед. Дарди пой дар хоб аз амалҳои ғайришаръӣ дарак медиҳад. Дарди ҷигар нишондиҳандаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба фарзанди худ зарар расонида, ӯро меранҷонад. Дарди дил нишонаи бе имонӣ дар дин аст.

Дарозии қад

Нафаре, ки дар хобаш ниҳоят қадбаланд мешавад, донишу сарвати худро зиёд мегардонад. Қади дароз нишонаи дарозумристу қади паст нишонаи кӯтоҳумрӣ. Агар нафари қадбаланде дар хоб қади худро паст бубинад, нишонаи нек надорад, зеро он таҷассумгари камшавии шаъну шараф ё наздикшавии рӯзи марг аст.

Дастфишорӣ

Дастфишорӣ дар хоб нишонаи муҳаббат, авфи гуноҳҳо ва дар коре гузашт кардан аст. Дар хоб дасти душмани худро фишурдан шаҳодати ба наздикӣ бо ҳам оштӣ шуданро дорад. Дар ҳадиси Пайғамбар гуфта мешавад:”Дастфишорӣ меҳру самимият ва дилбастагиро афзун мегардонад”.

Дастбандӣ

Дастбандӣ дар хоб маънои ба даст овардани пул бо роҳи ҳаром аст. Нафаре, ки дасти худро ба гардан баста хоб мебинад, боигарие ба даст меорад, ки аз он закот намедиҳад. Дастони худро баста хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида хеле зихна аст.

Дастурхони пур

Дастурхону пурнозу неъмат дар хоб ҳамчун зиндагии серу пур, ҷашну хурсандии оилавӣ таъбир мегардад.

Даспона

Дар хоб даспона пӯшидани мард нишонаи дилсӯзӣ ва ғамхорӣ аст. Агар зан даспона пӯшад, хушнуд мегардад. Пӯшидани даспонаи нуқрагин нишонаи пурзӯрии имон аст. Пӯшидани даспонаи тиллоӣ аз содир намудани гуноҳ хабар медиҳад. Агар мард дар хобаш аз оринҷ боло даспона пӯшад, пас имконият ва нуфузи бародараш меафзояд. Рафту даспона шаддаҳои алоҳида дошта бошад, инсон гирифтори ташвишҳои зиёдатӣ мегардад, ки бо хоҳар ё бародараш алоқаманд аст.

Дастагул

Дастагул аз гулҳои тару тоза нишондиҳандаи он аст, ки имкониятҳои наве пешорӯи шумо меоянд. Дастагули гулҳои хушк аз хиёнати шахси наздик гувоҳ аст.

Даҷҷол

Даҷҷол дар хоб ба ҷодугарӣ, фиребу найранг, ҳукмрон гаштани душманон ишора мекунад.

Дафн, ҷаноза

Нафаре, ки худро фавтида хоб мебинад, ба сафари роҳи дур мебарояд ва он ҷо сарватманд мегардад. Худро зинда дафншуда хоб дидан маънои маҳбасӣ шудан ва аз ҷониби нафарони бадхоҳ зулм диданро дорад. Дар хоб баъди дафн шудан фавтидани инсон нишонаи ба мушкиливу ғам дучор шуданро дорад. Шахсе, ки дар хобаш баъди фавтидан аз гӯр берун мешавад, назди Оллоҳ тавбаву тазарруъ менамояд.

Дафтар

Дафтар дар хоб ба фоидаи зиёд ва маблағи пулӣ ишора мекунад.

Девонагӣ, ҷунун

Дар хоб девонаву ҷунун будан аз пули беадолатона ба даст овардашуда дарак медиҳад, ҳар қадаре инсон дар ҳоли ҷунун зиёдтар қарор дошта бошад, ҳамон андоза пули ҳаром ба даст меорад. Вале агар зан чунин хоб бубинад, маънои онро дорад, ки соли пурфайзу серҳосил меояд. Девонагии кӯдак дар хоб аз боигарии падар мегӯяд.

Девор

Нафаре, ки дар хоб ба девор такя мекунад, дар зиндагӣ аз шахси воломақоме вобаста мегардад. Дар назди худ девор хоб дидан ҳушдор аз мушкиливу хатарҳои дар пешистода аст. Аз девор афтидан дар зиндагӣ гуноҳи бузург содир кардан ва барои ин ҷазо гирифтан аст.

Дег, дегча

Дег дар хоб ба маънои олим аст, нафаре, ки дар хобаш дар дег ягон чиз мепазад, соҳиби дороии зиёде мегардад. Хоб дидани гӯшт ва шӯрбо дар дег ин пули ҳалол ба даст овардашуда, инчунин сухан ва муноқиша аст.

Деҳот

Деҳот дар хоб нишонаи беадолатӣ ва марг аст. Нафаре, ки дар хоб аз деҳот берун мешавад, дину мазҳабаш мустаҳкам мегардад. Шахсе, ки дар хоб аз деҳот ба шаҳр меояд, аз хастагӣ ба оромиш ва аз тарс ба оромиву бехатарӣ мерасад ва баръакс. Баъзеҳо бар онанд, ки дар хоб аз деҳа берун шудан маънои аз нохушиҳо эмин мондан асту ба деҳа ворид гаштан нишонаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба ҷои фоида зарар ба даст меорад. Деҳаи холиву вайрона дар хоб нишонаи муноқиша ва ҷанҷол бо роҳбарият аст.

Дил

Дил дар хоб таҷассумгари ҷасорат, нармдилӣ ва ҷуръати инсон, саховатмандӣ ва ҳамдиливу хислати нек аст. Шахсе, ки дар хоб дар дили худ тарсу ҳаросро эҳсос мекунад, ба роҳи ҳақ сафарбар мегардад.

Доира, даф

Аксаран дар хоб дидани доира, нишонаи оиладор шудан аст. Агар дар хоб доира дар дасти зан бошад, соли пурнишоту такрорнашаванда меояд.

Домод

Агар нафаре худро дар хоб бо либоси домодӣ бубинаду арӯс яке аз шиносҳояш бошад, оиладор мешавад ё ба бузургӣ мерасад. Рафту арӯс ношинос бошад, пас шахси чунин хобдида мефавтад ё ӯро ба ҳалокат мерасонанд.

Дона, гандум

Гандуми нав дар хоб башорати некӣ асту гандуми хушк таъбири баръаксро дорад. Ҳар нафаре, ки дар хоб гандуми тару тозаро истеъмол мекунад, аз дину оини худ некӣ мебинаду дороӣ насибаш мегардад. Ҳамчунин гандум дар хоб нишонаи ҳосили хуб ва амалӣ гардидани нақшаҳо аст. Сабз гаштани гандум дар хоб муждаи нек аст. Харидани гандум аз гум шудани пул ё зиёд гаштани сафи фарзандон дар оила шаҳодат медиҳад. Нафаре, ки дар хоб ҷав кишта, гандум медаравад, нишонаи шарру бадии пинҳонӣ аст ва дар сурате, ки ба ҷои гандум ҷав бирӯяд, аз некии пинҳонӣ хабар медиҳад.

Доруворӣ

Нафаре, ки дар хобаш дору истеъмол мекунад, дар сурате, ки дорувориро бо осонӣ фурӯ барад, ҳамеша солим мегардад. Бо душворӣ истеъмол намудани дору дар хоб аз хурӯҷи бемориҳо дарак медиҳад. Умуман дидани ҳама гуна доруворӣ дар хоб ба ягон беморӣ ишора мекунад. Дар хоб ба нафаре сӯзандору гузаронидан маънои ба зиндагии покиза ва бегуноҳ рӯ овардан аст. Баъзеҳо бар онанд, ки чунин хоб нишонаи ба қаҳру ғазаб гирифтор шудани шахси хобдидаро таҷассум мекунад. Ба бинӣ чаконидани дору дар хоб асабоният аст.

Дорухона

Рафту бемор дар хоб дорухонаро бубинад, ба зудӣ шифо меёбад. Агар шахси солим дорухона хоб бинад, бемор мегардад.

Дуд

Дуд дар хоб азоб, ҷазо, ҳаросонӣ ва бадбахтӣ аст. Агар нафаре хоб бубинад, ки аз хонааш дуд мебарояд, дар манзили ӯ баъди ҷанҷолу тӯпаланг оромиву нишот фаро мерасад.

Дӯкон

Дӯкон дар хоб зану фарзандон, ҳаёту марг, дороӣ ва давлат аст. Баъзан дӯкон дар хоб ба маънои падару модар меояд, зеро бо шарофати волидон мо ба дунё омада, ба воя мерасем. Ҳама гуна беҳбудӣ ё харобот, бузургшавӣ ё хурдшавии дӯкон ба шахси хобдида дахл дорад. Нафаре, ки худашро дар дохили дӯкон хоб мебинад, хушиҳои дунё насибаш мегардад.

Дузд

Дузд дар хоб ишора ба шайтон аст. Баъзе аз уламо мегӯянд, дар хоб дидани дузд расидани зиён ё талафот аст. Агар дузд ягон чизро аз хона барад, маънои онро дорад, ки дар хонаи нафари чунин хобдида нафаре реҳлат менамояд. Агар дузд аз хона бо дасти холӣ барояд, пас нафаре аз аҳли ин хонадон дар дами марг қарор мегирад, вале оқибаташ ба хайр мешавад.

Дум

Дум дар хоб ҳамчун пайрав таъбир мегардад. Нафаре, ки худро думдор хоб мебинад, пайравони зиёде пайдо мекунад.

Дуо, дуохонӣ

Нафаре, ки дар хобаш ба даргоҳи Худо дуо мекунад ё дигарон барояш даст ба дуо мебардоранд, хушбахтиву нишот насибаш мегардад. Рафту бубинад, ки дар торикӣ даст ба дуо мебардорад, аз ташвишу тарс раҳо меёбад.

Дуредгар

Дуредгар дар хоб шахси хушахлоқест, ки одамонро ба ахлоқу одоби ҳамида даъват мекунад, зеро дуредгар дарахтро суфтаву ҳамвор месозад, ҳама гуна ашёи чӯбин дар хоб ҳамчун дурӯягӣ ва аз дин рӯ гардонидан таъбир мегардад. Гоҳо дуредгар дар хоб лаҷом задану нигоҳ доштани нафарони дурӯя ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан аст. Дар хоб дидани дуредгаре, ки киштӣ месозад, нишонаи ба сафар баромадан аст, дуредгаре, ки дар месозад, ба маънои зану фарзанд таъбир мегардад.

Дурӯғ

Дурӯғ дар хоб нишонаи бебарорӣ ва бадахлоқӣ аст.Дӯст

Дӯстро дар хоб дидан маънои онро дорад, ки бо нафаре суҳбати ширин мекунед.

Духтар

Агар марде духтари зебо хоб бубинад ё худро ҳамоғӯши духтаре бубинад, соҳиби неъматҳо мегардад. Мард агар хоб бубинад, ки духтарчадор шудааст, хушҳолӣ насибаш мегардад. Рафту мард хоб бубинад, ки соҳиби писар шудааст, ғаму андуҳ насибаш мегардад. Духтари хурсанду хушҳолро хоб дидан аз шодиву нишот дарак медиҳад. Духтари бадҷаҳлу бадқавоқро хоб дидан аз хабари баду ташвишомез шунидан дарак медиҳад. Агар нафаре духтари хоксорро бо либоси одӣ хоб бинад, хабари хуш мешунавад. Духтарро бо либоси ношоиста хоб дидан нишонаи шунидани хабари хуше аст, ки сабабгори амалҳои ношоиста мегардад. Духтари лоғар дар хоб ҳаяҷон ва камбағалӣ аст. Мард духтари урён хоб бинад, дар тиҷорат ӯро нобарорӣ интизор аст. Рафту мард муътақид бошад, ки он духтар бокира аст, дар тамоми корҳояш муваффақ мегардад. Рафту дар хоб духтар ба пиразан мубаддал гардад, ин ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагӣ ишора мекунад.

Духтур

Агар нафари бемор дар хобаш назди табиб равад, аз беморӣ шифо меёбад, рафту шахси сиҳат ба назди духтур равад, бемор мешавад, хусусан агар духтур барояш дору нависад. Дар хоб дидани духтур аз вохӯрӣ бо ягон олим ё мутахассиси варзидаву донишманд дарак медиҳад, ки аз муошират бо ин шахсият бояд барои худ фоида ба даст оварда тавонед. Агар дар хобатон духтуре кафан мефурӯхта бошад, аз ин қотил эҳтиёт шавед, ӯ ба касби худ хиёнат мекунад. Агар кафани фурӯхтаистодаи духтур печонида шуда бошад, пас ӯ дар фурӯши дору қаллобӣ мекунаду аксарият ба домаш афтидаанд. Рафту нафаре хоб бубинад, ки духтур касби чармгариро пеша намудааст, ин ба ҳунару кордонии ӯ ишора мекунад, агар чармҳои духтур пӯсида бошанд, ин духтур ҷоҳил ва қаллоб аст.

Душманӣ

Дар хоб бо нафаре душманӣ кардан маънои онро дорад, ки дар бедорӣ бо он нафар оштӣ шуда, дӯстӣ барқарор мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Шахло 2023-05-31, 10:30
Ассалому алакйкум чадо дар инчо даре нест?
Посух
Робия 2023-09-26, 21:27
Дарё
Посух
Дар мазор 2023-10-10, 22:17
Дар мазор
Посух
Фаридун 2023-10-14, 12:13
Дар хоб нафарере дидам ки ба МАН хеле обзор дома буд пушаймонаст чи табир дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Шахло 2023-05-31, 10:30
Ассалому алакйкум чадо дар инчо даре нест?
Посух
Робия 2023-09-26, 21:27
Дарё
Посух
Дар мазор 2023-10-10, 22:17
Дар мазор
Посух
Фаридун 2023-10-14, 12:13
Дар хоб нафарере дидам ки ба МАН хеле обзор дома буд пушаймонаст чи табир дорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД