Шаб хоби дашҳатноке дидам. Аз тарс дилам қариб аз кор монда буд. Дар хоб бо сару рӯйи хуншор дар даруни ҳавзи пур аз хун хобида будам ва касе ба имдодам намерасид. Сахт хавотирам, ки ягон фоҷиа ба сарам наояд. Илтимос, таъбири хоби маро нависед!
Давлат, сокини н. Варзоб.
Посух:
Бародари азиз, Давлат! Ба таҳлука наафтед, зеро хоби дидаи шумо ягон хосияти бад надорад ва фоҷиае низ ба думбол намеорад, баръакс ин хоб фоли нек ва хурсандиовар аст. Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, «Касе хоб бубинад, ки дар ҳавзи хун афтодааст, боигарии зиёд ба даст оварда, одами сарватманд ва соҳиби эҳтирому обрӯ мегардад». Доғи хун дар хоб чандон хосияти хуб надорад. Хоб бубинед, ки куртаатон пур аз доғи хун аст ва надонед, ки дар куҷо хунолуд гаштааст, эҳтимол ба туҳмате гирифтор мешавед ва исбот намудани бегуноҳиатон барои шумо душвор мегардад. Мард, агар хоб бубинад, ки хуни одамӣ нӯшида истодааст, бой мешавад, вале сарваташ аз роҳи ҳаром ба даст хоҳад омад. Рафтани хуни бинӣ дар хоб низ рамзи давлати бо роҳи ғайри шаръӣ ба даст омада мебошад.